Абдулло Орипов, нахуствазири Ӯзбекистон баъди сари қудрат омадани Толибон* бори аввал ба Афғонистон сафар кард ва бо роҳбарони кунунии ин кишвар мулоқот намуд.
Дар ин бора хабаргузории ISNA иттилоъ медиҳад.
Абдулло Ориповро дар фурудгоҳ муовини нахуствазири ҳукумати Толибон Абдулсалом Ҳанафии ӯзбектабор пешвоз гирифт.
Ин аввалин сафари нахуствазири Ӯзбекистон ба Афғонистон пас аз ишғоли қудрат дар ин кишвар аз сӯйи Толибон дар тобистони соли 2021 аст. Дар ин се сол равобити Толибон бо Ӯзбекистон аз мулоқотҳои вазирон то ба сатҳи сафари нахуствазири ин кишвар ба Кобул расид.
Абдулло Орипов зимни ин сафар бо чандин мақоми баландпояи Толибон, аз ҷумла бо Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини аввали нахуствазири ҳукумати Толибон, муовини ӯ оид ба масоили идорӣ Абдулсалом Ҳанафӣ, муовин оид ба масоили сиёсӣ Абдул Кабир ва вазири умури хориҷӣ Амирхон Муттақӣ мулоқот карда, дар маросими рӯнамоии маҳсулоти Ӯзбекистон ширкат варзидааст.
“Тарафҳо ҷиҳати таҳкими равобити тиҷории ду кишвар 5 санад ба имзо расонидаанд. Дар умум байни ҳукумати Толибон ва Ӯзбекистон дар масъалаҳои иқтисодӣ 35 ёддошти тафоҳум ба маблағи 2,5 миллиард доллар ба имзо расонида шудааст”, - менависад ин расона.
Абдулғанӣ Бародар гуфтааст, “имзои ин санадҳои муҳим гувоҳи иродаи қавӣ ва тааҳҳуди сиёсии роҳбарони Афғонистон ва Ӯзбекистон буда, ҳамгироии иқтисодиро дар минтақа қавӣ мегардонад. Мо итминон дорем, ки ин созишномаҳо барои сармоягузорӣ, тиҷорат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ки ба манфиати мардуми ҳарду кишвар хоҳад буд, роҳҳои нав эҷод мекунанд”.
Нахуствазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов гуфтааст, “Ӯзбакистон ҷонибдори густариши ҳамкориҳо бо Афғонистон дар бахшҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ буда, ҳамкориҳои худро бо Кобул дар бахшҳои истихроҷи маъдан, нерӯи барқ, кишоварзӣ, бозсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳо ва маконҳои таърихӣ ва густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ идома хоҳад дод”.
Бояд гуфт, Ӯзбекистон аз рӯзи аввали сари қудрати Афғонистон омадани Толибон бо ин гуруҳ робитаи ҳасанаро роҳандозӣ карда, намояндагони ин ин кишвар чандин маротиба ба Кобул сафар кардаанд. Ҳамчунин, Тошканд мизбони яке аз конфронсҳо оид ба ҳалли мушкили Афғонистон буд, ки дар он намояндагони Толибон ҳузур доштанд. Аммо ин бори аввал аст, ки нахуствазири Ӯзбекистон ба Кобул сафар мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Толибон моҳи августи соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба даст оварданд. Аммо то ҳол ҳеҷ кишвари ҷаҳон ҳукумати ташкилкардаи ин гурӯҳро ба расмият нашинохтааст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Як ҳафта танаффус. Дастикам 30 нафар алайҳи чеҳраҳои боздоштшуда шаҳодат додаанд
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста