Аз 1-уми сентябри соли 2025 нафақа дар Тоҷикистон ба андозаи 10% афзуд. Лекин ин болоравӣ танҳо қисман гароншавии молу хидматрасониҳоро метавонад ҷуброн кунад. Барои аксари нафақахӯрон иловапулӣ рамзӣ боқӣ мемонад ва мушкили даромади пастро ҳал намекунад.

Маҳсулоти ниёзи аввалия дар Тоҷикистон доимо гарон мешаванд. Ин бахусус дар мисоли нону орд ва сабзавот назаррас аст.

Бино ба маълумоти Агентии омор, танҳо дар нимсолаи аввали соли 2025 нархи нон 4,7% ва орд - қариб 5% зиёд шудааст. Аз миёни сабзавот сабзӣ дар як сол се баробар ва сирпиёз - ду баробар гарон шуда, нархи картошка ва карам низ боло рафт.

Барои одамони калонсол, ки дар ҳама чиз сарфаҷӯӣ мекунанд, ин ҳолатҳо ба як озмоиши ҷиддӣ табдил меёбанд. Аксарият аз маҳсулоти аз ҳама зарурӣ даст кашида, бисёре аз нафақахӯрони тоҷик аслан бо кумаки хешону пайвандон зиндагӣ мекунанд.

Нафақаи миёна дар Тоҷикистон имрӯз яке аз пасттарин дар фазои пасошӯравӣ аст. То аввали моҳи августи соли 2025 ҳаҷми он 470,62 сомонӣ, яъне 50 доллар тибқи қурби ҷориро ташкил медиҳад. Аз 1 сентябр ба он 5 доллар илова шуд.

Дар кишвар се навъи нафақа таъин мешавад: меҳнатӣ, суғуртавӣ ва иҷтимоӣ. Ҳаҷми миёнаи онҳо аз 366 то 644 сомонӣ ё худ аз 39 то 68 долларро ташкил медиҳад.

Муқоиса бо ҳамсоякишварҳо

Агар бо дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) муқоиса кунем, фарқият хеле бузург аст.

Дар Қазоқистон нафақаи миёна ба 300 доллар, Русия - қариб 290 доллар ва Беларус - 256 долларро ташкил дода, ҳатто дар Қирғизистон ва Ӯзбекистон нафақахӯрон дар як моҳ зиёда аз 120 доллар мегиранд.

Барои муқоиса: нафақахӯри тоҷик агар ҳамаи нафақаашро ба хариди гӯшти гов сарф кунад, пулаш ба ҳамагӣ - 4-5 кг дар як моҳ мерасад ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар Беларус ин нишондиҳанда ба ҳудуди 32 кг баробар аст.

Бар асари нафақаи ночиз баъзе нафақахӯрон дар кӯчаҳо пулталбӣ мекунанд
Акс аз бойгонии Asia-Plus

Дар ҳамин ҳол теъдоди нафақахӯрон дар Тоҷикистон нисбатан зиёд нест. То 1 июли соли 2025 дар ҷумҳурӣ каме бештар аз 858 ҳазор нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шуда буданд, ки ҳамагӣ ба 8%-и аҳолӣ баробар аст.

Барои муқоиса, дар Русия ҳисса одамони калонсод 28%, Қазоқистон, Беларус ва Эстония - ҳудуди 25% ва Гурҷистон - зиёда аз 16%-ро ташкил медиҳад.

Ҳиссаи нисбатан пасти нафақахӯрон дар Тоҷикистон афзоиши баланди табиии аҳолӣ маънидод мешавад, ки ба 2% дар як сол баробар буда, баландтарин нишондиҳанда байни кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) аст.

Ислоҳоте, ки сурат нагирифт

Коршиносони масоили иқтисодӣ таъкид мекунанд, ки чунин вазъияти демогорафӣ, яъне вақте ба як нафақахӯр қариб 4 шахси коргар рост меояд, метавонист барои низоми нафақаи устувор асоси мусоид шавад. Аммо дар амал маоши паст ва имконоти маҳдуди буҷет пардохтҳои шоиставу муносибро таъмин карда наметавонанд.

Маоши миёна дар Тоҷикистон ҳудуди 283 долларро ташкил медиҳад ва саҳмгузориҳои нафақа маҳз ба ҳамин даромадҳо вобастаанд.

Мақомот ҳанӯз соли 2005 қонун “Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа”-ро қабул карданд, ки бояд сохторҳои хусусии андӯхтро роҳандозӣ мекард, лекин қариб дар муддати аллакай 20 сол ҳеҷ яке аз чунин фондҳо пайдо нашуд.

Сабабҳояш фаҳмоянд: маоши паст барои одамон маблағи зиёдатӣ барои андӯхти нафақа боқӣ намегузорад, эътимод ба ташкилотҳои хусусӣ бинобар муфлисшавии бонкҳои бузург халалдор шуд ва саводнокии молиявии аҳолӣ паст боқӣ мемонад.

Ба ин ҷо хавфҳои таврррумро илова мекунем ва фаҳмотар мешавад, ки чаро шаҳрвандон ба лоиҳаҳои дарозмуҳлат саҳмгузорӣ кардан намехоҳанд.

Нафақахӯрони тоҷик
Акс аз бойгонии Asia-Plus

Имрӯз нафақа дар Тоҷикистон на сарчашмаи воқеии даромад, балки як пардохти рамзӣ боқӣ мемонад. Коршиносон бар ин назаранд, ки тағйири вазъият танҳо тариқи рушди низоми хусусии нафақа ва фароҳам овардани ҳавасмандиҳо барои андӯхт имкопазир аст. Бидуни ин одамони калонсол мисли пештара ба кумакми фарзандони худ вобаста  ва дастгирии давлат дар сатҳи кумакпулиҳое, ки ҳатто ба таъмини пиронсолии як навъ шоиста қодир нест, боқӣ мемонад.

Тибқи маълумоти гузориши “Маҷмӯаи омории Нишондиҳандаҳои асосии Таҳқиқоти буҷети хонаводаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2024”, нафақа 13,9% аз ҳаҷми маҷмӯи даромадҳои хонаводаҳоро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумот дар бораи таркиби даромад аз лиҳози навъи зист, нисбат ба деҳот дар хонаводаҳои шаҳр ҳиссаи нафақа зиёдтар аст.

Қисмати зиёди даромадро дар деҳот хоҷагии шахсии ёрирасон ва шуғли инфиродӣ ё худ мустақилона таъмин карда, дар шаҳрҳо сарчашмаҳои асосӣ нафақа ва маош мебошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.