Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба рӯзи гиромидошти Рӯдакӣ, ки ҳамасола 22-юми сентябр таҷлил мешавад, бо ширкати шумораи ками шоирону фарҳангиён ва ҳаводорони шеър маҳфил баргузор шуд. Далер Назаров ягона овозхоне буд, ки дар ин маҳфил ҳанарнамоӣ кард.
Донишмандону адибон ва муҳаққиқон аз мақому мартабаи шоир ва мазмуну муҳтаво ва сабку услуби шеърҳои ӯ сухан гуфта, бозёфтҳои хешро дар таҳқиқи шеъри одамушуаро Рӯдакӣ мубодила карданд.
Гулрухсори Сафӣ, Шоири халқии Тоҷикистон аз осори гаронбаҳои ӯ боқӣ мондани танҳо ду ҳазор байтро боиси таассуф хонд. Ӯ бовар дорад, ки рӯзе аз ягон тоқи кӯҳнаи Самарқанд девони Рӯдакӣ пайдо хоҳад шуд.
“Мо чӣ қадар мардуми бадбахтем, ки аз сездаҳ раҳ сад ҳазор танҳо ду ҳазор байт аз рӯдакӣ дорем”, - гуфт ӯ.
Абдуллоҳ Роҳнамо, адиб ва сиёсатмадори тоҷик ҷойгоҳи Рӯдакиро дар таъриху тамаддуни миллати тоҷик беназир хонд. Ӯ нақши устод Рӯдакиро дар бунёди давлати навини тоҷикон баланд зикр карда, дар ҳудуди Тоҷикистон мавҷуд будани оромгоҳи ӯро яке аз далелҳои асосии асолат ва дар ин минтақа реша доштани халқи тоҷик гуфт.
Дар ҷараёни маҳфил Ортиқ Қодир, ҳунарманди маъруфи тоҷик порчаеро аз намоишномаи Рӯдакӣ қироат кард.
Аскар Ҳаким, Шоири халқии Тоҷикистон баргузории маҳфилро бо ширкати Далер Назар рамзӣ арзёбӣ кард. Ӯ мегӯяд, ин нишона аз пайванди имрӯз ва гузаштаи пурғановат аст.
“Пайванди ин ду чиз - адабиёти ҳазорсолаи мо ва як навъи ҳунари замонӣ – эстрада, ки Далер Назар аз дурахшонтарин чеҳраҳои ин ҳунар мебошад ва ба ҳам омадани ин ду санъат дар ин маҳфил рамзӣ аст. Ин нишонаи пайванди имрӯзи мо бо гузаштаи пурғановатамон аст”, - гуфт ӯ.
Дар идома, Далер Назаров, ки аввали моҳи сентябр бо ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ қадр шуд, гуфт, “бо ин ҷоиза бисёр роҳҳо кушода мешаванд, бисёр корҳо ҳал мешаванд”, - гуфт ӯ.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/340771/photo_2024-09-23_11-08-07.jpg)
Маҳфил бо сурудани чанд тарона аз Далер Назаров хотима ёфт.
Рӯзи Рӯдакӣ дар Тоҷикистон аз соли 2002 ба ин сӯ расман таҷлил мешавад. Дар Тоҷикистон ба ифтихори Рӯдакӣ ноҳия ва хиёбону маҳаллаҳои зиёд номгузорӣ шудаанд.
Ҳайкалҳои зиёди бунёдгузори шеъри форсӣ-тоҷикӣ дар гӯшаҳои мухталифи кишвар ва ҷаҳон поягузорӣ шудааст.
Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент чашм ба олами ҳастӣ боз карда, соли 941 дар зодгоҳаш аз олам даргузашт.Турбати ӯ ҳоло дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент қарор дорад ва зиёратгоҳи ҳазорон фарҳангиёну сайёҳони олам гаштааст.
“Ба соҳаи кишоварзӣ сабукиҳои андозӣ татбиқ ва муҳоҷират танзим шавад”. ҲАТ бо чӣ барнома вориди корзори интихоботӣ мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 феврали соли 2025
Аз ҳисоби пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ буҷети кишвар аз миллионҳо сомонӣ маҳрум шуд
Дар Тоҷикистон смартфони HONOR X8c муаррифӣ шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2025
“Ғоратгарӣ ва куштани соҳибхонаҳо”. Додситони кул ангезаи кушторҳои пайдарпай дар Конибодомро шарҳ дод
Додситонии кул ҳадафи ҳамлаи террористӣ ба мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлобро шарҳ дод
Тоҷикистон барои бунёди НБО "Роғун" ба маблағи 812 млн доллар созишнома имзо кардааст
Ошӯб дар зиндони Ваҳдат. Додситони кул гуфт, ки сардори зиндон захмӣ шудааст
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, соли гузашта Русия беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷикро “бозпас фиристод"
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста