Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон зимни як ҷаласаи ҳукумат гуфт, қарореро имзо кардааст, ки тибқи он, кишвараш тавассути Оҷонси Шарқи Наздики СММ ба сокинони Навори Ғазза 1,5 миллион доллар кӯмак мекунад.

Дар ин бора хабаргузории Kun.uz иттилоъ медиҳад.

Ба навиштаи ин расона, Шавкат Мирзиёев ҳамчунин гуфтааст, ки “ҳамроҳи мардуми Фаластин аст”.

“Мо ба таври қатъӣ ҳамраъйии худро бо мардуми Фаластин изҳор менамоем ва аз ҳуқуқи онҳо барои таъсиси давлати мустақили худ тибқи қатъномаҳои қаблан қабулшудаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва Шӯрои Амният ҷонибдорӣ мекунем”, - гуфтааст Шавкат Мирзиёев.

Мирзиёев аз ҳарду ҷониби даргир даъват кардааст, ки фавран бо ҳадафҳои башардӯстона созиш кунанд, амалиёти ҷангиро бас кунанд ва низоъро бо роҳи осоишта ҳал кунанд.

“Маълум аст, ки даргириҳои мусаллаҳонаи давомдор байни артиши Исроил ва Ҳамос бӯҳрони башардӯстонаро шадидтар карда, боиси талафоти зиёди мардуми осоиштаи бегуноҳ мегардад. Кӯдакон ва занон мемиранд, одамон хонаҳои худро аз даст медиҳанд ва маҷбуранд хонаҳои худро тарк кунанд”, - зикр кардааст Шавкат Мирзиёев.

Ӯ ҳамчунин ба наздикони ҳамаи қурбониён дар Фаластин ва Исроил изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки миёни Исроил ва Ҳамос 7-уми октябр даргирӣ оғоз ёфт. Низоъ пас аз ҳамлаи гуруҳи Ҳамос ба Исроил ва куштани 1400 нафар ва ба асорат гирифтани беш аз 200 каси дигар сар шуд.

Дар пайи ин Исроил эълони ҷанг кард ва Навори Ғазза, макони гуруҳи Ҳамосро муҳисира ва мушакборон намуд. Инак бо гузашти се ҳафта аз оғози низоъ беш аз 8000 фаластинӣ, аз ҷумла наздики 3 ҳазор кӯдак кушта шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.