Як ҷавони мусаллаҳ дар бахши фалсафаи Донишгоҳи Карли Чехия дар маркази Прага беш аз 15 нафарро кушта, 24 каси дигарро захмӣ кард. Худи ҳамлавар низ ҷон бохтааст, аммо ҳоло дақиқ нест, ки ӯ худкушӣ кардааст ё аз тири пулис кушта шудааст.
Ба иттилои нашрияи чехии Novinky.cz рӯзи 21-уми декабр Дэвид Козаки 24-сола бо туфанг ба донишгоҳ омада, ба сӯи мардум тир холӣ кардааст. Ӯ донишҷӯи ин донишгоҳ аз шаҳри Кладно, воқеъ дар 30-километрии Прага будааст.
Пулиси Чехия ин ҷавонро дар куштори падараш, ки чанд рӯз пеш аз тирпаронӣ мурда пайдо гардидааст, низ гумонбар медонад.
Вазири умури дохилии Чехия, Вит Ракусан, рӯзи 21-уми декабр дар суҳбат бо хабарнигорон ҳодисаро “фоҷиаи бузург” номида, аммо гуфтааст, “тирандозӣ бо терроризми байнулмилалӣ пайванд надорад”.
Раиси шаҳри Прага Боҳуслав Свобода гуфтааст, ки ҳамлавар ҳангоми сарозер шудан аз бино ҷон бохт, аммо расонаҳо аз қавли шоҳидон навиштаанд, ки ӯ аз тири пулис кушта шудааст.
Сабаби даст ба куштор задани ин ҷавон маълум нест.
Дар робита ба ин ин ҳодиса, рӯзи 23-юми декабр дар Чехия мотами миллӣ эълон шудааст.
“Мадина” чӣ гуна занони бешавҳарро ба ҷои кор таъмин мекунад?
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста