Сокинони Душанбе ҳарчи бештар бо мушкилоти фишори пасти об дучор мешаванд, хусусан дар ошёнаҳои болои биноҳои бисёрқабата. Сабаби ин мушкилот дар чист? "Азия-Плюс" шарҳи инро аз муовини аввали директор - сармуҳандиси таъминоти оби шаҳр Саймурод Қаландаров пурсид.

Гармо ва истифодаи ғайриоқилонаи об

Яке аз сабабҳои асосии камбуди об ин афзоиши босуръати истеъмоли он дар мавсими тобистон мебошад.

"Дар ҳавои гарм сокинон обро натанҳо барои эҳтиёҷоти рӯзгор, балки барои об додани боғу шустани қолинҳо ва дигар корҳои дуюмдараҷа истифода мебаранд. Сарфи назар аз насби ҳисобкунакҳо, бисёриҳо ҳанӯз ҳам обро аз меъёр беҳад зиёд истифода мебаранд ва обро аз таҳхонаҳо мегиранд, ки дар онҳо ҳисобкунакҳо нестанд. Ин вазъ ба низоми обрасонӣ сарбории зиёд меорад", - шарҳ медиҳад мутахассис.

Назорат ва ҷаримаҳо

Хадамоти марбутаи шаҳр ҳар рӯз то 100 ҳолати истифодаи ғайриоқилонаи обро ба қайд мегиранд.

"Барои чунин қонуншиканиҳо ҷаримаҳо пешбинӣ шудаанд, ки аз 5 то 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил дода, ҳаҷмашон ба шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ будани қонуншикан вобаста аст", - гуфт манбаъ.

Мувофиқи моддаи 174 Кодекси оби ҶТ, барои ифлоскунӣ ва истифодаи ғайримақсадноки об, дар ҳаҷми аз 5 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда - 72 сомонӣ) ҷарима муқаррар шудааст.

"Аммо, ҳатто ин чораҳо ҳам на ҳамеша барои кам кардани сарборӣ ба низоми обтаъминкунӣ ёрӣ мерасонанд, зеро ҳоло ҳам аксарият ба истифодаи ғайриоқилонаи об идома медиҳанд", - зикр мекунад Қаландаров.

Кондитсионерҳо ва сарборӣ ба низоми энергетикӣ

Сабаби дигари мушкилоти обрасонӣ ба афзоиши истифодаи хеле зиёди кондитсионерҳо дар моҳҳои тобистон марбут аст. Вақте ки теъдоди хеле зиёди одамон дар як вақт кондитсионерҳояшонро ба кор медароранд, ин ба низоми барқии шаҳр фишори назаррас меорад.

Дар натиҷа, шабакаҳои барқӣ ба сарбории аз меъёр зиёд дучор шуда, ин ҳолат ба кори пойгоҳҳои обкашӣ таъсир мерасонад. Ин пойгоҳҳо истеъмолгарони ҳаҷми зиёди барқ буда, ба таъминоти мунтазам бо барқ вобастаанд.

«Дар лаҳзаҳои авҷи истеъмоли барқ, ки бар асари истифодаи фаъоли кондитсионерҳо ба вуҷуд меояд, пойгоҳҳои обкашӣ метавонанд бо қатъшавиҳои ҷараёни интиқол ва кам шудани самаранокии кори худ рӯбарӯ шаванд», - мегӯяд мутахассис.

Қатъшавиҳои шабона ва пешгирӣ

Қатъшавиҳои интиқоли об, ки баъзан шабона рух медиҳанд, бо зарурати гузаронидани корҳои таъмиру пешгирӣ (профилактикӣ) алоқаманданд.

Ин чорабиниҳо одатан аз соати 22:00 то 6:00 гузаронида мешаванд, то ки нороҳатиҳои сокинон ба ҳадди ақалл расонида шуда, обрасонӣ хушсифат ва дар сатҳи баланд таъмин гардад.

Сурат аз eurasiatoday.ru

Таъмини об ва меъёрҳо

Гуфта шуд, ки тибқи меъёрҳо, ба як сокини Душанбе дар як шабонарӯз 350 литр об пешбинӣ шудааст. Аммо хадамоти шаҳр ҳамарӯза тақрибан 600,000 метри мукааб об истеҳсол мекунанд, ки бояд талаботи ҳамаи сокинонро ба осонӣ таъмин кунад.

Дар мавриди масъалаи боло бурдани тарифҳо барои оби нӯшокӣ, мусоҳиб таъкид кард, ки дар солҳои охир нархи неруи барқ ​​хеле боло рафт.

«Низоми таъминоти об яке аз истеъмолгарони ҳаҷми хеле зиёди неруи барқ ​​мебошад ва ҳар моҳ барои нигоҳ доштани кори қубурҳои обрасонӣ (водопровод) тақрибан 10 миллион кВт-/•соат сарф мешавад. Барои пардохти ин захираҳои энергетикӣ то 25% даромади корхона истифода мешавад. Аммо, бо вуҷуди қимат шудани неруи барқ, дар солҳои охир корхонаи обу корези шаҳр бо назардошти вазъи иҷтимоии кишвар, тарифҳоро барои об баланд намекунад», - таъкид кард мутахассис.

Тарифҳои амалкунандаи об аз рӯи ҳисобкунакҳо дар минтақаҳо

Дар Тоҷикистон ҳатто дар пойтахт, аксар вақт дида мешавад, ки мардум қолинҳоро мустақиман дар назди даромадгоҳҳо ё дар майдончаҳои кӯдакон мешӯянд. Бисёриҳо дар бораи он фикр намекунанд, ки чунин амалҳо натанҳо барои атрофиён нороҳатӣ эҷод мекунанд, балки риоя накардани қонун ҳам ҳастанд.


Ҳамчунин ин ба исрофи ҷиддии об боис мегардад, хусусан дар ҳолатҳои аллакай ҷой доштани мушкилоти таъминоти об дар кишвар. Истифодаи ғайриоқилонаи об вазъиятро бадтар карда, ин масъаларо барои ҷомеа боз ҳам муҳимтар мегардонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.