Дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ иҷоза надодаанд, ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори зиндонӣ берун аз маҳбас ҷарроҳӣ шавад ва сабабашро ҳам шарҳ додаанд. Худи рӯзноманигор барои ҷарроҳӣ дар беморхонаи зиндон розӣ нашудааст.

Дар ин бора яке аз пайвандони Пирмуҳаммадзода ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфт, ки рӯзноманигорро аллакай аз беморхонаи зиндони шаҳри Ваҳдат ба зиндони нозомаш сахти шаҳри Душанбе интиқол додаанд.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, вақте аз бемории Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва интиқоли ӯ ба бемористони зиндони шаҳри Ваҳдат дар аввали моҳи сентябр огоҳ шуданд, аз мақомот иҷоза гирифта, табиби бемористони шаҳри Ваҳдатро барои муоинаи рӯзноманигор ба бемористони зиндони Ваҳдат, маъруф ба “Кирпичный”, бурдаанд.

“Духтур бо Абдусаттор вохӯрд, ӯро муоина кард, гуфт, ки вазъи саломатиаш бад аст, талхааш пусидаст, гурдаҳояш ҳам дарди шадид дорад, хароб шудааст. Духтур гуфт, ки ӯ бояд ҷарроҳӣ шавад. Мо то ҳол Абдусатторро надидаем, вале худаш ба духтур гуфтааст, ки намехоҳад дар дохили зиндон ҷарроҳӣ шавад, зеро шароити хуб надорад. Яке аз сабабҳои асосии розӣ нашуданаш ҳам, ҷарроҳии бобуриш будааст. Дар беруни зиндон имкони бо усули лазерӣ ва камдард ҷарроҳӣ шавад”, - гуфт яке аз пайвандони рӯзноманигор.

Ӯ афзуд, “барои ҷарроҳӣ ба Сарраёсати ҷазои ҷиноятӣ хаттӣ муроҷиат кардем, ба наздикӣ бо муовини сардор ва як масъули дигарашон вохӯрдем, аммо онҳо ба дархости мо ҷавоби рад доданд. Сабабашро гуфтанд, ки дар бемористони зиндони шаҳри Ваҳдат имкони ҷарроҳӣ кардан ҳаст, аз ин рӯ, ниёз нест, ки Абдусатторро дар беруни зиндон ҷарроҳӣ кунанд”.

Пайвандони рӯзноманигор аз вазъи саломатии ӯ сахт нигарон ҳастанд ва таъкид доранд, ки бо интиқол ба зиндони низомаш сахти шаҳри Душанбе, акнун пас аз 8 моҳ бо Абдусаттор Пирмуҳаммадзода метавонанд мулоқот кунанд.

“Азбаски зиндони низомаш сахт аст, то 8 моҳи дигар иҷозаи мулоқот намедиҳанд. Аз вазъи саломатии Абдусаттор сахт хавотир ҳастем. Дар ин 8 моҳ ба ӯ чӣ мешавад, Худо медонад...”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи пайвандон, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода 6 моҳи охир, аз моҳи март то моҳи август, дар ҳуҷраи камераи ҷаримавии зиндони шаҳри Хуҷанд (ШИЗО) қарор дошт. Пас аз хуруҷи бемориаш ӯро моҳи сентябр аввал ба Душанбе ва пасон ба бемористони зиндони шаҳри Ваҳдат интиқол доданд. Акнун дубора ӯро ба зиндони низомаш сахти Душанбе овардаанд.

Мавқеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ниҳоди масъули нигоҳдории зиндонҳо дар Тоҷикистон, ба ин гуфтаҳои пайвандони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода маълум нест. Онҳо то кунун ба хабарҳои нашршуда ҳам расман вокуниш накардаанд.

Пас аз расонаӣ шудани бемории Пирмуҳаммадзода, Кумитаи байналмилалии дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки фавран ба рӯзноманигори зиндонӣ ёрии тиббӣ расонанд. Аммо ба ин иҳорот ҳам мақомоти Тоҷикистон то ҳол вокуниш накардаанд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода моҳи декабри соли 2022 бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнуъ ба 7 сол зиндон маҳкум шуд. Аммо худаш ва наздиконаш айбномаро борҳо рад кардаанд.

Ин рӯзноманигор баъди боздошт дар номае аз боздоштгоҳ навишт, аз рӯзи аввал зери фишори равонӣ ва шиканҷа буд, то иттиҳоми ба қавлаш “бофтаву сохта”-ро ба дӯш гирад. Дар Додситонии кулли Тоҷикистон инро тасдиқ накарданд.

Ёдовар мешавем, ки дар чанд соли охир дар Тоҷикистон дастикам 10 рӯзноманигор, аз ҷумла Далер Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибеки Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, Аҳмади Иброҳим, Рухшона Ҳакимова ба муҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум шуда, ҳоло адои ҷазо мекунанд. Онҳоро, аз ҷумла, ба паҳн кардани маълумоти бардурӯғ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ айбдор кардаанд. Худи рӯзноманигорон ва хешовандонашон ин айбҳоро рад мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.