Оҷонсии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон 60 шаҳрванди кишварро барои кор дар ширкати "Jusour"-и Қатар даъват кардааст. Масъулини ширкат рӯзи 2-юми октябр бо довталабон суҳбат мекунанд.
Манбаъ гуфт, ин ширкат муҳоҷиронро ба ҳайси ошпаз, пешхизмат, фурӯшанда, хазинадор, ҳамчунин мутахассисони соҳаи мошинсозӣ ва таъмири мошинҳо даъват кардааст.
Музди меҳнат барои як моҳ 550–825 доллар (ҳудуди 5500 – 8250 сомонӣ) мебошад.
Ширкат чунин нафаронро ба кор қабул мекунад:
Бахши нақлиёт:
-механики автомобил;
-механики мошинҳои боркаш;
-механики автобус;
-механики мошинҳои барқӣ;
-механики муҳаррик, кондитсионер ва шинамонтаж;
-механики насоби сӯзишворӣ;
-рангкор.

Бахши хидматрасонӣ:
-хизматрасони меҳмонхона;
-пешхизмат;
-бармен;
-хазиначӣ;
-маъмури меҳмонхона;
-ошпаз;
-ёвари ошпаз;
-зарфшӯ;
-коргари хизматрасонӣ;
-ёвари умумӣ.
Манбаъ гуфт, ширкати корфармо ҷойи зист, хӯрок, суғуртаи тиббӣ, хароҷоти нақлиёт, чиптаи ҳавопаймо барои баргаштан ба ватан инчунин 82-доллар изофапулӣ дар як моҳ ва баъд аз 11 моҳи корӣ 21 рӯз рухсатиро.пешниҳод мекунад.
Вале талабот чунин аст:
-сину сол аз 25 то 45 сола;
-донистани забони англисӣ (дар сатҳи муошират);
-доштани дипломи олӣ ё миёна дар соҳаи технология, мошинасозӣ ва механикӣ;
-доштани шаҳодатномаи тахассусӣ;
-таҷрибаи кории 2-сола дар бахши мошинсозӣ ё дигар соҳаҳои дахлдор.
Аз Оҷонсии бокортаъминкунӣ гуфтанд, ки шаҳрвандон бояд то рӯзи 2-юми октябр дар сомонаи “tawzeef.qa” дархост гузоранд.
“Рӯзи 2-юми октябр корфармо дар пахши мустақим, ки дар бинои оҷонсӣ баргузор мешавад, бо хоҳишмандон сӯҳбат карда ба саволи онҳо оиди кор посух медиҳад”, - гуфтанд аз ин ниҳод.
Хоҳишмандон метавонанд барои гирифтани маълумоти бештар ба суроғаи зерин муроҷиат кунанд ва ё дар тамос шаванд:
- Душанбе: кӯчаи Лоҳутӣ, 80, телефон: 221-39-67, +992 55 555 1080, +992 987 906 666, +992 915 767 743, +992 908 661 652, +992 918 391 575, +992 930 934 994, +992 931 137 171
- Хуҷанд: маҳаллаи 28, хона 2А, телевон: +992 928 079 999;
- Бохтар: кӯчаи Файзалӣ Саид, хонаи 69, телефон: +992905 800 063, +992 934 878 828
- Хорӯғ: кӯчаи Н. Атобек, хонаи 16, телефон: +992 935 101 439
Ёдрас мешавем, ки давлати Қатар қаблан низ шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор дар ин кишвар даъват карда буд.
Ҳоло Русия ягона самти муҳоҷират барои шаҳрвандони Тоҷикистон дониста мешавад. Вале муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар пайваста зери фишор ва таъқиби мақомоти Русия қарор мегиранд ва солона ҳазорҳо муҳоҷир бидуни шарҳ аз ин кишвар ихроҷ карда мешаванд.
Чанд соли охир мақомоти Тоҷикистон кӯшиш доранд, самтҳои дигари муҳоҷиратро барои шаҳрвандон боз кунанд. Ин пеш аз ҳама ба Британияи Кабир, Қатар, Қувайт ва Кореяи Ҷанубӣ аст.






Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста