Дар соли 2024 як қатор чеҳраҳои шинохта ва барои рушди ҷомеаву давлати Тоҷикистон хидмати мондагор анҷомдода ин дунёро падруд гуфтанд, ки барои ҷомеаи кишвар талафоти гарон буд.
“Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки ба соли сипаригардида назар кунад ва аз чеҳраҳои шинохтаи миллат, ки дар соли 2024 дунёро тарк карданд, ёд оварад.
Фарҳанг
Дар соли 2024 аҳли фарҳанги кишвар нахуст бо Вафо Назаров, Рассоми халқии Тоҷикистон ва раиси Академияи мусаввирии кишвар хайрбод гуфтанд. Ӯ 12-уми январ дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт.
Бештар аз як моҳ пас, 18-уми феврал миллати тоҷик бо Давлатманд Холов, овозхон ва фалаксарои номдори тоҷик хайрбод гуфт. Ӯ дар синни 74-солагӣ дар Душанбе чашм аз олам баст.
Даргузашти ӯро дӯстону ҳамовардонаш талафоти бузург барои санъати тоҷик унвон карда, гуфтанд, ки марҳум дар ҷаҳонӣ шудани фалак саҳми бориз гузошт ва баъди устод Одина Ҳошим фалакро дунявӣ кард.
Давлатманд Холов беш аз 50 соли умрашро сарфи санъат кард ва беш аз 200 оҳанг ба мерос гузошт. Сурудҳои маъруфи ӯ “Дилат раҳо кун, ошиқо”, “Сорбон”, “Орзуст”, “Шоҳ, паноҳам бидеҳ”, “Шаби ҳиҷрон” ва “Дур машав” маҳсуб меёбанд.
Баъди як рӯз, 19-уми феврал Лайло Шарифӣ, нахустин роҳбари дастаи ҳунарии “Гулшан” ва Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон дар 94-солагӣ дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон аз олам даргузашт. Ӯ ҳамчунин асосгузор ва аввалин роҳбари бадеии дастаи ҳунарии “Гулшан”-и телевизион ва радиои давлатии Тоҷикистон буд. Лайло Шарифӣ аз соли 1985 инҷониб дар Олмон мезист.
Як моҳ пас, 17-уми март Умар Зиёев, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз овозхонони шинохтаи тоҷик дар 73-солагӣ аз олам даргузашт. Мавсуф аз сарояндаҳои хушноми 50 соли охир буда, солҳо раҳбарии дастаҳои ҳунарии “Гулшан” ва “Сипар”-ро бар дӯш дошт.
Умар Зиёев дар солҳои 1980-ум бо сурудаҳои “Сад раҳ дар интизорат”, “Зулфи парешон” ва “Замини маҳбуб ва зодгоҳ” шӯҳрат ёфта, дар солҳои 2000-ум ба хондани сурудҳои ватанпарварона пардохт.
Дар охирин мусоҳибааш бо "Азия-Плюс" гуфта буд, бо сари баланд масъулияти ба дӯш доштаро ба поён расонид.
Баъди 9 рӯз, 26-уми март Муҳиддин Хоҷазод, нависандаи тоҷик дар 86-солагӣ дар шаҳри Хуҷанд дунёро падруд гуфт. Ӯ соли 2020 ҳамроҳи чанд узви оилааш ба бемории COVID-19 гирифтор шуда, ҳамсару келинашро аз даст дода, худ баъди табобати дарозмуддат шифо ёфта буд. Ба гуфтаи пайвандонаш, ӯ ду ҳафтаи пеш аз маргаш бемории бистарӣ будааст.
Тақрибан як моҳ пас, 23-юми апрел Игор Иванов, муҷассамасози шинохта дар 78-солагӣ дар Русия аз олам чашм пӯшида ва дар ҳамон ҷо ба хок супорида шуд. Ӯ дар Тоҷикистон зода шуда, дар ҳамин ҷо солҳо кору зиндагӣ кард ва соли 2022 бо оилааш ба Русия кӯч баст. Ӯ дар назди бинои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нимпайкараи Бобоҷон Ғафуровро сохтааст.
Субҳи 4 май Саъдулло Раҳимов, фарҳангшинос, муҳаққиқ, мунаққиди синамо ва доктори илмҳои фалсафа пас аз як ҷарроҳӣ дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. Саъдулло Раҳимов 73 сол дошт ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи соҳаи фарҳанг ва синамосозии Тоҷикистон ба шумул мерафт.
10 рӯз пас, 14-уми май Лолахон Сатторӣ, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва наттоқи машҳури тоҷик дар Душанбе аз олам даргузашт. Ӯ гӯянда, баранда, шореҳи барнома ва намоишҳои калонҳаҷми сиёсӣ дар радио ва телевизиони Тоҷикистон буда, иддае аз барномаҳояш дар “Хазинаи тиллоӣ”- и радиои Тоҷикистон ва видеотекаи телевизиони Тоҷикистон ҳифз гардидаанд.
4-уми июн Марворид Қосимова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва аввалин коргардонзани тоҷик дар шаҳри Мински Белорус аз олам даргузашт. Ӯ 86 сола буд ва дар даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон кишварро тарк карда, 30 соли охир дар Белорус зиндагӣ мекард.
Ӯ дар “Тоҷикфилм” як қатор филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ рӯйи саҳна оварда, дар чандин филмҳо худ нақш офаридааст.
Чанде пас, аҳли санъати тоҷик бо Парда Қосим, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва овозхони шинохтаи тоҷик хайрбод гуфтанд. Ӯ 21-уми июн баъди табобати дурударози бемории қанд дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯро дар қабристони Лучоб ба хок супориданд.
Парда Қосим асосан осори шуарои классик ва муосири тоҷикро оҳанг мебаст, ки “Бародарам”, “Тоҷикистон аз манӣ”, “Ман масту ту девона”, “Эй ошиқон”, “Юсуфи гумгашта”, “Борони найсон”, “Доғи ғурбат”, “Наврӯзи оворагӣ” аз таронаҳои маъруфи ӯ маҳсуб меёбанд.
3-юми июл Адҳам Холиқов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва операсарои машҳури тоҷик дар 76-солагӣ дида аз олам баст. Ӯ дар зиёда аз 30 спектакли операвӣ нақш офаридааст.
7-уми октябр Маҳкамбой Ҷалилов, директори “Тоҷикматбуот” дар 61-солагӣ вафот кард ва дар зодгоҳаш – деҳаи Ёрии шаҳри Панҷакент ба хок супорида шуд.
Даҳ рӯз пас, 18-уми октябр Мирзо Шукурзода, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар синни 75-солагӣ аз олам реҳлат кард. Ба ӯ камтар аз 2 моҳ пеш аз маргаш, 29-уми август унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон тақдим гардида буд. Ба қавли Абдураҳмон Абдуманнонов, мунаққиди адабиёт Мирзо Шукурзода “Тани танҳо кори Академия ва Иттифоқи нависандагонро анҷом дод”.
Ахиран 29-уми ноябр Файзигул Юсуфӣ (Юсупова), сарояндаи эстрадаи тоҷик дар 50-солагӣ дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон, ки бо мақсади ҷарроҳии қалб рафта буд, аз дунё даргузашт.
Ӯ шурӯъ аз солҳои 90 ба рақс ва овозхонӣ машғул буда, солҳои зиёд дар ансамблҳои Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Журналистика
Соли 2024 дар риштаи рӯзноманигорӣ низ як қатор собиқадорон дунёро падруд гуфтанд. Нахуст шоми 7-уми феврал Қутбиддин Мухторӣ, доктори илмҳои филологӣ ва устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар 54-солагӣ аз олам даргузашт.
Ба гуфтаи пайвандонаш, ӯ аз саломатӣ шикоят надошт, вале як рӯз пеш аз маргаш саломатиаш бад шуда, як шабонарӯз дар шуъбаи кардиалогияи беморхонаи “Шифобахш” бистарӣ ва дар он ҷо аз олам чашм пӯшид. Қутбиддин Мухторӣ аз соли 1998 то замони маргаш дар факултаи журналистикаи ДМТ ба рӯзноманигорони ҷавон дарс мегуфт.
Ду рӯз пас, 9-уми феврал Аваз Юлдошев, рӯзноманигори шинохта ва журналисти Оҷонсии иттилоотии "Азия-Плюс" дар 62 - солагӣ дунёро падруд гуфт.
Баъдан 2-юми май Сайфулло Маҳкамов, рӯзноманигори собиқадори кишвар, дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт ва ӯро дар зодгоҳаш, шаҳри Истаравшан ба хок супориданд. Ӯ солҳо сармуҳаррири рӯзномаи минтақавии “Корвони умед” дар Истаравшан буд. Ҳамчунин, муаллифи 32 китобу очерк аст.
31-уми октябр Гулчеҳра Фозилова, собиқадори матбуоти тоҷик ва дорандаи Ҷоизаи Лоҳутӣ дар 74-солагӣ аз олам чашм баст. Гулчеҳра Фозиловаро “духтари газета” мегуфтанд ва беш аз 50 сол дар рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” (собиқ “Комсомоли Тоҷикистон”) фаъолият дошт.
Илму адабу сиёсат
Соли 2024 чанде аз олимони соҳаҳои мухталифи илму адабу сиёсати кишвар дунёро падруд гуфтанд, ки марги ҳар яке аз эшон барои илми кишвар талафоти бузург арзёбӣ мешавад.
18-уми май Раҳматилло Зоиров, ҳуқуқшиноси варзида, мушовири пешини раиси ҷумҳур, муассис ва раиси Ҳизби сотсиал‑демократи Тоҷикистон дар синни 67‑солагӣ бар асари беморӣ аз дунё даргузашт.
15-уми август Заур Дахте, филмбардор ва аксбардори маъруфи тоҷик дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Варзоб ба ҳалокат расид ва 16-уми август ӯро дар оромгоҳи Сариосиёи Душанбе ба хок супориданд. Ӯ 88 сол дошт ва агар умр вафо мекард, пас аз ду рӯз 89-сола мешуд.
Гуфта мешавад, ки мошин таҳти идораи ӯ қарор дошта, ҳамсар ва фарзандаш ҳам дар он буданд, ки ҷон ба саломат бурданд.
Заур Дахте яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабу фарҳанги ду асри охир маҳсуб ёфта, дар хориҷа ҳам маъруфият дорад. Ӯ дар таҳияи беш аз 600 филми мустанад ширкат кардааст. “Одам пӯсташро иваз мекунад” ва “Рустам ва Суҳроб” беҳтарин филмҳое буданд, ки Заур Дахте ба унвони филмбардор саҳми бузург дорад.
27-уми сентябр Абдушариф Боқизода, ховаршинос, донишманд ва пажӯҳишгари улуми исломӣ дар синни 60-солагӣ аз олам чашм баст. Ӯ муаллифи чандин рисолаву асарҳои арзишманд, чун "Ислом раҳнамои халқҳо", "Таърихи ислом", "Ошноӣ бо Қуръон", "Имоми Аъзам бузургмарди таърихи башарият", "Фиқҳи исломӣ дар асоси мазҳаби ҳанафӣ", "Тафсири навини Қуръони карим" ва "Панднома ва ё насиҳатномаи Имоми Аъзам" аст.
Баъдтар 24-уми октябр Алмаз Сайфиддинов, шореҳи иқтисодӣ ва роҳбари пешини “Бунёди Сорос” дар Тоҷикистон, дар Амрико даргузашт. Ӯ моҳи августи соли ҷорӣ муқими Амрико шуда буд.
Алмаз Сайфиддинов аз ҷумлаи иқтисоддонҳои тоҷик буд, ки андешаҳояшро дар мавзуъҳои иқтисодӣ ва мушкили ҷомеа баён карда, дар "Фейсбук" саҳифаеро бо номи “Хабарҳои иқтисодии Тоҷикистон” роҳандозӣ карда буд ва ҳар навигарии иқтисодӣ ва андешаву таҳлилҳои худро онҷо нашр мекард
15-уми ноябр Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон дунёро падруд гуфт. Ӯ ҳудуди 20 сол дар бахшҳои гуногуни Академияи илмҳои кишвар фаъолият карда, дар ин миён чанд сол дар Яману Ироқ тарҷумони забони арабӣ буд ва беш аз 10 сол дар вазифаҳои мухталиф дар Вазорати корҳои хориҷӣ кор кард.
Ахиран беш аз як моҳ пас, 18-уми декабр Дорои Дӯст, донишманди тоҷик ва яке аз рӯзноманигорони шинохтаи замони шӯравӣ бар асари беморие, ки дошт, дар Душанбе аз олам даргузашт. Ба қавли Академик Акбар Турсон "Дар фарҳанги имрӯзаи тоҷик Дорои Дӯст мақоми Суқротро дошт!".
Ходимони давлатӣ
28-уми май Султон Валиев, собиқ вакили парлумон ва раиси пешини ноҳияҳои Ховалингу Восеъ дар 72-солагӣ дар Душанбе аз дунё чашм пӯшид. Ӯ солҳо ҳамчун раиси ноҳияи Ховалинг, муовини вазири кишоварзӣ, раиси ноҳияи Восеъ фаъолият намуд. Султон Валиев ҳамчунин вакили Маҷлиси миллӣ буд.
14-уми август Давлаталӣ Ҳотамов, сафири пешини Тоҷикистон дар Эрон аз олам даргузашт. Ӯ солҳои дароз дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор кард, аз ҷумла аз соли 2011 то соли 2014 сафири Тоҷикистон дар Эрон буд.
Ахиран шоми 30-юми ноябр Низорамо Зарипова, ходими шаҳири давлатӣ дар 101-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Низорамо Зарипова аз ходимони давлатие буд, ки ҳамроҳи шаш роҳбари охири Тоҷикистон, аз Бобоҷон Ғафуров сар карда то Эмомалӣ Раҳмон кор карда, ҳамвора дар долонҳои ҳукумат будааст.
Ӯ дар мусоҳиба бо “Азия-Плюс” бахшида ба 100-солагиаш гуфта буд, “Ман ба осонӣ 100-сола нашудаам: азоб кашидам, фарсахҳо роҳро пиёда тай кардам, миёни галаи гургон мондам, афтидаму ба пойҳоям хорҳо халидан ва хестаму онро худам аз пойҳоям кашидам”.
Варзиш
Аввали сол, 9-уми январ, Носир Хусравов, устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, паҳлавони бисёркаратаи гӯштини самбову ҷудо, гӯштини миллӣ, падари қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо Хушқадам Хусравов дар синни 66-солагӣ аз олам чашм баст. Ӯ дар соҳаи варзиш шогирдони зиёд тарбия намудааст.
Худи ҳамон шаб Вазген Манасян - собиқадори футболи тоҷик, ҳамлагари дастаи “Помир”-и Душанбе, собиқ ёвари сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон дар 66-солагӣ аз олам даргузашт. Вазген Манасян аз соли 1980 то 1992 дар дастаи “Помир”-и Душанбе бозӣ кардааст. Дар ин муддат вай дар ҳайати бошгоҳи Душанбе 425 бозӣ гузаронида, 123 гол задааст.
Баъдан, 22-юми июл Шуҳрат Азамов, яке аз собиқадорони футболи тоҷик, нимҳимоятгари дастаи “Помир”-и Душанбе дар синни 72-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ солҳои охир бемор будааст. Ӯ тамоми муддат дар Лигаи якуми Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳайати Помир бозӣ карда, давоми солҳои 1971-1982 дар 336 бозӣ иштирок ва 11 гол задааст. Соли 2009 ба бемории мағзи сар гирифтор шуда, сипас хотираашро аз даст дода ва солҳои охир ҳамеша бистарӣ будааст.