Абдулҳай Зокиров аз ҷумлаи синамогарони сермаҳсул ва пуркори тоҷик аст. Филмҳои таҳиякардаи ӯ ҳамеша тамошобин доштанд ва аз ҷониби коршиносон баҳои баланд ҳам гирифтаанд. Аз ҷумла, филми “Автобус”-и ӯ яке аз сертамошобинтаринҳо дониста мешавад. Ӯ ҳоло рӯйи филмномае дар асоси ҳикояи “Дуди ҳасрат”-и Баҳманёр кор мекунад ва дар назар аст, дар наздиктарин фурсат банаворгирии он оғоз гардад.
Бо ӯ пиромуни махсусияти кори коргардон, сатҳи филмҳои тоҷикии имрӯз, талабот ба филм, таъсири кино ба афкор, бозоргирии филмҳои хориҷӣ, мушкилоти синамои тоҷик ва дигар масоили марбут ба ин соҳа суҳбат оростем.
Ҳунармандон аз Бухоро ҷалб мешаванд
- Ҳоло рӯйи кадом филм кор мекунед?
- Бештар аз як сол аст рӯйи филмномае дар асоси ҳикояи “Дуди ҳасрат”-и нависанда Баҳманёр заҳмат кашидем. Хушбахтона, кори филмнома ба итмом расид ва аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва шӯрои бадеии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” доир ба филм назари масъулинро гирифтем. Ҳоло бошад, ба интихоби мавзеъҳои сабт машғулем ва фикр мекунам, филми хубе хоҳад шуд.
- Номи филм чӣ мешавад ва дар он бештар киҳо ҳунарнамоӣ хоҳанд кард?
- Филмро шартан “Тулӯъ” унвон додем ва шояд иваз шавад. Барои иҷрои нақшҳо дар ин филм ҳатман ҳунармандони касбӣ даъват хоҳанд шуд. Ҳоло мушаххасан наметавонам аз касе ном барам, аммо дар назар аст, ҳунармандон аз минтақаҳои гуногуни кишвар ва ҳатто аз шаҳри Бухоро даъват шаванд.
“Бозори моро филмҳои хориҷӣ гирифтаанд”
- Ба андешаи шумо, ҳоло синамои тоҷик дар чӣ вазъ қарор дорад?
- Фикр мекунам, синамои тоҷик дар ҳоли рушд аст. Коргардонҳо кӯшиш доранд филмҳои хуб гиранд. Миёни онҳо рақобати солим низ ҳаст. Шахсан худи ман кӯшиш мекунам, ки корҳоям ба кори дигарон монанд набошанд ва дигарон низ ҳамчунин. Бовар дорам, он рӯз, ки филми тоҷикӣ машҳур шавад, дур нест.
- Ин ки бозори моро филмҳои хориҷӣ, махсусан туркӣ гирифтаанд, айби кист? Оё синамогарони мо гунаҳкор нестанд?
- Ман чанд сол пеш тариқи телевизион бонги хатар зада будам, ки будани филмҳои хориҷӣ ва ба забони тоҷикӣ тарҷума шудани бетаъсир нахоҳад буд.
Муддате ман дар шабакаи телевизионии ТРТ-и Туркия таҷрибаомӯз будам. Чун он шабака силсилафилмҳо низ таҳия мекард, аз масъулинаш пурсидам, ки “чаро дар шабакаҳои шумо чунин силсилафилмҳо пахш намешаванд?” Онҳо доир ба мазмуни силсилафилмҳое, ки дар Тоҷикистон тарҷума мешуданд, пурсиданд. Ман яке аз онҳоро, ки қаҳрамонаш як зани силоҳбадаст буд ва дар он саҳнаҳои одамкушиву асиргирӣ бисёр буданд, нақл кардам. Пасон, гуфтанд, дар Туркия студияҳои шахсӣ ҳастанд, ки филмбардорӣ мекунанд ва аз сабабе ки дар кишвари худ иҷозати нашр надоранд, ба хориҷа мефурӯшанд.
Чунин филмҳоро ҳатто дар Туркия иҷозаи пахш намедиҳанд, аммо мо онҳоро тамошо мекунем. Дар ин масъала ман синамогаронро гунаҳкор намедонам, бояд мақомоти масъул бозорро танзим кунанд.
Аз нақши пул то харидор доштану надоштани филмҳои тоҷикӣ
- Вақте мунаққидон дар мавриди таҳия нашудани филмҳои хуб эрод мегиранд, масъулин камбуди маблағ ва сарпарастро сабаб пеш меоранд. Шумо нақши пул ва сарпарастро дар таҳияи филм то чӣ ҳад муҳим меҳисобед?
- Аслан, дар тамоми дунё яке аз соҳаҳои серхароҷот ин синамо аст. Барои рушди синамо, таҳияи филми хубу мондагор бояд маблағи калон харҷ кард. Аз аввалин саҳнаҳои филм метавон фаҳмид, ки дар он пули кам харҷ шудааст ё зиёд. Тасаввур кунед, шумо мехоҳед хона бисозед, аммо масолеҳи сохтмонӣ надоред, чӣ гуна онро месозед? Филм ҳам чунин аст. Маблағ барои рушди синамои миллӣ нақши бузург дорад. Ҳоло бинанда талаботи зиёд дорад, барои ҷалби диққат ва таъсиррасонӣ ба афкор филмҳои ба замона мувофиқ бояд сохт, ки бе харҷи зиёд намешавад.
- Оё филмҳои тоҷикӣ харидор доранд? Яъне шумо метавонед харҷи кардаатонро бароред?
- Кори хариду фурӯши филмро нафарони махсус анҷом медиҳанд. Яъне гурӯҳи эҷодӣ ва техникие, ки филмро таҳия мекунанд, дар бораи онро дар куҷо фурӯхтану аз он пул ба даст овардан фикр намекунанд. Аз ин сабаб, ман чизи аниқе гуфта наметавонам.
- Филмҳое, ки шумо таҳия мекунед, харҷашро мебароранд? Яъне қарздор намешавед?
- Ман аз таҳияи филмҳоям қарздор нашудаам, зеро то имрӯз қисми зиёди филмҳои ман аз ҷониби Телевизиони “Сафина”, “Тоҷикфилм” ва ғайра сарпарастӣ шудаанд. Масалан, мо бо ёрии студияи “Суҳайл синамо” филме бо номи “Бархез, модар”-ро гирифтем, ки фикр мекунам, харҷашро барзиёд баровард.
- Чаро филмҳоятон, масалан “Автобус” тавассути интернет дастрас нестанд? Беҳтар нест, ки роҳҳои фурӯши филмҳоро дар интернет ҷустуҷӯ кунем?
- Бовар кунед, дар масъалаи дастрас будани филмҳоям дар манбаъҳои боз ҳар рӯз ба ман менависанд, вале тавре ки дар боло ишора кардам, масъалаи хариду фурӯши филмҳо кори ман нест. Филми “Автобус”-ро Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" ба навор гирифт ва муассисаи мазкур доир ба чӣ гуна пешниҳод кардану дар куҷо намоиш додани он фикр мекунад.
- Ҳоло кадом филмҳои шумо барои тамошо дар манбаъҳои боз дастрасанд?
- Қисми зиёди филмҳое, ки ман гирифтаам, телевизионӣ буда, дар шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода мешаванд. Баъзеашон дар YouTube ҳам ҳастанд.
- Дар таҳияи як филм чӣ қадар маблағ сарф мешавад?
- Рақами муайян гуфта наметавонам, зеро харҷ аз ҳар як филмнома вобаста аст. Вақте филмнома ба мутахассисон пешниҳод мегардад, онҳо рӯзҳои корӣ, гурӯҳи эҷодиву техникӣ ва умуман, ҳама хароҷотро ҳисоб карда, буҷаи филмро тартиб медиҳанд.
- Барои мисол, дар филми овозадори "Автобус" чӣ қадар маблағ сарф шуд?
- Дар филми “Автобус” наздики ним миллион сомонӣ сарф шуд. Филми мазкур дар гӯшаҳои зебои кишварамон наворбардорӣ шуд. Мо ба Хуҷанд, Хатлон, Қаратоғ, Ваҳдат ва Душанбе сафар доштем ва ҳатто бозори сунъӣ сохтем. Маблағе, ки ҷудо шуд, пурра харҷ гардид.
Мушкили №1-и синамо
- Вақте сухан сари кам будани намоишҳои хубу диданӣ ва ба замона мувофиқ меравад, бархе ҳунармандону коргардонҳои театр мегӯянд, ки мушкили асосӣ нарасидани драматург аст. Оё дар синамои тоҷик ҳам норасоии филмноманавис дида мешавад?
Справка по теме
Абдулҳай Зокиров 14 апрели соли 1978 дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба дунё омадааст. Донишкадаи санъати Тоҷикистонро соли 2001 хатм карда, солҳои 2001-2003 дар Академияи театр ва кинои шаҳри Санкт-Петербург таҳсил кардааст. Ҳамчунин, соли 2009 Донишгоҳи давлатии театр, кино ва телевизиони шаҳри Киевро хатм намудааст. Мавсуф фаъолияти кориашро аз Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон оғоз карда, то зинаи саркоргардон дар Телевизиони “Сафина”-ву “Ҷаҳоннамо” расида, ҳоло дар “Тоҷикфилм” фаъолият мекунад. Абдулҳай Зокиров аз ҷумлаи коргардонҳои сермаҳсул ва пуркор тоҷик аст, ки ба тамошобинон филмҳои зиёд таҳия намудааст. Аз ҷумла, “Баррачаи Хаёлӣ”, “Хокпайванд”, “Рамида”, “Меҳроб”, “Синон”, “Соҳили Мурод”, “Саргардони (силсилафилм)”, “Бархез Модар”, “Автобус” ва ғайраҳо. Барои филмҳояш сазовори ҷоизаҳои милливу байналмилалӣ гардидааст. Соли 2009 бо мукофоти давлатии медали Хидмати шоиста қадрдонӣ шудааст.
- Ин мушкили рақами яки синамогарони тоҷик аст. Норасоии филмноманавис ба чашм мерасад ва фикр мекунам, филмноманависон аз ҷониби Вазорати фарҳанг ё "Тоҷикфилм" ба кишварҳои хориҷӣ барои омӯзиш сафарбар карда шаванд, хеле хуб мешавад.
Ман ҳамарӯза интизорам, ки филмноманависе наздам ояду гӯяд, ки сенарияи навиштаамро як бор хон. Имрӯз дар хориҷа низ бисёр мутахассисони ин соҳа таълим мегиранд. Умед аст, ки онҳо баъди бозгашт ба ватан барои рушди синамои тоҷик саҳм мегузоранд.
- Чаро эҷодкорон ба навиштани филмнома кам шавқ доранд?
- Филмноманависӣ ҳам касб аст, яъне бояд панҷ солу шаш сол таҳсил кард. Ин як мактаб аст. Як сабаби муваффақ нашудани филмҳоямон ҳам надоштани филмноманависони ҷаҳонӣ аст. Албатта намегӯям, ки умуман надорем, аммо каманд. Вақте бинам, ки филмноманавис маро қонеъ карда наметавонад, худ қалам мегираму менависам.
- Имрӯз заҳмати коргардон ба таври кофӣ қадр мешавад?
- Рӯз аз рӯз арҷгузорӣ ба заҳмату меҳнати коргардонҳо зиёд мегардад. Барои мисол, таъсиси Фестивали миллии "Тоҷи Сомон" ин худ нишони қадрдонии ин соҳа аст, ки имсол маротибаи дуюм баргузор мегардад.
- Як коргардони сермаҳсул ва пуркор имрӯз метавонад аз ҳисоби касбаш зиндагии шоиста дошта бошад?
- Зиндагӣ пеш меравад ва ба монанди дигарон гурусна нестем. Аммо бовар дорем, ки ҳолат боз ҳам хуб мешавад.
Чаро силсилафилм намегирад?
- Ҳоло дар сегменти тоҷикии YouTube силсилафилм таҳия кардан мӯд шудааст. Будани чунин силсилафилмҳо барои синамои тоҷик хуб аст?
- Аслан, ман ба таҳияи чунин силсилафилмҳо зид нестам. Бо шавқу завқ баҳс кардан номумкин аст. Мардум худ интихоб мекунанд, ки чиро тамошо кунанду чиро не.
- Ба ҳар ҳол, баҳои шумо чӣ аст?
- Ростӣ, тамошо накардаам. Дар мавриди сифат ва корашон чизе гуфта наметавонам, зеро коргардон ҳастам, на мунаққид. Ман дар ин масъала бетараф ҳастам.
- Шумо махсус барои YouTube нақшаи таҳияи филм ё силсилафилмеро надоред?
- Чанд бор пешниҳод шуд, ки силсилафилме барои YouTube таҳия кунем, аммо аз сабаби камии вақт розӣ нашудам. Ман мехоҳам силсилафилмҳое бигирам, ки на барои як бор тамошо, балки ҷовидонӣ бошанд. Масалан, мехоҳам аз рӯзгору заҳматҳои Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигар бузургони тоҷик силсилафилм гирам, аммо ин хеле мушкил аст. Ҳам филмномаи хуб ва ҳам маблағи калон лозим мешавад.
- Филмҳои кадом коргардонҳои тоҷикро мебинед?
- Филмҳои Носир Саидов, Рустам Шоазимов, Бахтиёр Худоназаров ба ман хеле писанданд. Онҳо ба ман ҳаққи устодӣ доранд.
- Ва саволи охир, шумо ҳоло яке аз коргардонҳои муваффақи кишвар ҳастед, аммо ба ин соҳа ба қавле гурехта омадаед. Яъне як сол дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси физика-математика таҳсил кардед ва пасон он ҷоро тарк карда, ба Донишкадаи санъат гузаштед. Агар чунин намешуд, имрӯз физику математики хуб мешудед?
- Агар синамогар намешудаму физик-математик мешудам, фикр мекунам, чизе месохтам, ки бар зидди бомбаҳои атомӣ, силоҳ ва умуман қатли одамон амал мекард. Мехоҳам ҳамеша инсоният орому осуда зиндагӣ кунад.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста