Нозим Меликов ҳунарпеша ва коргардонест, ки тору пудаш бо ҳавои санъат, бавижа, театри миллӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Аввалин ҳарфе, ки санъатшиносону ҳунармандон дар тавсифаш мегӯянд, ба парварда ва идомадиҳандаи мактаби адабии Фаррухи Қосим ва ё худ “Аҳорун” буданаш рабт мегирад.
Ахиран Нозим Меликов дар театри “Аҳорун” намоиши “Достони Пирсар”-ро бар пояи достони “Зол ва Рудоба”-и “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба саҳна гузошт, ки аҳли санъату ҳунарро ба ҳам овард.
Дар пайи ин иттифоқи нек, мо аз рӯзгор ва шахсияти Нозим Меликов ва пайванди ӯ бо Фаррухи Қосиму Театри Аҳорун бори дигар ёд овардем.
Аз Нозим Меликов ҳамчун коргардоне ёд мешавад, ки тавонист бори аввал театри тоҷикро он сӯйи уқёнус - Амрико барад ва аз вуҷуди театри тоҷик мужда диҳад. Ӯ 15 сол инҷониб, аз соли 2010 ба бемории паркинсон гирифтор аст, аммо бо вуҷуди вазъи ногувори саломатиаш аз ҳунар канор нарафтааст ва театр ҳанӯз “хона”-и ӯст.
Нозим Меликов соли 2009, як сол пеш аз хуруҷи беморӣ рӯй ба коргардонӣ овард ва ба гуфтаи худаш, ҳар намоишномаи муваффақе рӯи саҳна овард, дар раванди бемориаш таҳия кардааст. “Шабе дур аз ватан”, “Заҳҳок”, “Иштибоҳ” ва “Дирафши ковиёнӣ” низ дар ин марҳила рӯйи саҳнаи театр омадаанд. Охирин намоишномае, ки ӯ пеш аз “Достони Пирсар” ба саҳна гузошт, “Иштибоҳ” буд, ки соли 2023 дар озмуни “Парасту” сазовори мақоми аввал шуд.
Дар суҳбати охири худ бо “Азия-Плюс”, коргардон гуфта буд, ки идеяи чанд намоишномаи дигар дар фикраш пухтааст, вале саломатӣ имкон намедиҳад, ки онро рӯи саҳна оварад.

Ормони Сабоҳат Қосимова
Нозим Меликов, ки феълан коргардони Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов аст, мегӯяд бо даъвати Фирдавс Қосимов, фарзанди Фаррухи Қосим ва роҳбари Театри Аҳорун намоишномаи “Достони Пирсар”-ро дар ин театр рӯйи саҳна овард. Ба гуфтаи коргардон, ин ормони Сабоҳат Қосимова, ҳунарпеша ва коргардони саршиноси тоҷик ва ҳамсари Фаррухи Қосим буд.
“Сабоҳат Қосимова замони дар ҳаёт буданаш гуфта буд, ки дар театри Аҳорун як намоиш ба саҳна гузорам. Имрӯзу пагоҳ гуфтему саломатиам имкон надод ва ӯ бандагӣ кард. Аз ин пешниҳод писарашон огоҳ буданд ва даъват карданд, ки ормони модарро бароварда кунем”, - мегӯяд Нозим Меликов.
Коргардон бо вуҷуди ин ҳама муваффақияту ҷоизаҳо дар санъат, мегӯяд, ҳеҷ гоҳ аз кори худ дар театр қонеъ нест.
“Ҳунарманд ҳеҷ гоҳ аз кори худ қонеъ намешавад. Шояд баъзе чизҳоро мадди назар карда, сар меҷунбонӣ, аммо дар асл қаноатманд нестӣ. Зеро он чизе ки мехостӣ ба даст намеояд ё дар сатҳи паст ба даст меояд. Баъзе нуқтаҳо олӣ мешаванд, аммо комил намешавад”, - меафзояд ӯ.

“Чун барги бед меларзаму корамро мекунам”
Вақте аз мушкилоте ки ҳангоми таҳияи намоишнома дар театр вобаста ба вазъи саломатиаш пеш омад, суол кардем, Нозими Мелик гуфт, ба беморӣ таваҷҷуҳ намекунад.
“Ман барги бед барин меларзаму корамро мекунам. Агар аҳамият медодам, кайҳо ғалтидаву мурда будам”, - мегӯяд бо танз ӯ.
Ба қавли Қурбони Собир низ бузургтарин таърифе, ки метавон нисбати Нозим Меликов гуфт, истодагариаш дар муқобили беморӣ аст.
“Аксарият дар аввалин гардиши як беморӣ мешикананд ва аз пайроҳаи зиндагӣ канор мераванд. Аммо Нозим аз гиребони беморӣ гирифту онро ба пушт ғалтонид, ки кори ҳар кас набуд”, - мегӯяд ҳунарпеша.
Ба қавли Абдулмуъмин Шарифӣ низ, дар ин вазъ “кор кардан он тараф истад, зиндагӣ кардан хеле сахт аст”, аммо Нозим Меликов гардан намедиҳад.
Фирдавс Қосимов низ мегӯяд, вақте Нозим Меликов дар саҳна кор мекард, чашмонаш медурахшиданд ва билкул аз беморӣ фаромӯш мекард.
“Вақте дар саҳна аст, ӯ хушбахт аст”, - мегӯяд Қосимов.

“Вуҷуди ман Аҳорун аст”
Нозим Меликов парвардаи Аҳорун ва идомадиҳандаи шеваи коргардонии Фаррух Қосимов аст. Бахусус, вақте намоишнома назм аст, ба гуфтаи Абдулмуъмин Шарифӣ, хоҳ нохоҳ нишонаҳои мактаби Фаррухи Қосим ҳувайдост. Суоле дар ин росто матраҳ мегардад, ки чаро тӯли ин ҳама сол Нозим Меликов ба Аҳорун барнагашт?
Вақте аз худи ӯ чунин суол кардем, аз Фаррухи Қосим ва беҷойгузин будани ӯ ёд овард.
“Вуҷуди ман Аҳорун аст, дигар Аҳорунро чӣ кунам. Вақте Фаррух аз миён рафт, театр маро қонеъ накард, зеро ҷойгузини ӯ бо он ақлу фаросат дигар набуд. Ман ба ҷустуҷӯи Фаррухи нав баромадам, худро ба чанд дар задам, аз эҷодиётам қонеъ нашудам ва ба худ гуфтам, ки “он чизеро, ки мехоҳӣ, худат кун, Нозим” ва ба коргардонӣ даст задам”, - қисса мекунад ӯ.
Фирдавс Қосимов, роҳбари театри мазкур низ аз ормони модараш ёд оварда, гуфт, хушбахтона даъвати ӯро Меликов пазируфт, аммо намедонад оянда чӣ мешавад.
Ӯ ишора кард, ки худи Нозим Меликов низ кайҳо ин иттифоқро мехост, аммо то ин замон имкон даст надод.

Ҳунарманду коргардони “худрӯй”
Абдулмуъмин Шарифӣ, ки на танҳо бо ӯ ҳампеша аст, балки солҳо инҷониб дар як театр фаъолият дорад ва дар намоиши “Шабе дур аз ватан”-и Нозим Меликов нақши асосиро иҷро кардааст, Меликовро ҳунарманду коргардони “худрӯй” номид. Ба гуфтаи ӯ, Нозим Меликов дорои истеъдоди худододӣ аст.
“Нозим истеъдод аст. Ман бори дигар дар мисоли ӯ итминон ҳосил кардам, ки истеъдод ин додаи Худо ё табиат ба инсон аст”, - гуфт Шарифӣ.
Қурбони Собир, ҳунарпешаи тоҷик мегӯяд, “Нозим коргардони хуб, аммо бозигари беҳамто аст”.
“Нозим Меликов метавонист ҳамчун бозигар шоҳкорҳои бузурги дигар офарад. Аммо бо сабаби беморӣ Нозими ҳунарманди чирадаст дигар бозигарӣ намекунад. Вагарна хеле нақшҳои мондагор меофарид”, - мегӯяд бо таассуф Қурбони Собир.
Аммо таъкид мекунад, ки ин гуфтааш ҳаргиз набояд ҳамчун камбинӣ ба ҳунари коргардонии Нозим Меликов маънидод шавад. Вуҷуди ӯ ҳамчун коргардон имрӯз барои театри тоҷик ногузир аст.

“Мехоҳам Курушро ба саҳна оварам”
Нозим Меликов мегӯяд, қасд дорад, ки намоишномаи “Куруши Кабир”-ро ба саҳна гузорад. Аммо маълумоти кам дар бораи Куруш дар сарчашмаҳои таърихӣ яке аз мушкилҳост. Бо вуҷуди ин, коргардон мегӯяд, бо истифода аз китоби Бароти Абдураҳмон намоишнома таҳия кардааст ва мехоҳад онро ба саҳна гузорад.
“Мехоҳам ин намоишнома фарогир ва боҳашамат бошад. Шояд аз ҳар театр ҳунармандонро даъват кунам, зеро фикр мекунам, ки тавоноии як театр барои ба саҳна гузоштани ин намоишнома басанда нест”, - мегӯяд коргардон.
Аммо ба гуфтаи ӯ, барои таҳияи ин намоиш маблағ лозим аст ва агар ҳукумат пул ҷудо кунад, ин мақсадашро сомон хоҳад дод.
Меликов мегӯяд, баъзе масъулин аз ин нияти ӯ огоҳанд, аммо ҳанӯз расман муроҷиат накардааст.

Маълумотнома
Нозим Меликов 5-уми ноябри соли 1966 дар деҳаи Тағойободи ноҳияи Ёвон чашм ба олами ҳастӣ кушод. Дар мактаби миёнаи ҳамин деҳ таҳсилоти миёна гирифт ва ба шуъба театри Омӯзишгоҳи маърифатӣ-маданӣ-равшаннамоии ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) дохил шуд. Сипас дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат идома таҳсил намуда, соли 1991 Донишкадаро бо тахассуси ҳунарманди театр хатм кард.
Меликов аввал соли 1991 дар театри давлатии драммавии ба номи А. Лоҳутӣ ба фаъолият шуруъ намуда, баъди як муддати фаъолият тариқи озмун ба Театри Аҳорун пазируфта шуд ва ин боргоҳи ҳунар барояш мактаби ҳунарӣ гардид. Аввалин нақши бузург дар фаъолияти ҳунарии ӯ, Исфандиёр дар намоишномаи “Исфандиёр” буд, ки аз рӯйи достони “Разми Рустаму Исфандиёр” ба саҳна омад. Ҳангоми фаъолият дар ин театр аввалин маротиба ба хориҷи кишвар сафарҳои ҳунарӣ дошт.
Меликов дар синамо низ нақш офаридааст. Аввалин нақши бозидааш дар лавҳа-филми “Ишқро бо чашми Маҷнун бояд дид” буд. Сипас дар силсилафилми телевизионии “Ширин” нақши Хурсанд-девонаро офарид, ки ӯро маҳбуби мухлисон кард.
Ҳамчунин, дар филмҳои “Шукрона”, “Афғон” ва “12-соли интизорӣ” нақш бозидааст.
Нозим Меликов аз соли 2003 то кунун дар Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов фаъолият дорад. Ӯ дар тӯли фаъолияташ беш аз 14 ҷоизаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро ба хазинаи театрӣ овардааст.




Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста