Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар гузориши солонааш перомуни озодиҳои динӣ, Тоҷикистонро барои маҳдудиятҳои динӣ интиқод карда, ин навбат ҳам кишварро ба гурӯҳи “кишварҳои мавриди нигаронии хос” шомил кардааст.

Ин гузориш ҳафтаи гузашта дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии ИМА нашр шуд, ки дар он вазъи озодии динӣ дар соли 2023 дар саросари ҷаҳон баррасӣ шудааст.

 

Боздошту ҳабс барои “озодии динӣ”

Ба гуфтаи гузоришгарон, мақомоти Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2023-юм 195 нафарро ба иттиҳоми ифротгароӣ, терроризм ва узвият дар созмонҳои мамнуъ боздошт кардаанд, ки ба озодии динӣ марбут аст.

Аз ҷумлаи муаллифон гузориш аз имомхатиби масҷиди Кӯшониён Абдуҳаннон Усмонов ва “раҳбари салафиҳо”-и кишвар Муҳаммадӣ Муҳаррамовро мисол овардааст.

Онҳо бо такя ба  созмони “Форум 18”, ки озодиҳои диниро пайгирӣ мекунад, навиштаанд, ки соли гузашта дастикам 19 нафар барои озодии виҷдон ё эътиқод ба зиндон рафтаанд.

Ғайр аз ин, гуфта мешавад, ки “Фарзона Сидиқова ва Тахмина Авлиёқулова дар ҳоле боздошт ва ҷарима шуданд, ки ба таври осоишта эътиқоди динии шахсии худро мубодила мекарданд”. Ин ду узви “Шоҳидони Яҳува” аввал боздошт шуда, сипас барои намоиши ошкори эътиқоди динии худ аз рӯи моддаи “барангехтани адовати динӣ” ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. 

“Шоҳидони Яҳува” аз соли 2007 мамнуъ буда, соли 2021 экстремистӣ унвон шудааст ва як мояи норизоияти ҳукумати Тоҷикистон ин аст, ки ақидаи он ба даст гирифтани силоҳ ва хидмат дар артишро манъ мекунад.

 

Мамнӯъиятҳо дар масҷиду намоз ҳам интиқод шудааст

Нуктаи дигаре, ки муаллифони гузориш интиқод кардаанд, ин мавъизаҳои пеш аз намози ҷумъа аст, ки мавзӯи онро Кумитаи дин ва танзими анъана интихоб мекунад.

Asia-Plus

Манъи вуруди ноболиғлон ва намозхонии занон дар масоҷид ҳам мавриди интиқоди шадиди гузоришгарон қарор гирифтааст.

Соли 2004 шӯъбаи фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон намозгузории занон дар масҷиди кишварро макрӯҳ донист ва роҳи занони тоҷикро ба масоҷид баст. Аз соли 2011 ба ин сӯ вуруди шаҳрвандони зери синни 18 ҳам ба масоҷиди кишвар манъ аст.

Гузоришгарон ин мақомоти Тоҷикистон интиқод кардаанд, ки барои ба хидмати сарбозӣ нарафтани ҷавонон дари масоҷиди маҳаллиро мебанданд ва аз озодии дини шаҳрвандон сӯистифода мебаранд. Бастани дари масоҷид барои саркашии ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ дар Хатлону Суғд расонаӣ шуда буд.

Ғайр аз ин, таъкид шудааст, ки озодии динӣ ба исмоилиёни ВМКБ маҳдуд гардидааст. Гузоришгарон мамнӯъ эълон шудани сомонаи “Памир Дейли Нюз”-ро ҳам ба маҳдуд кардани озодии динӣ иртибот додаанд, зеро “дар он пайравони шиъаи исмоилӣ” ҳам фаъолият мекардаанд.

 

Таҳсил дар хориҷу ташхиси китобҳои динӣ

Муаллифони гузориш гуфтаанд, “дар соли 2023 мақомоти Тоҷикистон назорати тамоми адабиёти дорои хусусияти мазҳабиро идома доданд ва дар тӯли сол китобҳои зиёд ва дигар васоити ахбори оммаро манъ карданд”.

Радиои Озодӣ

Инчунин, гуфта шудааст, ки то кунун 718 донишҷӯе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекарданд, аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ба ватан баргардонида шудаанд. Таъкид шудааст, ки “кӯшиши иҷборан ба ватан баргардонидани донишҷӯёне, ки бидуни иҷозати ҳукумат дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, идома дорад”.

Ба иттилои дастрас, дар соли 2023-юм наздики 2 ҳазор адабиёти динӣ ва 11,5 ҳазор варақа ва 50,5 ҳазор сабтҳои видеоӣ ва аудиоӣ аз ташхиси давлатии диншиносӣ гузаштаанд.

 

Қонунҳои вобаста ба дин ва эътиқод бозбинӣ шаванд

Муаллифони гузориш тавсия додаанд, ки мақомоти марбутаи Тоҷикистон қонунҳои вобаста ба дин ва эътиқодро бозбинӣ ва таҷдиди назар намоянд.

Ҳамчунин, гуфта шудааст, ки Гузоришгари вижаи СММ оид ба озодии дин ва эътиқод Нозила Қонеъ моҳи апрел аз Тоҷикистон боздид кард ва аз мақомот даъват намуд, ки қонунҳои худро дар бораи озодии дину эътиқод мутобиқ кунанд.

“Ман аз мақомот даъват мекунам, ки берун аз нигаронии худ дар бораи экстремизм, терроризм ва барангехтани адоват нигоҳ кунанд ва тасаввуроти худро дар саҳми мусбати дин ва эътиқод дар ҳаёти ҳамоҳанг ва пурғановати ҷамъиятӣ боз намоянд. Дин ё эътиқод ба танҳоӣ омили ҷиддии хатарро барои ҳаёти иҷтимоӣ эҷод намекунад: он метавонад ба таври фаъол дар рушд, сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат намояд”, - гуфтааст Гузоришгари вижаи СММ оид ба озодии дин ва эътиқод.

Интиқоди Амрико аз вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикитсон дар ҳолест, ки чанде пеш дар кишвар қонуни нави танзим қаббул гардид, ки дар асоси он воридот, харид, фурӯш ва пӯшидани “либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона”, аз ҷумла сатру ҳиоҷб ва ҷинсҳои даридаву либосҳои нимурён дар ҷойҳои ҷамъиятӣ раман манъ гардид.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон беш аз 10 млн аҳолӣ дорад ва беш аз 90 дарсади шаҳрвандони кишвар мусалмонанд. Тақрибан аз 3 то 4 дарсади мусулмононро шиъаҳои исмоилия ташкил медиҳанд, ки аксари онҳо дар вилояти ВМКБ зиндагӣ мекунанд. Ғайр аз ин, дар Тоҷикистон масеҳиён, насрониён ва баҳоиён умр ба сар мебаранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.