Шуруъ, аз 1-уми феврали соли равон Арабистони Саудӣ барои ҳамаи мусофироне, ки ба ин кишвар ворид мешаванд, гувоҳномаи эмгузаронӣ бар зидди бемории илтиҳоби пардаҳои майна ё худ менингит талаб мекунад.

Дар ин бора Вазорати тандурустии ин кишвар хабар дода, навиштааст, ки ин талабот ба ҳамаи мусофирони аз 2-сола боло, аз ҷумла ба зоироне, ки барои адои Ҳаҷ ва Умра ба Арабистони Саудӣ мераванд, дахл дорад.

Ба иттилои манбаъ, мусофирон бояд ваксинаи чорҷузъии “Neisseria” гиранд ва гувоҳномаи эмгузарониро то 10 рӯз пеш аз сафар ба даст оранд.

Гуфта мешавад, ин тадбир барои таъмини бехатарии саломатӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷорӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки ҳамасола аз Тоҷикистон садҳо нафар барои адои Ҳаҷи фарзӣ ва Умра ба Арабистони Саудӣ мераванд (ба сифати сайёҳон камтар сафар мекунанд). Мусулмонон ҳаҷҷи фарзиро дар арафаи иди Қурбон анҷом медиҳанд ва он бештар аз 1 моҳ идома мекунад.

Вазъи эмгузаронӣ зидди бемории менингит дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар кишвар феълан ваксина бар зидди менингит мавҷуд нест, зеро эҳтиёҷ ба он хеле кам буда, худи беморӣ низ хеле кам ба мушоҳида мерасад.

Дар Вазорат зикр карданд, ки эмгузаронӣ (ваксинатсия) бар зидди менингит танҳо барои зоирони ҳаҷҷи фарзӣ зарур буда, онҳо бо ваксина таъмин карда хоҳанд шуд.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки Кумитаи дин бояд ба Вазорати тандурустӣ рӯйхати зоирони ҳаҷҷи фарзиро пешниҳод намуда, маблағҳои заруриро барои хариди ваксина ҷудо кунад.

Баъдан ваксина харидорӣ шуда, ба муассисаҳои тиббии минтақаҳо тақсим карда мешавад, то ки зоирон пеш аз сафар ваксина гиранд ва ба онҳо гувоҳномаи дахлдор дода шавад.

Пули эмгузарониро худи зоирон пардохт мекунанд. Он дар маблағи умумии пардохт барои ҳаҷ пешбинӣ мешавад.

Дар соли 2024 арзиши хидматрасонии ҳаҷ 57 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин 2 ҳазор сомонӣ камтар аз соли 2023 мебошад (он замон 59 ҳазор сомонӣ буд). Соли 2022 нархи ҳаҷ 61 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар бораи арзиши ҳаҷи соли 2025 маълумот моҳи июн эълон хоҳад шуд.

Ҳамин гуна низом нисбат ба дигар ваксинаҳое, ки барои зоирон ҳатмӣ мебошанд, низ амал мекунад.

Ёдрас мекунем, ки соли 2024 Арабистони Саудӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати адои маросими ҳаҷи фарзӣ 7 ҳазор квота ҷудо карда буд.

Зойирини тоҷик
Сурат: Asia-Plus, акс аз бойгонӣ

Эмгузаронӣ пеш аз умра, кӣ масъул аст?

Дар робита ба зоироне, ки барои адои маросими ҳаҷи умра сафар мекунанд, масъулияти эмгузаронии онҳо ба дӯши ширкатҳои сайёҳӣ гузошта мешавад.

Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, арзиши сафар инчунин суғуртаи тиббиро дар бар мегирад, ки бояд хароҷоти эмгузарониро пӯшонад.

Илова бар ин, ба шаҳрвандоне, ки барои гирифтани раводид ба Арабистони Саудӣ на ба сифати зойирон муроҷиат мекунанд, тавсия дода мешавад, ки талаботи эмгузарониро бевосита аз сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон дақиқ кунанд.

Менингит чӣ гуна беморӣ аст?

Менингит ё худ илтиҳоби пардаҳои майна - бемории илтиҳоби пардаҳои мағзи сар ва ҳароммағз мебошад. Менингит метавонад боиси фавт гардад ва табобати фавриро талаб мекунад. Бактерияҳо, вирусҳо, замбӯруғҳо ва паразитҳои гуногун метавонанд омили ин беморӣ бошанд. Аксари вақт он метавонад аз як шахс ба шахси дигар сироят кунад. Ба ин беморӣ шахсони синну соли гуногун метавонанд мубтало шаванд.

Барои мубориза бо ангезандаҳои асосии бактерияҳои менингит тарзу усулҳои самараноки муолиҷа ва эмгузаронӣ таҳия шудааст, лекин ин беморӣ то ҳол барои солимии аҳолӣ дар саросари дунё хатари ҷиддӣ боқӣ мемонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.