Рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеа дар бахши ҳифзи ҳайвонот Зулфия Голубева маъракаи экологии #OzmuniSabz2024-ро роҳандозӣ намуд, ки дар доираи он метавон дар рӯбучину тоза кардани пойтахт саҳм гузошта, инчунин туҳфаҳои арзишманд бурд кард.
Ба гуфтаи ташкилкунанда, ин иқдом ба одамон ҷиҳати беҳтар дарк намудани аҳаммияти ҳифзи муҳити зист ва дастгирии бештари ташаббусҳои экологӣ кумак мекунад.
#OzmuniSabz2024 дар ду шакл - челлендж ва шанбегиҳо баргузор мешавад.
Челлендж як ҳафта пеш дар Инстаграм оғоз шуд. Бо иштирок дар он имкон пайдо мешавад, ки ҷоизаҳои арзишманд, аз қабили электросамокат, велосипед ва микрофон бо аудикорт бурд намоӣ.
Барои иштирок дар мавзӯи экологӣ дар шакли рилс бо хэштеги #OzmuniSabz2024 видео наворбардорӣ кардан лозим аст. Мавзӯи наворҳои кӯтоҳ (роликҳо) метавонанд гуногун бошанд - аз ҷамъоварии партов то дигар корҳои шахсии муфид барои беҳбуди вазъи экологӣ.
Ҷоизаҳо барои бурди танҳо иштирокчиёни челлендж пешбинӣ шудааст. 10 ролики беҳтарин бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуда, ҷоизаҳои асосӣ ба се муаллифи беҳтарин тақдим мешаванд.
Ҳамчунин баргузор намудани 5 шанбегӣ- 4-то дар Душанбе ва 1-то дар гирду атрофи пойтахт ба нақша гирифта шудааст.
Маърака бо дастгирии намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон доир гардида, то охири моҳи январи соли 2025 идома меёбад. Маълумоти муфассал дар ин бора дар саҳифаи Инстаграми Зулфия Голубева қобили дарёфт аст.
Ба #OzmuniSabz2024 ҳамроҳ шавед, то ки ҷаҳонро тозатару бехатар кунед!