Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон қазияи латукӯби муаллими мактабе дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро шарҳ дода, онро ба хусумати шахсии ҷонибҳо рабт дод ва таъкид кард, ки ба раванди таҳсил дар мактаб иртибот надорад. Инчунин, мо бархе ҷузъиёти қазияи латукӯби муаллимаи мактабе дар Ваҳдатро ба даст овардем. Ин қазияи дастикам панҷуми латукӯби омӯзгорон дар зарфи шаш моҳи охир аст. Ҳолатҳои мазкур ҷомеаи шаҳрвандиро нигарон кардааст, вале мақомот ҳамвора таъкид мекунанд, ки масоили мазкурро зери назар қарор додаанд.

 

“Бе асос латукӯб кард”

Дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе мунташир гардид, ки дар синфхонаи мактабе марде омӯзгори ҷавонро латукӯб мекунад. Дар шарҳи он навор муаллиф иддао дошт, ки омӯзгори мактаби №22 ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аст ва ӯро “волидайни хонанда бе асос омада, дар синф кашола карда, ба ҳуҷраи муаллимон бурда, латукӯб кардааст”.

Муаллиф навишт, ки телефонашро ҳам ба зӯрӣ шикастааст ва ӯ аз рӯи ин қазия ба ШВКД Кӯҳистони Мастчоҳ шикоят кардааст, вале ба гуфтаи худаш, мақомот “натанҳо чора надиданд, балки худамро таҳдид карда истодаанд”.

Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хостори ба мақомоти марбута расидани ин қазия шуда, аз масъулин хоҳиш кард, ки ба қазия расидагӣ кунанд.

Ин қазия зуд дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва вокунишу нигарониҳои зиёдро дар пай овард, аммо субҳи имрӯз ин навор ва матн аз шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла аз гурӯҳи “Ахбор барои афкор” дар фейсбук ҳазф гардиданд.

 

“Аз рӯи хусумати шахсӣ омӯзгорро задааст”

Дар ин робита Вазорати маориф ва илм ҷузъиёти ин қазияро ба “Азия-Плюс” рӯшан кард ва иттилоъ дод, ки ҳодисаи мазкур даҳ рӯзи пеш дар мактаби №22-и деҳаи Худгифи Офтоби ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи манбаъ, нисфирӯзии 18-уми октябр Ағолиқов Ислом ба мактаби зикршуда ворид шуда, бо омӯзгори фанни забони русӣ Ҷумъазода Беҳрӯз, ки ҳамдеҳа ва хешаш мебошад, ҷанҷол мекунад.

“Нофаҳмии мазкур дар заминаи хусумати шахсӣ ба миён омада, ба раванди таълиму тарбия дар муассиса рабт надорад”, - таъкид карданд дар Вазорати маориф ва илм.

Манбаъ афзуд, омӯзгори ҷавон донишҷӯйи курси сеюми шуъбаи фосилавии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мебошад ва аз 30-юми сентябри соли равон ба кор ҷалб шудааст.

Ба гуфтаи вазорат, омӯзгор аз рӯи таҷриба надоштан “ҳодисаи мазкурро ба фаъолияти омӯзгории худ рабт дода, бо муболиғаи зиёд онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудааст”.

“Дар навбати худ, шуъбаи маорифи ноҳия аз кори кардаи омӯзгори ҷавон изҳори нигаронӣ менамояд, чунки номбурда ба дигар масъулини ноҳия, ғайр аз ШВКД, ягон хел муроҷиат накарда, ба шабакаҳои иҷтимоӣ маводи пурмуболиғаро ирсол намудааст”, - омадааст дар вокуниш.

Ҳамчунин, таъкид шудааст, шахсоне, ки дар навор дида мешаванд, сокинони деҳа мебошанд, ки барои бохабар шудан аз таҳсили фарзандонашон ба муассиса омадаанд ва ба ҳодисаи мазкур рабт надоранд.

Ба гуфтаи манбаъ, масъалаи мазкур зери назорати вазири маориф ва илм қарор дошта, гурӯҳи корӣ дар ҳамоҳангӣ бо мақомотҳои марбута дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ онро мавриди омӯзиш ва корбарӣ қарор медиҳад.

“Вазорати маориф ва илм ҳама гуна рафтору кирдореро, ки шаъну шараф ва мавқеи омӯзгорро дар ҷомеа паст менамояд, маҳкум мекунад”, - таъкид гардиддаст дар вокуниши вазорат.

Аммо назари худи муаллими латукӯбшуда ба ин баёнияи Вазорати маориф ва илм маълум нест. Талоши мо ҳам барои пайдо кардани ӯ бенатиҷа анҷомид.

 

Муаллимаи латукӯбшудаи Ваҳдат ба кор баргаштааст​​​​​​​

Дар шаш моҳи охир ин дастикам панҷумин ҳодисаи латукӯби омӯзгор дар гушаҳои гуногуни Тоҷикистон аст. Аз ҷумла, аввали моҳи октябр Файзихон Раҷабова, омӯзгори мактаби №8-и шаҳри Ваҳдат аз ҷониби модари яке аз хонандагони синфи 8 мавриди латукӯб қарор гирифт.

Пас аз расонаӣ шудани хабари мазкур вокунишҳои гуногун ба миён омад ва ҳамон шабу рӯз Вазорати маориф ва илм бархе ҷузъиёти онро шарҳ дод.

Хуршед Мавлонов, сухангӯи Вазорати маориф ва илм аз натиҷаи ин қазия ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “масъалаи модари хонанда аз ҷониби  мақомот баррасӣ шудааст”.

“Муаллима ҳоло ҳолаташ хуб аст ва ба кор баргаштааст”, - гуфт Мавлонов.

Аз ШВКД-и шаҳри Ваҳдат дар тамоси телефонӣ ба “Азия-Плюс” иттилои дақиқ надоданд ва гуфтанд, ки “дар ин бора ҳаққи гап задан надорем”.

Худи муаллимаи дар Ваҳдат латукӯбшуда барои шарҳи баёнияҳои ахири мақомот дастрас нест. Ба зангҳои пайдарпайи мо ӯ посух надод.

Қаблан ӯ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҷанҷол баъд аз он сар зад, ки вай аз хонанда хост, ба дарс халал нарасонад.

Фирӯза Сармисоқова, модари хонанда ба ин расона гуфта буд, ки бо муаллима даст ба гиребон шуд, вале ӯ ва духтараш дар ин ҳодиса гунаҳкор нестанд.

 

Се ҳолати дигари латукӯюи омӯзгор​​​​​​​

Аз ин пештар ҳам се ҳолати латукӯби омӯзгор аз ҷониби хонандагону ҷавонон расонаӣ шуда буд: яке дар шаҳри Бохтар ва ду ҳолати дигар дар ноҳияи Ховалинг.

Вазорати корҳои дохилӣ дар ду қазия парвандаи ҷиноӣ боз кард ва Вазорати маориф ва илм гуфт, ки “шаъну шарафи омӯзгор таҳти муҳофизати давлат қарор дорад”.

Ҳайдар Қосим, яке аз омӯзгорони собиқадор дар Душанбе чанде пеш дар ин робита ба “Азия-Плюс” гуфта буд, сабабҳои латукӯби омӯзгор ба тарбияи дуруст нагирифтани хонанда дар оила ва инсонигарӣ надоштани волидон рабт дорад.

Падару модарон ҳам иқрор мешаванд, ки тарбияи носолими фарзанд дар оила ва тарафдории волидон аз ҳар кирдори анҷоммедодаи фарзандон сабаби ҷангу даъво дар мактб ва латукӯби омӯзгорон мешавад.

Манзума Абдуллоева, як сокини Душабе, таъкид мекунад, ки “набояд мансаби падар боиси аз худ рафтани хонанда шавад”.

Ёдовар мешавем, ки моддаи 52-и Қонун “Дар бораи маориф” ба “ҳифзи шаъну шарафи омӯзгор” равона шудааст ва дар он гуфта мешавад, ки “шаъну шарафи омӯзгор таҳти муҳофизати давлат қарор дорад ва ба ҳама ҳолатҳои нақзи он баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.