Барои истифодаи сигор ва системаҳои электронии таҳвили никотин (сигори электронӣ) дар кӯча, варзишгоҳ, хиёбон, боғ, дар дохили ҳама намудҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки аз 216 то 360 сомониро ташкил мекунад, ҷарима муайян шуд. Қаблан аз 72 то 216 сомонӣ ҷарима муқаррар гардида буд.

Мувоффиқи моддаи 463 банди 1‑и Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ ва маъмурӣ барои муомилот ва фурӯши маҳсулоти тамоку ва сигорҳои электронӣ бо истифодаи воситаҳои худкор, дастӣ ва дар ҷойҳое, ки барои савдо пешбинӣ нашудаанд, ҷарима муайян шудааст:

Ҷарима ба шахсони воқеӣ: аз 360 то 504 сомонӣ (қаблан аз 216 то 360 сомонӣ),

Ҷарима ба соҳибкорони инфиродӣ: аз 3 ҳазору 600 то 7 ҳазору 200 сомонӣ,

Ба шахсони ҳуқуқӣ: аз 7 ҳазору 200 то 14 ҳазору 400  сомонӣ.

Инчунин ба банди 2 қисми 1‑и моддаи мазкур барои фурӯши чаканаи маҳсулоти тамоку ва сигорҳои электронӣ дар сатҳи тиҷоратӣ тариқи берун мондан ва намоиш додани он:

Ба соҳибкорони инфиродӣ: аз 7 ҳазору 200 то 14 ҳазору 400 сомонӣ,

Ба шахсони ҳуқуқӣ: аз 14 ҳазору 400 то 21 ҳазору 600 сомонӣ (қаблан аз 10 ҳазору 800 то 18 ҳазор сомонӣ), ҷарима муайян шудааст,

Бояд зикр намуд, ки қонун “Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маснӯоти тамоку” аз аввали соли 2011 амалӣ мегардад, ки он замон як нишондиҳанда ба 35 сомонӣ баробар буд. Дар соли 2017 лоиҳаи нави қонун қабул гардид, ки нисбат ба қонуни қаблӣ, қоидаҳои истеъмоли тамокуро дар кишвар сангинтар намуд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 8‑уми май аз тарафи Маҷлиси намояндагон ба тарҳи як қатор қонунҳо тағйиру илова пешниҳод шуд, ки рӯзи 19‑уми июн Маҷлиси Миллӣ низ онро ҳимоя кард. Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 20-уми июн ба тағйиру иловаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла ба тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ имзо гузошт ва он рӯзи 22-юми июн дар нашрияи расмии кишвар ‑ “Ҷумҳурият” нашр гардид ва ҳукми иҷро пайдо кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.