Сайфиддин Мирзоев — шахсияти маъруф дар ҷумҳурӣ ва берун аз ҳудуди он, коршиноси забони яғнобӣ ва муаллифи китобу дастурҳои таълимӣ оид ба забони яғнобӣ, аз ҷумла китобҳо барои кӯдакон мебошад. Бисёре аз васоити ахбори умум, аз ҷумла «Азия-Плюс», ҳамеша аз суханони ӯ дар бораи аҳаммияти ҳифзи забон ва анъанаҳои мардуми Яғноб иқтибос меоваранд. Ва барои назми яғнобиро беҳтар дарк намудани мардуми тоҷик, олим ҳатто шеърҳоро аз забони ягнобӣ ба тоҷикӣ тарҷума мекард.
Ҳамаи ин тааҷҷубовар нест, зеро худи Сайфиддин зодаи Яғноб буда, барои ояндаи беҳтари ватани худ талош меварзад.
Аз донишҷӯ то тарҷумони ҳарбӣ
Сайфиддин Мирзоев 10 июли соли 1958 дар деҳаи Гармени ноҳияи Яғнобдара таваллуд шудааст. Дар соли 1964 оилаи онҳо ба деҳаи Дӯғобаи ноҳияи Варзоб кӯчид. Ба гуфтаи Сайфиддин, дар он ҷо бисёр яғнобиҳо зиндагӣ мекарданд.
Соли 1980 ӯ ба факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (бахши форсӣ) дохил шуд. Ба ҷуз таҳсили хуб, ӯ инчунин яке аз беҳтарин варзишгарон буд.
Ду сол пас дар соли 1983 ӯ дар мусобиқаҳои варзиши сабук байни донишҷӯёни Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон иштирок карда, бо медали тиллои Кумитаи варзиши назди Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) сарфароз гардонида шуд.
Пас аз хатми донишгоҳ Сайфиддинро барои кор ба Афғонистон фиристоданд.
«Он вақт дар бахши арабӣ 25 донишҷӯ ва дар бахши форсӣ низ 25 нафар таҳсил мекарданд. Таҳсилкардагони бахши форсиро ё ба Эрон ва ё ба Афғонистон мефиристоданд. Маро ба Ҳироти Афғонистон фиристоданд, ки аз соли 1983 то 1984 ҳамчун тарҷумони ҳарбӣ дар як бригадаи танкӣ кор кардам. Албатта, он замон вазъият хеле мушкил буд, хусусан дар Афғонистон, аммо зиндагӣ чунин аст…», – мегӯяд ӯ.
Барои хизматҳои махсус Сайфиддин Мирзоев бо фармони Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ бо медалҳои «Барои шуҷоат» (За отвагу) ва «Барои хизмати ҷангӣ» (За боевые заслуги) қадрдонӣ шудааст.
Имрӯз Сайфиддин Мирзоев, номзади илми филология, дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ фаъолият мекунад.

«Агар мо онҳоро аз даст диҳем, ин фоҷиа мешавад»
Мирзоев борҳо таъкид кардааст, ки ҳифзи забони яғнобӣ барои омӯзиши таърихи забонҳои эронӣ ва дар маҷмӯъ таърихи тоҷикон то чӣ андоза муҳим аст. Ва натанҳо забони яғнобӣ.
«Забонҳои Бадахшон ва Помир барои мо хеле муҳиманд, зеро бо ин забонҳо аҷдодони мо ҳарф мезаданд. Забони яғнобӣ яке аз лаҳҷаҳои забони суғдӣ аст. Имрӯз онро "суғдии нав" низ меноманд. Топонимикаи лаҳҷаҳои зарафшонӣ ва кӯҳистони Бадахшон имрӯз барои ҷавонони мо нофаҳмо шудааст. Баъзе аз забонҳои помирӣ, масалан, забони ишкошимӣ, умуман ҳамчун забонҳои дар ҳоли нобудшавӣ ҳисобида мешаванд. Гап сари он аст, ки имрӯз хеле кам одамон бо ин забонҳо ҳарф мезананд. Касоне, ки бо ин забон ҳарф мезананд, одатан ба хориҷа, бештар ба Русия мераванд. Ин забонҳо барои мо асрори таърихро боз мекунанд. Ва агар онҳоро аз даст диҳем, ин як фоҷиа хоҳад буд», – мегӯяд Мирзоев.
Ба гуфтаи ӯ, дар худи Яғноб ҷавонон чандон майли зистан надоранд. Олим мегӯяд, ҷавонони он ҷо забонро чандон хуб намедонанд – онҳо бо забони яғнобӣ ҳарф мезананд, аммо ба таври омехта. Дар он ҷо яғнобиҳои тоҷикзабон низ зиндагӣ мекунанд.
«Масалан, ду деҳа вуҷуд дошт, ки дар онҳо бо забони тоҷикӣ ҳарф мезаданд, вале ҳоло дар яке аз онҳо касе намондааст. Дар дигар тараф чаҳор деҳа ҳаст, ки дар онҳо низ бо забони тоҷикӣ сухан мегуфтанд. Ҳамчунин 28 деҳаи хеле хурд мавҷуд аст, ки дар онҳо бо забони яғнобӣ гап мезананд. Аммо баъзе аз онҳо пас аз кӯчонидан дар соли 1970 ба ноҳияи Зафарабод хароб ва холӣ мондаанд. Дар тӯли 8 сол касе он ҷо зиндагӣ намекард. Соли 1978 теъдоди хеле ками мардум ба он ҷо баргашт. Аз ин рӯ, имрӯз ҳам дар он ҷо теъдоди ками одамон зиндагӣ мекунанд», – мегӯяд олим.

Чӣ гуна метавон забони яғнобиро ҳифз кард?
Ба гуфтаи Мирзоев, қаблан барои ҳифзи забони яғнобӣ шароити хуб фароҳам буд. Ҳатто дар мактаби-интернати деҳаи Анзоби ноҳияи Айнӣ ду соат дарси забони ягнобӣ таълим медоданд, аммо ин то соли 2006 давом кард. Имрӯз бошад, ба гуфтаи Сайфиддин Мирзоев, Кумитаи забон дубора барқарор намудани таълими ин забонро дар мактабҳо дастгирӣ мекунад.
«Мо талош мекунем, ки то соли 2030 дар мактабҳои минтақаи зиндагии яғнобиҳо забони онҳо дубора ба барномаи таълимӣ ворид карда шавад. Мо дархост додем, ки дарсҳои забони яғнобӣ то синфи 4 ташкил карда шаванд. Ҳоло барои ин омӯзгорон ҳастанд, онҳо дар мактабҳои олӣ таҳсил мекунанд. Агар дархост қабул шавад, мушкилоти кадрӣ нахоҳад буд», – мегӯяд мутахассис.
Мирзоев ба ёд меорад, ки дар гузашта дар ҷумҳурӣ оид ба забони яғнобӣ семинарҳои мухталиф баргузор шуда, онҳоро сарпарастон фаъолона дастгирӣ мекарданд. Забони яғнобӣ ҳатто таваҷҷуҳи хориҷиёнро низ ҷалб мекард. Худ Сайфиддинро як бор ба Италия барои ду сол даъват карда буданд, то забони яғнобиро таълим диҳад. Дар дарсҳои ӯ донишҷӯён, магистрантон ва ҳатто профессорон аз тамоми Аврупо иштирок мекарданд.
Дар Душанбе низ давраҳои омӯзишӣ (курсҳо)-и забони яғнобӣ вуҷуд доштанд, аммо онҳо дер давом накарданд. Ба гуфтаи Мирзоев, на ҳама имкон доштанд, ки ба ин машғулиятҳо ҳозир шаванд: бархе мушкилоти молиявӣ дошта, баъзеи дигар имкон надоштанд, ки аз минтақаҳои дур ба пойтахт оянд. Ҳарчанд одамони зиёде таваҷҷуҳ дошта бошанд ҳам, ин афрод асосан хориҷиён мебошанд.
Худи Сайфиддин Мирзоев барои ҳифзи забони модарии худ дар мавзӯи «Лексикаи забони яғнобӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя карда, китоби дарсӣ, луғатҳои дузабона ва сезабона таҳия кардааст. Ӯ дар бораи забон, фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Яғноб беш аз сад мақолаи илмӣ ва оммавӣ навиштааст.
Барои китобҳои дарсии «Забони яғнобӣ барои синфи 2» ва «Китоби хониш барои синфи 3» ӯ бо стипендияи Бунёди фарҳанги Иттиҳоди Шӯравӣ қадрдонӣ шудааст.
Мирзоев инчунин барои китобҳои «Фарҳанги забони яғнобӣ» ва «Фарҳанги манбаъҳои забонҳо ва лаҳҷаҳои эронии Тоҷикистон» ду маротиба ба ҷоизаи «Мавлавии Бунёдӣ» сазовор дониста шудааст. Бисёре аз ин китобҳо имрӯз дар Академияи илмҳо нигоҳ дошта мешаванд.
Ғайр аз ин, Сайфиддин Мирзоев дар давраҳои гуногун дар конфронсҳои байналмилалӣ натанҳо дар пойтахти Тоҷикистон, балки Арманистон, Италия, Помир ва Эрон иштирок кардааст.
Имсол ӯ дар ҳамдастӣ бо роҳбари Ташкилоти ғайриҳукуматии «Анахита» Воҳид Сафаров бори дигар дар Яғноб лагери тобистонаи кӯдаконро ташкил карданд, ки дар он кӯдакон бо анъана ва урфу одатҳои ниёгони худ ошно шуданд. Ҳар рӯз онҳо ба як деҳа рафта, бо хешовандонашон вомехӯрданд ва бо онҳо суҳбат мекарданд.
«Умеди аз байн нарафтани забони яғнобӣ ҳаст, то вақте ки яғнобиҳо ба таври мутамарказ, дар ҷамоаҳо зиндагӣ мекунанд. Ва дарҳои Институти мо барои хоҳишмандони омӯхтани ин забон ҳамеша боз аст, мо бо камоли майл кумак хоҳем кард!» – илова мекунад Сайфиддин Мирзоев.