Дар Тоҷикистон мавсими “муодираи маводҳои тарфгарӣ” ё ба итилоҳи маъмул "хлопушка" ва "салютҳо" дар соли равон оғоз шудааст. Аллакай, Хадамоти гумруки кишвар аз мусодираи 21 ҳазору 600 адад маводи тарфгарӣ дар вилояти Суғд хабар дод.
Ин ниҳод навишт, ин миқдори “хлопушка”-ро аз нақлиёти сабукрави Усмонов Валиҷон ном шахс рзи 29-уми ноябр дарёфт кардаанд ва он аз 48 баста маводи тарфгарӣ, ки дохили ҳар баста 10 адад қуттича ва дар ҳар қуттӣ тахминан 45 адад ғилофак иборат буд.
“Ин навъи маводи тарфгарӣ “Трения” ном дошта, истеҳсоли Чин аст, - гуфтааст хадамоти гумрук.
Ба иттилои ин ниҳод, маводро Худойназаров Синдорбек, як сокини Панҷакент бо маслиҳати пешакӣ аз Ҷонибек ном сокини Бӯстон харидорӣ карда, бо мақсади фурӯши он ба Панҷакент интиқол медод.
Маълум нест, ки бар зидди соҳибони маводҳои тарфгарӣ бо кадом модда парванда боз кардаанд ва онҳо чӣ ҷазо гирифтанд.
Қонунгузории Тоҷикистон воридот, паҳн ва истифодаи маводи тарфгариро соли 2008 манъ ва барои он ҷазо пешбинӣ кардааст.
Бояд гуфт, ки бо наздик шудани ҷашни соли нав садои “хлопушка”-ву “салют”-ҳо фазои ороми атрофро халадор мекунанд. Алоқамандони чунин амалҳо бештар кӯдакону наврасонанд, ки аз “таркиш”-и чунин мавод “илҳом” мегиранд ва хурсандӣ мекунанд. Барои бархеҳо садои ин “таркишҳо” писанд несту шикоят мекунанд, аммо бархеи дигар инро мояи хушиву хурсандии кӯдакон медонанд.
Дар гузашта мақомот дар мавриди паёмадҳои таркиши маводҳои тарфгарӣ, ба мисли сӯхтор ва захмӣ шудан одамон хабар дода буданд. Мақомот мегӯянд, маҳз ҳамин чиз сабаб шуд, ки воридот ва истифодаи онро дар кишвар манъ кунанд.
Барои вориду паҳн кардани “салюту хлопушка” ҷазо чист?
Қонунгузории Тоҷикистон воридот, паҳн ва истифодаи маводи тарфгариро соли 2008 манъ ва барои он ҷазо пешбинӣ кардааст.
Дар асоси моддаи 199 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) дар ҳудуди кишвар аз 7200 то 36 ҳазор сомонӣ ҷарима ё ду соли зиндон таҳдид мекунад.
Ҳарчанд дар қонунгузорӣ мафҳуми машаххасе бо номи “хлопушка” ва “салют” нест, вале мақомот мегӯянд, дар инҷо калимаи оташфаввора – “салют” ва капсула- “хлопушка” мебошад.
Барои истифода чӣ?
Ба ҷуз аз Кодекси ҷиноятӣ, ҳамчунин дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвар низ ба ҷуз ворид намудан ва фурӯши маводи тарфгарӣ, инчунин дар бораи харидан, нигоҳ доштан, фурӯхтан ва истифодаи маводи тарфгарӣ муқаррарот пешбинӣ шудааст.
Мутобиқи моддаи 467, қисми 2-и Кодекси мазкур, барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Тоҷикистон харидан, нигоҳ доштан, фурӯхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ то 20 дона “салют” ва то 50 дона “хлопушка” ҳангоми набудани аломати ҷиноят, ба шахсони воқеӣ ба маблағи аз 20 то 30 (аз 1200 то 1800) ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 50 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 3 то 6 ҳазор сомонӣ) бо мусодираи маводҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Аз ин бармеояд, ки барои истифодаи ҳаато 1 дона маводи тарфгарӣ ё ба истилоҳи маъмул “хлопушка” ва “салют”-ҳо метавонанд шаҳрвандонро ба маблағи то 1800 сомонӣ ҷарима кунанд.
Барои пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон $8 миллиард лозим аст. Онро аз куҷо ва чӣ гуна пайдо бояд кард?
Эрон, Уммон ва Куриёи Шимолӣ. Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2025 маълум шуданд
Дар Теҳрон 60-солагии Фарзонаро таҷлил мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Меҳмони тозаворид”
Эмомалӣ Собирзода ба ҷойи Шералӣ Мирзо. Вазири нави дифоъ кист ва кадом мушкилоти соҳа дар пешорӯяш аст?
Дар Душанбе марди гумонбар ба содир кардани 12 ҷинояти қаллобӣ боздошт шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 январи соли 2025
Интизориҳои ҷомеа аз Носир Саид ва хотираҳо аз Нуриддин Саид. Онҳо кистанду чӣ корнома доранд?
Дар Бохтар озмоишгоҳи замонавии “Агро олам”, ки таркиби хокро меомӯзад, ба кор оғоз кард
Ҳабибулло Воҳидзода, ки ҳамчун додситони кулли нави Тоҷикистон пешниҳод шуд, кист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста