Хадамоти бехатарии федеролии Русия Кирилл Буданов, сардори Сарраёсати иктишофи низомии Украинаро тарроҳ ва ташкилкунандаи ҳамлаи террористӣ дар пули Қрим номид. Дар ин бора РБК хабар медиҳад.
“Хадамоти мазкур таъкид намудааст, ки василаи тарканда аввали моҳи август аз бандари Одесса ба шаҳри Русеи Булғористон, аз он ҷо ба бандари Потии Гурҷистон, баъд ба Арманистон фиристода шудааст, ки дар онҷо расмиёти гумрукиро тибқи талаботи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё гузаштааст. Баъдан онро тавассути нуқтаи “Верхний Ларс” ба сарҳади Русияву Гурҷистон дар Армавир ва аз он ҷо ба Симферопол интиқол додаанд”, - менависад РБК.

Ҳамчунин дар доираи ин парвандаи ҷиноятӣ 5 шаҳрванди Русия ва се шаҳрванди Укроин ва Арманистон аллакай боздошт шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки 8-уми октябр дар пули Қрим мошини боркаш тарконида шуд. Дар натиҷаи таркиш чор нафар ба ҳалокат расида, пул низ зарари ҷиддӣ дид ва барои муддате ҳарақати қатора ва мошинҳои сабукрав қатъ гардид. Кумитаи тафтишотӣ пас аз таҳқиқ амали террористӣ будани ин таркишро собит намуд.




Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста