Шурӯъ аз 2-юми сентябри соли 2024 хадамоти Маркази шиносномдиҳӣ ва раводиди Вазорати корҳои дохилии Русия дар Душанбе барои шаҳрвандони Тоҷикистон пулакӣ хоҳад шуд. Муддати се моҳ хидматрасонӣ дар ин Марказ ройгон буд.
Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар ба “Азия-Плюс” гуфт, ки арзиши хадамоти ин марказ каме бештар аз 400 сомонӣ хоҳад буд.
“Бо ин маблағ ташхиси изи ангушт ва санҷиши иҷозаи вуруд ба ҳудуди Русия гузаронида мешавад”, - гуфт Шаҳноза Нодирӣ.
Ӯ гуфт, нархи хадамоти ин Марказ аз ин бештар боло бурда намешавад. Аммо агар теъдоди довталабон зиёд шавад, нархи хадамот шояд поёнтар бурда шавад.
Шаҳноза Нодирӣ, ҳамчунин, илова кард, ки дар мавриди арзиши хадамоти ин Марказ бо намояндагии Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводиди ВКД-и Русия гуфтушунид доштаанд ва ба гарон будани нарх барои шаҳрвандони Тоҷикистон таъкид кардаанд.
Посухи намояндагии Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводиди ВКД-и Русия оил ба баландии нархи хадамот маълум нест.
Дар ин баробар, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар аз шаҳрвандон хостааст, ки аз фурсат истифода бурда, то 1-уми сентябри соли 2024 аз санҷиш ройгон гузаранд.
Ёдовар мешавем, ки намояндагии Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводиди Вазорати корҳои дохилии Русия охири моҳи майи соли ҷорӣ дар Душанбе расман боз шуд. Дар маросими ифтитоҳи ин намояндагӣ Рамазон Раҳимзода ва Владимир Колоколтсев, вазирони умури дохилии Тоҷикистону Русия, Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ширкат доштанд.
Сомонаи ВКД хабар дода буд, ки ҳадафи асосии таъсиси намояндагӣ санҷиши пеш аз сафар ба Русия дар ҳудуди Тоҷикистон буда, шаҳрвандон имкон доранд, ки дар дохили ҷумҳурӣ аз бақайдгирии изи ангушт ва санҷиши манъи вуруд ба ҳудуди Русия гузаранд.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста