Иброҳим Сафаров, машҳур бо лақаби “Боим”, сокини 53-солаи шаҳри Душанбе, ки номаш борҳо бо фурӯшу интиқоли маводи мухаддир расонаӣ шудааст, дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар додааст.
Ду манбаи ин расона дар мақомоти тафтишотӣ рӯзи 1-уми декабр гуфтанд, ки Иброҳим Сафаров дар аввали моҳи октябр аз Истанбул ба Душанбе оварда шуд.
“Ӯ ба таъсиси шабакаи фурӯши ҳабҳои экстазӣ” ва “нигаҳдории силоҳ айбдор мешавад,” – гуфтааст як манбаъ.
Наздикони Иброҳим Сафаров боздошту истирдоди ӯро тасдиқ ё рад накарданд.
Мақомоти ҳам то ҳол дар бораи боздошту ба Тоҷикистон истирдод шудани “Боим” ҳарфе нагуфтаанд. Маълум нест, ки ӯро кадом ниҳоди қудратӣ ба Тоҷикистон овард.
“Ӯ пас аз озод шудан ба Туркия рафт ва аз он ҷо як шабакаи фурӯши маводи мухаддир дар Тоҷикистонро ба роҳ монд. Ҳудуди даҳ узви гурӯҳи ӯ боздошт шуданд ва худаш дар ҷустуҷӯ буд,” –гуфтааст, яке аз манбаъҳои Радиои Озодӣ.
"Боим" соли 2006 дар Русия бо 200 кило ҳероин дастгир ва ба 19 соли зиндон маҳкум шуда буд. Мақомоти Русия мегуфтанд, ки шабакаи таҳти раҳбарии "Боим” ҳар сол ба бозори сиёҳи он кишвар то 4,5 тонна маводи мухаддир ворид мекард. Дар матбуоти Русия ӯро машҳуртарин наркобарони тоҷик ном мебурданд. Худи Иброҳим Сафаров дар додгоҳ даст доштанаш дар қочоқи маводи мухаддирро рад карда, гуфта буд, ки қурбони “подстава” шудааст. Ӯ баъди чанд сол ба озодӣ баромад ва таҳти кадом шароит маълум нест.
Баъдан низ исми Иброҳим Сафаров бо интиқолу фурӯши миқдори бузурги маводи мухаддир дар Тоҷикистон расонаӣ шуда буд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар моҳи июли имсол Комрон Ҳамроев, сокини 28-солаи шаҳри Душанберо бо гумони фурӯши “ҳабҳои экстазӣ” боздошт кард.
Мақомот дар хабарномае гуфтанд, ки Комрон Ҳамроев аз наздикони “Боим” буда, бо дастури ӯ дар Душанбе маводи мухаддир мефурӯхт.
“Ҳамроев Комрон таҳти роҳбарии хешовандаш Сафаров Иброҳим, бо тахаллуси Боим, ки пеш барои кочоқи маводи мухаддир суд шуда, ҳоло дар хориҷи кишвар қарор дорад, ба ин кирдори ҷиноятӣ машғул буд",-гуфта шудааст дар хабарномаи ВКД.
ВКД гуфта буд, ки гурӯҳи “Боим” аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва бо истифода аз васоили пешрафта ин корро анҷом медод.
Иброҳим Сафаров соли 1971 дар маҳаллаи Калинини шаҳри Душанбе таваллуд шуда, қаблан ба ҳайси сартарош кор мекард. Ӯ то боздошташ аз нафарони хеле мӯътабар дар олами ҷиноии Тоҷикистону Русия ба шумор мерафт. Ӯ бо дасти кушод ва саховатмандиаш низ шуҳрат дошт ва аз ҷумла ҳунармандони тоҷикро аз лиҳози молиявӣ дастгирӣ мекард.
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Файзи Олӣ ба 2,5 соли зиндон маҳкум шудааст
Як вакили рус дар поинравии қурби рубл муҳоҷиронро айбдор кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дузд ва аммомаи бузург”
Дар Суғд алайҳи як ҷавон барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ парванда боз кардаанд
Боздошти як зан бо гумони латукӯби бераҳмонаи кӯдаки 2-сола
Обуҳавои моҳи аввали зимистон дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
“Куҷое бошам, бо тоҷикон бошам!” Корномаи Шириншоҳ Шоҳтемур дар меъмори давлатдории тоҷикон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста