Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) дар гузориши солонаи худ ҳукумати Тоҷикистонро барои саркӯби озодии сухан ва зиндонӣ кардани рӯзноманигорон танқид карда, талаб намудааст, ки журналистони боздошту зиндонишударо озод кунад.
“Бо иттиҳомоти сохта зиндонӣ накунед”
Дар гузориши CPJ омадааст, то рӯзи 1-уми декабри соли 2024, ҳадди аққал 8 рӯзноманигор дар Тоҷикистон бо иттиҳомоти сохта, ба монанди “экстремизм” ва “терроризм”, зиндонӣ шудаанд.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон бо истифода аз қонунҳои норавшан, фаъолияти рӯзноманигоронро саркӯб мекунад ва ба озодии сухан маҳдудиятҳои сахт мегузорад. Ин созмон дар паси дарҳои баста сурат гирифтани мурофиаҳои додгоҳии рӯзноманигорони тоҷикро низ интиқод кардааст.
Гузоришгарон мегӯянд, ки иттиҳомоти зидди рӯзноманигорон аксаран бо фаъолияти онҳо дар таҳқиқоти журналистӣ ва таъкид ба мушкилоти иҷтимоиву сиёсӣ марбутанд.
“Боздошту тафтишоту зиндонӣ кардани рӯзноманигорон нишон медиҳанд, ки ҳукумат кӯшиши хомӯш кардани ҳар гуна садои мустақилро дорад”, - омадааст дар гузориши CPJ.
Дар муқоиса бо дигар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, ба гуфтаи гузоришгарони CPJ, Тоҷикистон дар роҳи таъмини озодии матбуот қафо мондааст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи манбаъ, кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла Қирғизистон ва Қазоқистон, то андозае озодии бештар ба матбуот медиҳанд, дар Тоҷикистон фазои озодии матбуот аз соли 2020 ба таври назаррас танг шудааст.
Ин тамоюлро Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон ҳамчун бадтарин вазъият дар Тоҷикистон пас аз ҷанги шаҳрвандӣ арзёбӣ кардааст.
Талабҳо аз ҳукумати Тоҷикистон
Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон аз ҳукумати Тоҷикистон талаб мекунад, ки рӯзноманигорони беасос зиндоншударо фавран озод намояд, муҳокимаҳои шаффофро таъмин ва иттиҳомоти сохтаро бекор куна ва озодии матбуотро ҳамчун яке аз рукнҳои асосии ҷомеаи демократӣ эҳтиром кунад.
Инчунин, Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон ба созмонҳои дигари байналмилалӣ тавсия додааст, ки барои беҳбуд бахшидан ба вазъи озодии матбуот ба Тоҷикистон фишор оранд ва ҳукумати кишварро ба риояи стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон водор созанд.
Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон дар гузориши солонаи худ навишт, ки то рӯзи 1 декабри соли 2024 ҳадди аққал 361 рӯзноманигор дар ҷаҳон бо сабаби фаъолияти касбии худ дар зиндон будаанд.
Ин бори аввал нест, ки созмонҳои байналмилалии дифоъ аз журналистон озодии рӯзноманигорони тоҷикро дархсот мекунанд. Қаблан, низ чунин талабҳо садо дода буд. Вале ба ҳеҷ яке аз ин талабҳо ҷониби Тоҷикистон посух надодааст.
Бояд гуфт, ки аввали соли 2025 рӯзноманигор ва сармуҳаррири нашрия “Пайк” Аҳмади Иброҳим ба “ришвадиҳӣ”, “тамаъҷӯӣ” ва “ифротгароӣ” айбдор шуда, 10 сол равонаи зиндон гардид. Худи Аҳмади Иброҳим ва пайвандонаш иттиҳомотро қабул надоранд.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло қариб 10 рӯзноманигори тоҷик бо иттиҳомоти гуногун дар зиндон қарор доранд. Аксари ин журналистон айбҳои алайҳашон эълоншударо қабул надоранд ва борҳо ба унвони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мактуб навишта, хостори адолат шуданд.
Ҳуқуқшинос, муҳандис ва вакили парлумон: Вазири нави меҳнату муҳоҷират кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 феврали соли 2025
Низоми 10-холаи баҳогузорӣ, норасоии кадрӣ, мақоми омӯзгор... Вазири маориф дар нишасти матбуотӣ боз чӣ гуфт?
Моякӯбӣ барои кӣ ва чӣ муҳим аст?
“Ба кушторҳои Конибодом рабт надорад”. Мақомоти Суғд дарёфти ҷасади як зан аз дарёи Сир, ки боиси сару садо шуда буд, шарҳ доданд
Таҳсили ғайриқонунии динии қариб 40 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа. Кумитаи дин ду роҳи ҳал пешниҳод мекунад
Чаро зани серфарзанди тоҷикро дар Русия баъди тақдими хона дастгир карданд?
Вазири энергетика 5 шарти расидан ба "истиқлолияти комили энергетикӣ" дар соли 2027-ро гуфт
“Асоси воқеӣ надорад”. Вазири маорифи Тоҷикистон ба вакили Думаи давлатии Русия посух дод
Муаррифии китобҳои насли нав. Аз китобҳои оддӣ чӣ тафовут доранд ва нархашон чанд аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста