Шуруъ, аз 30-юми июни соли 2025 дар ҳамаи гузаргоҳҳои Русия аз шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми ворид шудан ба ин кишвар сурат ва изи ангушт (дактилоскопия) мегиранд. Ин раванд аз 1-уми декабр соли гузашта танҳо дар фурудгоҳҳои Маскав ва нуқтаи гузаргоҳи автомобилии Маштаково ҷорӣ шуда буд.
Хабаргузории “ТАСС” навиштааст, ки акнун аз тобистони соли равон ин тадбир дар ҳамаи гузургоҳҳои сарҳадии Русия ҷорӣ мешавад. Дар ин бора қарори алоҳидаи ҳукумати ин кишвар қабул шудааст.
Дар асоси ин қарор, тағйироти мазкур ба гурӯҳҳои зерин татбиқ карда намешавад:
- шаҳрвандони Беларус;
- кӯдакони то 6-сола;
- дипломатҳо ва кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва сафоратҳои давлатҳои хориҷӣ дар Русия, инчунин аъзои оилаҳои онҳо;
- кормандони ташкилотҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои онҳо, ки дар Русия аккредитатсия шудаанд ва аъзои оилаҳои онҳо.
Шаҳрвандони кишварҳое, ки бо Русия раводид надоранд, метавонанд дар барномаи махсус пешакӣ сурат ва изи ангушти худ (биометрия)-ро супоранд ва аризаашонро бо маълумоти шахсӣ ва ҳадафҳои сафар пешниҳод кунанд.
Ёдовар мешавем, ки аз 1-уми декабри соли 2024 аз шаҳрвандони хориҷие, ки тавассути фурудгоҳҳои Маскав, вилояти назди Маскав ва нуқтаи гузаргоҳи автомобилии Маштаково дар вилояти Оренбург ба ин кишвар ворид мешуданд, сурат ва изи ангушт гирифта мешуд.
Мақомоти ин кишвар гуфта буданд, ки бақайдгирии изи ангушт ва суратгирӣ дар марз метавонад хатари ворид шудани шахсони хатарнокро барои Русия кам кунад.
Бояд гуфт, ки қаблан мақомоти Русия “рӯйхати шахсони таҳти назорат”-ро нашр карданд, ки дар он номи беш аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон зикр шудааст. Ин шаҳрвандон дар вайрон кардани қонунгузории Русия гумонбар дониста мешаванд. Ин рӯйхат дар доираи низоми нави ихроҷ, аз 5-уми феврали соли 2025, татбиқ мегардад.
Баъд аз амали террористии рӯзи 22 март дар толори консертии "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав, ки дар он чанд шаҳрвандони Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд, шароити муҳоҷирон дар Русия ва онҳое, ки нияти рафтан ба ин кишварро доранд, сахттар шуд.
Садҳо муҳоҷири тоҷик аз боздошт дар фурудгоҳҳои Русия ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо баҳонаҳои гуногун шикоят карданд. Танҳо дар шаш моҳи аввали соли 2024 беш аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия хориҷ карда шуд.
Моҳҳои охир мақомоти Тоҷикистон дар мавриди поймолшавии ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия борҳо изҳори нигаронӣ карданд.
15 овозхони шинохта дар як саҳна, сурудҳои писандида ва дунёе аз эҳсосот. “Tarona Music Award-2024” чӣ гуна гузашт?
Табибони тоҷик бори нахуст бидуни буриш майнаи сарро ҷарроҳӣ кардаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 январи соли 2025
Тағйироти кадрии нахустин дар соли 2025. Раиси шаҳри Конибодом ва 5 шаҳру навоҳии дигар нав шуданд
“Депорт”-и панҷсолаи 18 ҳазор муҳоҷир аз Маскав дар соли гузашта
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2025
Аз Давлатманд Холу Раҳматилло Зоиров то Мирзо Шукурзодаву Низорамо Зарифова. Киҳо дар соли 2024 моро тарк карданд?
RSF: Соли гузашта “Толибон” 12 расонаро комилан баста, 25 рӯзноманигорро боздошт кардаанд
“Саркӯбшудаҳо сафед шаванд”. Дар Қирғизистон қонуни офиятбахшии таъқибу саркӯбшудагони замони шӯравӣ қабул шуд
Аз Хоруғ то Малдив. Хатсайрҳои ҳавоие, ки дар Тоҷикистон соли 2024 боз шуданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста