Тайи шабонарӯзи гузашта дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳии Тоҷикистон ҳодисаҳои селфароӣ ба қайд гирифта нашуда, лекин дар минтақаи шарқи ҷумҳурӣ сатҳи оби дарёи боло рафта, заминҳои кишт зери об монданд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, дар дигар ноҳияҳо, ки қаблан аз офатҳои табиӣ осеб дида буданд, корҳои рафъи оқибатҳои офат ва барқароркунӣ ҷараён дошта, дар шаҳри Душанбе ҷасади мардеро, ки ҳанӯз дар моҳи май нопадид шуда буд, пайдо ва аз дарё берун оварданд.

Тоҷикобод

Рӯзи 2 июл дар маҳалли «Регак»-и ҷамоати деҳоти Ширинчашма бар асари боло рафтани сатҳи об канали Сурхкӯл осеб дид. Дар натиҷа, заминҳои картошкаи 6 хоҷагии деҳқонӣ қисман зери об монд.

Дар ҷои ҳодиса Комиссияи фавқулодаи ноҳия кор мекунад. Талафоти ҷонӣ ба қйд гирифта нашудааст.

Нуробод

Дар километри 119-уми шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш, ки бар асари омадани сел роҳ баста шуда буд, корҳои барқарорсозӣ бо истифода аз 4 адад техникаи муҳандисӣ идома дорад.

Сурат аз КҲФ ҶТ

Айни замон барои ҳаракати мошинҳо роҳи иловагӣ боз гардид ва корҳои бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ идома дорад.

Сангвор

Дар ҳудуди деҳаи Ёзганди ҷамоати деҳоти Тавилдара, ки 1 июл бар асари омадани сел зарар дида буд, корҳои барқарорсозӣ идома доранд.

Тибқи маълумоти Комиссияи ҳолатҳои фавулода, дар натиҷаи омадани сел дар ин ҷо 42 хоҷагӣ, аз ҷумла 13 бинои истиқоматӣ, 18 иншооти ёрирасон ва 11 қитъаи замин зарар дидааст.

Сурат аз КҲФ ҶТ

Хоҷагиҳои зарардида ва таҳдид ба хатар ба ҷои бехавф кӯчонда шуданд. Ҳамзамон таъмини ин хонаводаҳо бо ғизо ба роҳ монда шуд.

Ба оилаҳои зарардида аз ҷониби КҲФ, шарикони байналмилалӣ ва шахсони дигар дар шакли бастаҳои беҳдоштӣ, орд, равған, макарон, дигар маҳсулоти хӯрокворӣ ва маводи рӯзгор кӯмак расонида ш

Душанбе

Рӯзи 3 июл дар дарёи Душанӣбе дар наздикии ҳудуди Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 як ҷасад дарёфт шуд.

Сурат аз КҲФ ҶТ

Маълум шуд, ки вай як сокини 62-солаи деҳаи Даҳанаи ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб будааст. Номбурда рӯзи 5 майи соли 2024 ҳангоми чорвочаронӣ дар сел нопадид шуда будааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.