Акнун ҷашну маросимро метавон онлайн, тавассути сомонаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта, тавсиянома гирифт.
Дар ин бора Кумитаи мазкур тариқи ирсоли паёмак (СМС) ба телефонҳои мобилӣ хабар додааст.
Дар ин Кумита ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки ин иқдом аз оғози соли 2024 ҷорӣ шуда, барои осон кардани раванди бақайдгирӣ пешбинӣ шудааст.
“Ин ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки пеш аз баргузории ҷашн ва ё маросим ба МИҲД-и шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо ташриф наоварда, маъракаи худро ба қайд гиранд. Раванди бақайдгирии тӯйҳои домодиву арусӣ ва маросими азодорӣ пурра ройгон аст”, - илова карданд дар Кумита.
Иҷозатномаи электрониро метавон дар сомонаи www.tanzim.tj сабтином карда, ба даст овард. “Азия-Плюс” раванди кори сомонаро санҷид.

Ҳангоми ворид шудан ба сомонаи номбурда ду тугма - “бақайдгирии тӯйи домодиву арӯсӣ” ва “бақайдгирии маросими азодорӣ”, пайдо мешаванд. Ҳангоми пахши тугмаи “бақайдгирии тӯйи домодиву арӯсӣ” равзана барои ворид кардани маълумот боз мешавад.
Дар ин равзана мебояд намуди чорабинӣ - тӯйи арӯсӣ ё домодӣ, намуди маърака - оши тӯй ё зиёфат, маълумоти шахсӣ, аз қабили ному насаби арӯсу домод, шаҳрвандӣ, суроға ва рақамҳои телефон, суроға ва вақту санаи баргузории чорабинӣ ва ҳатто забҳ кардан ё накардани чорворо ишора карда, нусхаҳои шиноснома ва маълумотнома аз САҲШ-ро оид ба аризаи қайди никоҳ боргузорӣ намудан лозим аст.
Бо ҳамин дархости шумо барои баррасӣ қабул шуда, дар ҳолати маъқул донистани он, ба шумо иҷозатномаи электронӣ фиристода мешавад.
Тартиби бақайдгирии маросими азодорӣ низ ҳамингуна аст, танҳо ҳуҷҷатҳои лозима фарқ мекунанд.
Бояд гуфт, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Танзими анъана ва ҷашну маросим” барои баргузории ҷашну маросим дастрас кардани иҷозаи расмии мақомот ҳатмӣ аст ва дар сурати ғайр, муҷозот пешбинӣ гардидааст.
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста