Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи мутахассисони тибби таъҷилии Туркия (ATUDER) бо мизбонии Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 19-22-уми майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, барномаи омӯзишӣ ташкил намуд. Дар ин омӯзиш, ки аввалин барномаи фарогири байналмилалӣ дар соҳаи тибби таъҷилӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ба 70 нафар табибон ва мутахассисони соҳаи тандурустӣ оиди ташхиси фаросавтии дил (ФОКУС) омӯзиши назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуд.
Дар доираи барнома ба иштирокчиён дар бораи физикаи ултрасадо, усулҳои асосӣ ва пешрафтаи муоинаи ултрасадои дил (FOCUS), протоколҳои BLUE (ултрасадои таъҷилии шуш дар ҳолати норасоии шадиди роҳи нафас) ва RUSH (ултрасадои таъҷилӣ дар ҳолати шок), усулҳои муоина дар раванди эҳё ва протоколҳои мудохила дар назди бистари бемор маълумот дода шуд. Омӯзиш инчунин аз ҷиҳати ҷалби таваҷҷӯҳ ба аҳамияти мудохилаи сареъ ва дуруст ҳангоми боздошти ногаҳонии дил, ки махсусан дар давраи пас аз COVID-19 афзоиш ёфтааст, муҳим аст.
Дар маросими супоридани шаҳодатномаҳо, ки дар фарҷоми барнома баргузор гардид, ректори Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Ҷиёнхон Муҳаббатзода, сафири Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар, мураббиёни Ассотсиатсияи мутахассисони тибби таъҷилии Туркия (ATUDER) бо роҳбарии президенти ассотсиатсия профессор Башар Ҷандер ва ҳамоҳангсози ТИКА дар Тоҷикистон Ибраҳим Этҳем Унал ширкат варзиданд.
Дар маросими супурдани шаҳодатнома, президенти ATUDER профессор Башар Ҷандер чунин иброз намуд: "Тибби муосири таъҷилиро дигар бидуни дониши ултрасадои назди бистар тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ин усулҳо дар ҳолатҳои фавқулодда нақши наҷотбахш доранд".
Сафир Умут Аҷар низ аз ташаббусҳои ТИКА дар самти табодули дониш ва таҷрибаи Туркия дар соҳаи тандурустӣ бо Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард ва изҳори умедворӣ намуд, ки чунин барномаҳо минбаъд низ афзоиш хоҳанд ёфт.
Ин барномаи омӯзишӣ як қадами муҳим дар самти беҳбуди сифати хизматрасонии тиббии таъҷилӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.



