Имрӯз, 21-уми августи соли 2024, дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии Душанбе нимпайкараи Абай Кунанбоев, шоир ва мутаффакири Қазоқистон гузошта шуд.
Дар ин хусус хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанг хабар додааст.
Ба навишти манбаъ, дар маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи Абай Кунанбоев Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон, Аида Баллаева, вазири фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон, Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва чанде аз аҳли зиёӣ кишвар иштирок кардаанд.
Бояд гуфт, ки нимпайкараи ин шоири қазоқистонӣ дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон гузошта шуд.
Абай Кунанбоев асосгузори адабиёти қазоқ соли 1845 ба дунё омада, соли 1904 вафот кардааст. Ӯ асари бо номи “Қара сӯз” (“Каломи сиёҳ”) навиштааст, ки он бо номҳои “Ақлия”, “Пандҳо”, “Панднома”, “Андешаҳо” ба забони тоҷикӣ баргардон шудааст.
Ёдовар мешавем, ки айни ҳол дар шаҳри Остонаи Қазоқистон нимпайкараи асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гузошта шудааст. Он соли 2021 бо иштироки Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе ва, раиси Сенати Қазоқистон Маулен Ашимбаев ва ҳокими шаҳри Нурсултон Алтай Кулгинов ифтитоҳ шуда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста