Ҳукумати кишвар барои ҳалли мушкилоти литсейҳои касбӣ ва коллеҷҳо (муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ) барномаи 4-солаеро қабул кард, ки ба таъмиру сохтмони биноҳо, рақамикунонии соҳа, ҷалби омӯзгорон, фарогирии бештари ҷавонон ба касбомӯзӣ ва таъмини китобҳои дарсӣ дар ин муасссисаҳо равона шудааст.

Дар санад зикр мешавад, ки барои иҷрои ин барнома, аз ҳисоби буҷети кишвар, фонди раисҷумҳур, шарикони рушд ва дигар сарчашмаҳо 400 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Танҳо дар соли 2026 барои иҷроои он 100 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. 

Яке аз нуктаҳои муҳиме, ки дар "Барномаи рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2026-2029" зикр шудааст, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандон ва дар кишвар бо кор таъмин кардани хатмкунандагони ин муассисаҳо мебошад.

Дар барнома зикр шудааст, ки танҳо 50% муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё худ литсейҳои касбӣ ба интернет дастрасӣ доранд, ки ин нокифоя аст. Таъкид шудааст, ки то моҳи июни соли гузашта дар ин муассисаҳо 270 омӯзгор ва устои таълимӣ намерасад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҳоло 14 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта ва 41 муассисаи дигар таъмирталаб мебошад. Инчунин, 80% таҷҳизоту асбобҳои таълимӣ куҳнаю фарсуда буда, дар муассисаҳои минтақаҳои дурдаст кабинетҳои фаннӣ ҷиҳозонида нашудаанд.

Дар барнома мушкилоти таҳияву нашр ва дастрасӣ ба адабиёти таълимӣ ва маводи методӣ зикр шуда, таъкид гардидааст, ки ин муассисаҳо алҳол ба 236 ҳазору 188 китоби дарсӣ, 122 ҳазору 851 китоби тахассусӣ ва 113 ҳазору 337 китоби умумӣ ниёз доранд.

Акси марбут
Акс аз Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Панҷ

Дар ин замина, таъмину қонеъ кардани талаботи шаҳрвандон ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, баланд бардоштани сатҳи касбию тахассусии роҳбарону кормандони муҳандисию омӯзгорӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорону устоҳои таълими истеҳсолӣ, муҷаҳҳаз кардани озмоишгоҳҳо ва баланд бардоштани сифати таҳсилот аз вазифаҳои муҳими ин барнома аст.

Инчунин сохтмон, таъмиру навсозии муасисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ рақамикунонии таълим, беҳтар кардани заминаи моддию техникии соҳа ва зиёд кардани нақшаи қабули хонандагону донишҷӯён низ зикр шудааст.

Ҳукумати кишвар бо қабули барнома таъмини муассисаҳо бо мизу курсӣ ва таъмири биноҳои таълимӣ, хобгоҳ, озмоишгоҳ ва устохонаҳои таълимӣ, таъмини хонандагону донишҷӯён бо китобҳои дарсӣ, ташкили китобхонаҳои электронӣ, такмили ихтисоси омӯзгорону устоҳои таълими истеҳсолиро пешбинӣ кардааст. 

Таъкид шудааст, ки набудани маблағгузорӣ, норасоии кадрҳои омӯзгорӣ ва устоҳои фаннӣ, набудани заминаи моддиву техникии зарурӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз хавфҳои эҳтимолии барнома аст.

Бояд гуфт, дар соли 2023 барои танзими фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъсис дода шуд.

Дар Тоҷикистон 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ (литсейҳои касбӣ) фаъолият мекунад, ки дар онҳо аз рӯйи 14 самт аз ҷумла техника ва технология, нақлиёт, энергетика, меъморӣ ва сохтмон, кишоварзӣ ва ғайра мутахассис омода мешаванд. Ҳамчунин 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) аз рӯйи 10 самт аз ҷумла омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иқтисодӣ, технологӣ, техникӣ, ҳуқуқ кадр омода мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.