Дар Тоҷикистон бақайдгирии дастаҳо ба хакатони “NASA Space Apps 2024” оғоз шуд. Дар ин бора “American Space Dushanbe” хабар медиҳад.
Рӯзҳои 5 ва 6-уми октябр хакатон дар шакли онлайн баргузор мегардад, ки дар давоми 48 соат дастаҳо лоиҳаҳои худро пешниҳод хоҳанд кард. Фонди ҷоизавии хакатон $3000 мебошад. Тамоми хоҳишмандон аз Тоҷикистон метавонанд иштирок кунанд.
Рӯзи 11-уми октябри 2024 дар “American Space Dushanbe” маросими ҷоизасупории ғолибон баргузор мегардад, ки дар он се дастаи беҳтарин барои доварии глобалӣ ба NASA пешниҳод мешаванд. Ғолибони глобалӣ дар моҳи январи 2025 эълон гашта, имконияти ба даст овардани роҳхат ба қароргоҳи NASA дар ИМА доранд.
NASA Space Apps 2024 — ин чорабинӣ барои барномасозон, олимон, дизайнерҳо, ҳикоянависон, ихтироъкорон, технологҳо ва дигарон дар шаҳрҳои гуногуни Тоҷикистон мебошад, ки дар он дастаҳо бо истифода аз маълумоти ройгон ва кушодаи NASA ба ҳалли мушкилоти мавҷуда дар рӯи Замин ва кайҳон машғул мешаванд.
Мавзуъ ва вазифаҳои хакатонро дар сомонаи spaceappschallenge.org ё дар саҳифаи American Space Dushanbe дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавонед пайдо кунед. Дастаҳо метавонанд аз байни 20 масъалаи пешниҳодшуда танҳо 1 масъаларо интихоб намоянд.
Нилуфар Мурадова, намояндаи маҳаллии хакатони “NASA Space Apps” дар бораи баргузории ин чорабинӣ чунин гуфт:
“Ин панҷумин соли баргузории хакатон дар Тоҷикистон аст. Дар ин давра мо ба ҳамаи ҳадафҳоямон расидем. Дар соли 2023 мо ғолиби глобалӣ дар байни 8000 даста шудем, дар 2022 номи Honorable Mention-ро сазовор гаштем, дар 2021 финалист шудем. Аз соли 2020 хакатони мо бузургтарин дар миқёси ИДМ мебошад. Мо ҳатто се сол мешавад, ки пайи ҳам дар даҳгонаи хакатонҳои бузурги маҳаллӣ дар ҷаҳон қарор дорем. Ин нишонаи он аст, ки дар Тоҷикистон навоварон ҳастанд ва ин хакатон платформаи онҳо мебошад. Имсол низ мо интизори дидани иштирокчиён аз гӯшаҳои гуногуни кишварамон ҳастем."
Шартҳо барои иштирок:
- Дастаҳо бояд аз 1 то 6 иштирокчӣ иборат бошанд.
- Забони асосии хакатон русӣ мебошад. Вале супоридани лоиҳа ва пешниҳоди он ба забони англисӣ сурат мегирад, бинобар ин муҳим аст, ки дар даста ҳадди аққал як иштирокчӣ забони англисиро донад.
- Ҳеҷ гуна маҳдудият аз рӯи синну сол ва соҳаи кор вуҷуд надорад.
Барои иштирок ду марҳилаи бақайдгирӣ лозим аст:
1. Сардори даста бояд дар spaceappschallenge.org.com макони Dushanbe - ро интихоб карда, дастаашро ба қайд гирад. Ҳар як аъзои даста бояд дар spaceappschallenge.org сомонаи шахсии худро сохта ба дастае, ки капитан ташкил кардааст, ҳамроҳ шавад.
2. Сардори даста бояд аз номи тамоми дастааш Google - формаро пур кунад.
Аз 2 то 4 октябр ташкилкунандагони чорабинӣ бо дастаҳои ба қайд гирифта шуда тамос хоҳанд гирифт.
Ҳамаи лоиҳаҳои таҳияшуда аз ҷониби доварони маҳаллӣ баҳогузорӣ карда мешаванд, то номзадҳои глобалии Тоҷикистонро муайян кунанд ва баъд аз он коршиносони NASA онҳоро барои эълон кардани ғолибони ҷоизаи глобалӣ баррасӣ хоҳанд кард.
Мӯҳлати ниҳоии номнависӣ: 1 октябри 2024.
Агар оиди иштирок саволе дошта бошед, пас ба [email protected] ё Telegram - и @americanspace муроҷиат намоед.
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Як ҳафта танаффус. Дастикам 30 нафар алайҳи чеҳраҳои боздоштшуда шаҳодат додаанд
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста