Падари як хонанда дар шаҳри Душанбе баъди шикояташ аз талаби ғайриқонунии маблағ, аз тарафи мудири як литсейи пойтахт ба додгоҳ кашида шудаст. Ӯ ба он гунаҳгор мешавад, ки гӯё мудири муассисаро “таҳқиру таҳдид” кардааст. Ин аз камтарин ҳодисаи шикояти волидайн аз пулҷамъкунӣ дар муассисаи таълимӣ аст.
Ҷамшед Аминов, як сокини пойтахт ба “Азия-Плюс” гуфт, мудири Литсейи рақами 5, ки фарзандаш онҷо мехонад, талаб кард, ки маблағи дарсҳои иловагие, ки онро духтараш нахондааст, пардохт кунад. Ин дар ҳолест, ки ин маблағ дар асоси шартнома байни волидайн ва муассиса гирифта мешавад, ки ӯ онро измо накардааст.
“Ба ман ду маротиба нусхаи шартномаи дарсҳои иловагиро пешниҳод карданд, онро хондам ва гуфтам, ки фарзанди ман ба ин гуна дарсҳои ниёз надорад ва онро намехонад. Ҳамин тавр имзо накардем. Аммо боз ҳам ба воситаи кӯдакҳо ва ҳамсарам мегуфтанд, ки пули мактабро супоред”,-нақл кард Ҷамшед Аминов.
Вай гуфт, фарзандаш умуман дар дарсҳои иловагӣ иштирок намекард ва пас аз тамом шудани соати дарсӣ ба хона мерафт.
“Ба воситаи роҳбари синф маро мудир ба наздаш даъват кард. Ман рафтам. Баъди он ки гуфтам, ки фарзанди ман ба дарсҳои иловагӣ намеравад ӯ гуфт, ки “новобаста аз дарсҳои иловагӣ бояд пули мактабро супоред”. Таҳдид ҳам карда, гуфт, "агар пули мактабро насупоред имсол кӯдакатонро қабул намекунем”,-нақл кард ӯ.
Пас аз ин, рӯзи 6-уми июни соли равон Ҷамшед Аминов ба Додситонии ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ нисбати мудири Литсейи рақами 5 шикоят кард.
Дар ариза гуфта шудааст, ки директори Литсейи рақами 5 Нарзиева Б. аз фарзандаш, ки синфи 3 мехонад, пули дарсҳои иловагиеро талаб кард, ки духатараш нахондааст.
Дар посухи додситонӣ, ки 9-уми июл ба унвонии Аминов ирсол шудааст, омадааст, ки “ваҷҳҳои дар ариза дарҷшуда тасдиқи худро ёфтанд”. Ин ниҳод ба мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ супориш додааст, ки директори литсейро ба ҷавобгарии интизомӣ кашанд.
Дар шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, дар асоси аризаи Додситониии ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 2-юми август нисбати Бибисафия Нарзиева “чораи интизомӣ дар намуди сарзаниш иҷро гардидааст”.
Бо гузашти тақрибан як моҳ, рӯзи 30-юми июл Бибисафия Нарзиева бо аризаи даъвогӣ нисбати Ҷамшед Аминов ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ муроҷиат кардааст.
“Дар ариза омадааст, ки гӯё ман ба мақомот нисбати Нарзиева арзу шикояти беасос кардаам ва дуввум дар гурӯҳи волидони хонандагон дар ватсап гапҳои бардуруғ ва дағалона гуфта шаъну шарафи ӯро паст задаам ва бо ин сабаб он кас бемор шуда, 10 ҳазор сомонӣ табобат гирифтаанд”,- гуфт Ҷамшед Аминов.
“Азия-Плюс” нусхаи аризаи даъвогии Нарзиеваро дарёфт кард, ки гуфта шудааст, ба хотири ҷуброни зарарҳои расида аз Ҷамшед Аминов ба фоидаи ӯ “дар умум 20 ҳазор сомонӣ рӯёнида шавад”.
Хабарнигори “Азия-Плюс” рӯзи 20-уми сентябр барои ҳамсуҳбат шудан бо Бибисафия Нарзиева ба Литсейи рақами 5 рафт, вале мудир қабул накард ва нахост дар робита ба ин масъала бо мо сӯҳбат кунад.
Вакили дифои ӯ дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки қазияро баъди хотимаи баҳси додгоҳӣ метавонад шарҳ диҳад.
Дар ҳамин ҳол, Ғайратшоҳ Абдуллоев, як масъули Литсейи рақами 5 гуфтааст, ки маблағи дарсҳои иловагӣ дар Литсейи рақами 5 дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илм ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ муайян шудааст ва маблағи солонаи он 1 ҳазору 600 сомонӣ аст.
“...ин пул бар асоси қарордоде, ки миёни раҳбарияти таълимгоҳ ва волидон имзо мешавад, пардохт хоҳад шуд. Дар он ҳолат фарзандон метавонанд иштирок накунанд, ки аз саршавии дарсҳо ариза нависанд, ки фарзанди ман намехоҳад, ки дарс хонад. Дар ин сурат метавонад, ки аз дарсҳо озод шаванд. Ба мо Аминов чунин ариза нанавишт, ки фарзандонам аз дарс озод шаванд”, - гуфтааст Абдуллоев.
Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати маориф ва илм гуфтанд, ки баъди анҷом ёфтани мурофиаи додгоҳӣ назарашонро мегӯянд.
Аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳозир нашуданд, ки ин масъаларо шарҳ диҳанд.
Ҳоло маълум нест, ки додгоҳ аризаи директори мактабро чӣ гуна баррасӣ мекунад. Вале Ҷамшед Аминов рӯзи 16-уми август ҳуҷҷатҳои фарзандонашро аз Литсейи рақами 5 гирифтааст ва айни ҳол онҳо дар яке аз гимназияҳои шаҳри Маскав ба таври онлайн таҳсил мекунанд.
Ӯ гуфт, ки баъди ин иттифоқҳо намехоҳад дар Тоҷикистон бимонад ва фарзандонаш дар мактабҳои пойтахт хонанд. Вай тасмим гирифтааст, ки ҳамроҳи хонаводааш ба хотири таҳсили фарзандонаш ва ояндаи онҳо ба Русия муҳоҷират кунад.
“Вақте додситон тасдиқ карду ҷазо пешниҳод кард, аммо мудир боз ҳам кирдорҳои кардаашро ба гардан нагирифт, ман гуфтам ки дигар илоҷи инҷо истодан нест. Мо дигар ягона роҳро ба Русия рафта, ройгон таҳсил кардан мебинем",-гуфт ӯ.
Бояд гуфт, ки ин аз камтарин ҳолат дар Тоҷикистон аст, ки волидайн нисбати талаби ғайриқонунии маблағ дар мактабҳо вокуниш нишон дода ба мақомот шикоят мекунад. Дар бештари ҳолатҳо падару модарон ба хотири тарсу ҳарос ва ихроҷ накардани фарзандонашон аз мактабҳо нисбати хилофи қонунгузорӣ ҷамъ кардани маблағ хомӯширо ихтиёр мекунанд.
Амир Ҷалолиддин, як намояндаи Вазорати маориф ва илм дар ток-шоуи “Рости гап”-и “Азия-Плюс”, мушкили ҷамъовари маблағ аз волидайнро дар мактабҳо тасдиқ карда, гуфта буд, ки талаби маблағ аз хонанда аз сӯи омӯзгор натанҳо дар доираи қонунгузорӣ, ҳамчунин аз нигоҳи ахлоқӣ падидаи номатлуб аст.
Зимнан, як пажӯҳиши Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон маълум кардааст, дар мактабҳо барои таъмири синфхонаҳо, лавозимоти дарсӣ, зодрӯзи омӯзгорон ва гузаронидани мулоқоту маросимҳои расмӣ маблағ ҷамъ мекунанд.
Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар суханронии худ дар рӯзи 1-уми сентябр аз таҷрибаи беасос ситонидани маблағ аз хонандагон, аз ҷумла барои зодрӯзи омӯзгорон интиқод карда аз роҳбарони вазорати маориф ва шуъбаҳои маориф хост то “ба ин ҳолатҳо қатъӣ хотима бахшанд”.
"Тавассути омӯзгорон ҷамъ овардани маблағ барои баргузории чорабиниҳо, таъмину тармим, обуна ба нашрияҳои гуногун, ба монанди инҳо, шахсияти омӯзгорро дар назди ҷамъият беқадр мекунад", - гуфта буд раисҷумҳур.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста