Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иддаои боло бурдани нархи доруҳои эрониро дар Тоҷикистон рад кард.
Бино ба иттилои як моҳ пеши расонаҳо, вазири тандурустии Эрон Баҳром Айнуллоҳӣ изҳор доштааст, ки доруҳои тиббии истеҳсоли Эрон дар Тоҷикистон 20 баробар қиматтар нисбат ба худи Эрон нарх доранд.
Ба гуфтаи вазир, ӯ худаш шоҳид будааст, ки дорувории тиббӣ дар дорухонаҳои Тоҷикистон бо нархи хеле баландтар фурӯхта мешаванд.
Айнуллоҳӣ ҳамчунин аз таваҷҷуҳи нокофӣ ба мушкили қочоқи дорувории истеҳсоли Эрон интиқод карда, зарурати тақвияти назорат дар ин самтро таъкид намудааст.
Нархҳоро талабот муайян мекунад
Аммо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин гуфтаҳоро рад кард.
Дар посух ба дархости “Азия-Плюс” вазорат изҳор намуд, ки маълумот дар бораи 20 баробар зиёд будани нархи доруҳои эронӣ асоси воқеӣ надорад. Лекин дар бораи нархҳо ба навъҳои ҷудогонаи дору ва маводи тиббӣ дар дорухонаҳои кишвар дар муқоиса бо нархҳо дар Эрон ягон далел оварда нашуд.
Дар ҳамин ҳол, Вазорат шарҳ дод, ки дар Тоҷикистон танзими нарх аз ҷониби давлат дар мавриди маводу дорувории тиббӣ вуҷуд надорад ва худи бозор талаботи истеъмолгаронро танзим мекунад.
Дар Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ илова намуданд, ки ҳиссаи маводу дорувории тиббии истеҳсоли Эрон дар бозори дорусозии Тоҷикистон на бештар аз 5%-ро ташкил дода, ба мавқеи ҳукмрон доштан (монополия)-и кадоме аз гурӯҳи ширкатҳои дорусозӣ имкон намедиҳад.
“Агар дар кишвар аломатҳои мавқеи ҳукмрон доштан ба мушоҳида расад, ин вазъиятро Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон пайгирӣ мекунад”, - гуфтанд дар Вазорат.
Киҳо аз Эрон мавод ва дорувории тиббӣ ворид мекунанд?
Ба воридоти дорувории тиббӣ аз Эрон як қатор ширкатҳое машғуланд, ки иҷозатнома доранд, аз ҷумла ҶСП «Дили Солим», ҶДММ «Қисмат Фарма», ҶСП «Томирис», ҶДММ «Наргисфарма», ҶДММ «Ориён Фарм», ҶДММ «Дӯсти Фарма», ҶДММ «Хайём» ва ҶДММ «МТ «Наел».
Иҷозатнома ба ширкатҳо аз ҷониби Вазорати тандурустӣ дода шуда, нархи он 6 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медиҳад (1 нишондиҳанда - 72 сомонӣ). Иҷозатнома ба муҳлати номаҳдуд пешниҳод мешавад.
Ҳамчунин дар мактуб зикр мешавад, ки айни замон ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Эрон дар ҳоли густариш қарор доранд. Дар оянда қабули қарор дар бораи эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои иҷозатномавии ҳарду кишвар бо шартҳои мутақобилан судманд ва баробар дар назар аст, лекин ҳозир дар бахши дорусозӣ чунин қарор нест.
Мо худамон чӣ истеҳсол мекунем?
Айни замон дар Тоҷикистон 64 корхонаи ватанӣ фаъолият доранд, ки 592 навъи воситаҳои доруворӣ ва маснуоти таъиноти тиббӣ истеҳсол мекунанд. Дар бозор ба сурати умум 346 номгӯи маҳсулот пешниҳод мешавад.
Аз ин шумор 24 корхона дар шаҳри Душанбе, 12 - дар вилояти Хатлон, 12 - дар вилояти Суғд, 6 - дар ВМКБ ва боз 10 корхона дар шаҳру навоҳии гуногуни ҷумҳурӣ амал мекунанд.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста