Алмаз Сайфиддинов, шореҳи иқтисодӣ ва роҳбари пешини “Бунёди Сорос” дар Тоҷикистон, дар Амрико даргузаштааст. Ӯ дар моҳи августи соли ҷорӣ муқими Амрико шуда буд.
Наздикони хонаводаи Алмаз Сайфиддинов рӯзи 24-уми октябр ба “Азия-Плюс” марги ӯро тасдиқ карданд. Сабаби марги ӯ то ҳол маълум нест.
Ба қавли пайвандонаш, ҷасади Алмаз Сайфиддиновро ба Душанбе оварда, ба хок месупоранд.
Алмаз Сайфиддинов аз ҷумлаи иқтисоддонҳои тоҷик буд, ки андешаҳояшро дар мавзуъҳои иқтисодӣ ва мушкили ҷомеа баён карда, дар "Фейсбук" саҳифаеро бо номи “Хабарҳои иқтисодии Тоҷикистон” роҳандозӣ карда буд ва ҳар навигарии иқтисодӣ ва андешаву таҳлилҳои худро онҷо нашр мекард.
Вай солҳои 2016 то 2021 раҳбарии шӯрои “Бунёди Сорос” дар Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.
Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор намуда, барояшон сабри ҷамил мехоҳад.
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тавбаи насӯх”
Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2024 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ чӣ гуна тағйир ёфт?
Нурулло Алиев амрикоиро мағлуб карда, рекорди худро то 10-0 расонид
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 январи соли 2025
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста