Агар умр вафо мекард, имрӯз, 26-уми январ Наримон Бақозода, адиби маъруфи кӯдакон 90-сола мешуд. Ба муносибати зодрӯзи ӯ, шуморе аз адибон ва ихлосмандони ашъораш дар чорабиние, ки рӯзи 24-уми январ дар Иттифоқи нависандагон гузашт, аз осору рӯзгораш ёд оварданд.
Адибон аз ӯ ба унвони яке аз шоирони забардасти адабиёти кӯдакона ва устоди чандин насли шоирони бачагона ном бурда, хотираҳояшонро аз ин адиби маъруф қисса карданд.
Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки маҳфил бо нутқи ӯ оғоз ёфт, аз Наримон Бақозода ба унвони инсони хоксор ёд кард.
“Ба он дараҷа хоксор буд, ки ҳатто фикр намекардем, ки ҳамин одам дар адабиёт ҳузур дорад. Дар ягон ҷо қариб ба таври чашмрас аз ӯ ёд намекардем, дар борааш сухан намегуфтем. Вале бубинед, ки ҳамон нафаре, ки дар ҳамон давра назарногир буд, ин қадар эҷод кардаасту мерос гузоштааст”, - гуфт Ато Мирхоҷа.
Ба андешаи ӯ, Наримон Бақозода рисолаташро дар адабиёт пурра иҷро кард ва осорашро ҳамсанги осори Убайд Раҷаб, Гулчеҳра Сулаймонӣ дар адабиёти кӯдакона метавон донист.
Баъдан, гардонандагии маҳфилро Азизи Азиз, роҳбари шӯъбаи адабиёти бачагонаи Иттифоқи нависандагон ба даст гирифта, хотираҳояшро аз Наримон Бақозода нақл карда, адибони дигарро ба минбари сухан хонд.
Бақозода – асосгузори асари саҳнавии бачагона
Ӯ Наримон Бақозодаро асосгузори жанри асари саҳнавии бачагона номид. Ба гуфтаи ӯ, сенарияи аввалин асари саҳнавиро барои кӯдакон Бақозода навиштааст, ки "Хонаи заргӯш-бибӣ" ва "Ҷингилапо" ном доштанд.
Ин таъкидро Тӯрахон Аҳмадхонов, коргардони тоҷик низ тасдиқ карда, хизмати Бақозодаро дар драматургия, ки ба андешаи ӯ, “сад маъниро як маънӣ карда гуфтан ва сад суханро як сухан ифода кардан аст” баҳои мусбат дод.
Ӯ аз асари “Бахтатро бедор кун”-и Наримон Бақозода ба унвони яке аз беҳтарин асари драмавии адабиёти кӯдакона ном бурд, ки баъди саҳнавӣ шуданаш дар тамоми гӯшаю канори кишвар намоиш дода шуда, хуш истиқбол ёфтааст.
Ташкили ҳафтаи китоби бачагона ва пешниҳоди номгузорӣ кардани мактаб ё муассисае ба номи Наримон Бақозода
Ба нақли Азизи Азиз, дар эҳёи фестивали “Ҳафтаи китоби наврасон ва ҷавонон”, ки ҳар сол аз 2-юм то 9-уми апрел дар Тоҷикистон баргузор мешавад, хизмати Наримон Бақозода беназир аст.
Справка по теме
Наримон Бақозода 26-уми январи соли 1935 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи Абулато Бақозода, журналисти маъруфи “Овози тоҷик” зода шуда, тифлиашро он ҷо гузаронидааст. Баъди хатми мактаби миёна ба Душанбе омада, дар ҳамин ҷо таҳсил ва фаъолият кардааст. Аз ҷумла, солҳо дар рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ”, нашриёти “Ирфон”, “Тоҷикфилм”, маҷаллаи “Машъал” ва Кумитаи ҳимояи сулҳ ва бунёди сулҳи Тоҷикистон кор кардааст. Наримон Бақозода барои кӯдакон дар тамоми жанрҳои адабиёт, шеър, ҳикоя, тарона, чистон, тезгӯяк, драма, либретто, фелетон асарҳо офарида будааст. Ӯ муаллифи маҷмӯъаҳои “Гулдара”, “Шеърҳо, афсонаҳо, чистонҳо”, “Сурнайчӣ”, “Оши ҳалол” ва даҳҳо китобҳо аст. Яке аз хидматҳои дигари ин адиб коркарди нави фолклори бачагона, яъне “Афсонаҳои халқи тоҷик” дониста мешавад. Шоир соли 2009 дар рӯзи мавлудаш, дар синни 74-солагӣ, бар асари сактаи қалб аз олам чашм баст.
Ба таъкиди вай, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ин анъана фаромӯш шуда буд ва бо ташаббуси Бақозода он дубора эҳё шудааст. Бақозода ҳар сол адибонро ҷамъ оварда, 8-10 рӯз шаҳр ба шаҳру ноҳия ба ноҳия гашта, маҳфилҳои шеър баргузор мекард.
Ба нақли Абдураҳмон Абдуманнонов, адабиётшиноси тоҷик, Наримон Бақозода дар зиндагӣ шахси озода буд, байни хоксориву эҳтироми худ ва ғуруру худписандӣ тафовут гузошта метавонист ва эҳтиромашро нигоҳ медошт.
“Ягон вақт дар ягон маҷлис, сӯҳбат ва дар муносибатҳо ман аз эшон ягон сухани хушомадомез нашунидам, ки ба касе гуфта бошад. Меҳрубонӣ мекард, вале хушомад намекард. Иззату нафси худро нигоҳ медошт ва ҳеҷ гоҳ нописандона ба касе муносибат намекард”, - илова кард ӯ.
Ҷӯра Ҳошимӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, ки Наримон Бақозодаро устоди худ меҳисобад, пешниҳод кард, ки ягон мактаб ё муассиса ба хотири бузургдошти ин шоири маъруфи кӯдакон ба номаш гузошта шавад.
Хотираҳои пайвандон
Дар маҳфили ёдбуди Наримон Бақозода пайвандону наздиконаш низ ҳузур доштанд. Онҳо низ аз шахсияту хизматҳои Наримон Бақозода ёд оварда, аз ӯ ҳам дар оила ва ҳам дар фаъолият ба унвони шахси масъулиятшинос ном бурданд.
Аз ҷумла, Қаҳрамон Бақозода писари Наримон Бақозода қисса кард, ки падараш дар оила басо шахси бонизом буд, аз хурдтарин ҷузъиёти зиндагӣ – омодагии тамоми лавозимот дар хон пеш аз хӯрокхӯрӣ то дар масъалаҳои ҳассоси ҳаёт ин низомро риоя мекардааст ва ин хислат ба фарзанонаш низ мерос мондааст.
Ӯ гуфт, имсол китоби хотираҳо ва ҳамчунин китоби осори падарашро интишор хоҳанд кард. Ҳамчунин мақсад доранд, сомона боз карда, тамоми осори Наримон Бақозодаро дар он боргузорӣ кунанд, то барои ҳама дастрас гардад.
Дар маҳфил як гурӯҳ хонандагони мактаб низ иштирок доштанд, ки маҳфил бо шеърхонии онҳо аз осори Наримон Бақозода хотима ёфт.
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Сокини Твер дар бақайдгузории қалбакии иштирокчиёни парвандаи “Крокус” айбдор дониста шуд
Аз посух ба матлаби “CNN”, ки Синоро “ӯзбек” муаррифӣ кард то пешниҳоди “Тоқӣ” ба феҳристи UNESCO ва ҷарроҳии Нозим Меликов
Дар интихоботи президентӣ дар Беларус Александр Лукашенко пешсаф аст
Размикори тоҷик Сарвар Ҳамидов ба промоушени PFL гузашт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 январи соли 2025
Дар бораи макони нерӯ, истеъдодҳо ва оянда. Чаро “Азия-Плюс” дар Тоҷикистон ҳамчун расонаи №1 боқӣ мемонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 январи соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста