Аз руйдодҳои 8 сол пеш дар Хоруғ ҳукумат ва ҷомеа чӣ бардошт карда метавонанд?
Он замон, гуфтан мумкин, ки Ҳукумати Тоҷикистон имтиҳони сангинеро пушти сар намуд. Шояд вазъеро, ки ҳукумат рӯ ба рӯ буд, тӯли 20 соли сари қудрат буданаш ҳич гоҳ надошт. На замони ҷанги шаҳрвандӣ ва на баъди он.
Овони ҷанг, ба ҳар сурат, ҳукумат то ҷое медонист, ки бо кӣ дар ҷанг аст ва кӣ аз онҳо пуштибонӣ мекунад. Ҳам дар дохил, ҳам дар хориҷ. Вале замони ҳодисаҳои соли 2012-и Бадахшон гуфтан мумкин буд, ки барои ҳукумат шинохти дӯсту душман мушкил шудааст.
Ҳодисоти баъдӣ нишон доданд, ки ҳукумат ҳоло ҳам на ҳама имконоти худро истифода кардаву ҳанӯз на ҳама чиз ба поёни худ расидааст. Ҳарчанд ҳамон замон низ, баъзе бо ном сиёсатмадорону коршиносон, хостаи дили худро ба ҳақиқати наздикшуда нисбат додан мехостанд: то заволи ҳукумати Раҳмон рӯзҳои башумор мондааст!
Ин даъвои нав нест. Хоса, пас аз ҳодисаҳои зимистони соли 2008. Аммо мисле, ки ҳукумат аз асли заминаҳои иҷтимоии рухдодҳо хулосаи зарурӣ набаровард.
Ҳаводиси ҳашт соли пеши Хоруғ нишон доданд, ки дар ин замина чӣ қадар фурсату имконот аз даст рафтаанд.
Агари №1: агар генерал кушта намешуд…
То ҳанӯз номаълум аст, ки ниҳодҳои масъули ҳукумат сабабҳои аслии сар задани ҳаводиси рӯзҳои 21-28 июли соли 2012-ро хулоса кардаанд ё не, аммо таҳлилгарони дохиливу хориҷӣ дар ин замина ба як фикри том наомадаанд. Мақомот сабабгори воқеии рух додани ин ҳодисаҳоро ба бедодгариҳои 4 “авторитети ҷиноӣ” дар Хоруғ рабт доданд: Ёдгор Шомусалламов дар маҳаллаи Поршнев (даромадгоҳи Хоруғ), Имомназар Имомназаров дар маҳаллаи УПД (маркази Хоруғ), Толиб Айёмбеков дар маҳаллаи «Хлебзавод» (қисме аз марказ) ва Маҳмадбоқир Боқиров дар Бархоруғ (баромадгоҳи Хоруғ).
Ин гурӯҳҳо тибқи нақли мушоҳидон, воқеан ҳам аз солҳои пешин то он замон нақши қавитар аз сохтор ва мақомоти маҳаллии ҳукуматро доштаанд. Инро ҳама медонистааст. Вале чаро муқобилашон маҳз он замон ба муборизаи ошкору бидуни тараҳҳум баромаданд? Куштори генерали амният Абдулло Назаровро дар посух ба ин суол маҳаки асосӣ медонанд. Вале бархе аз таҳлилгарон ба ин назаранд, ки дар ин ҳодисаҳо «из»-и хориҷӣ аз паҳлӯҳои дохилӣ бештар ба назар мерасанд ва барои ҳамин, агар генерал ҳам кушта намешуд, баҳонаи дигаре барои вуқӯи ин фоҷиа ҳатман пайдо мегардид.
Аммо чаро маҳз Абдулло Назаров дар ин ҳодиса ба қурбонӣ бадал ёфт? Ин пас аз ин куштор буд, ки дар бораи пуштибонии ӯ аз гурӯҳҳои қочоқбар, ришвахорӣ ва ғайраву ҳоказо суҳбатҳо анҷом доданд. Пеш аз ин, Назаров шахсияте ҳисоб меёфт, ки «бо ҳама мушкил дошт».
- КГБ СССР-ро дар ҳаводиси баҳманмоҳи соли 1990-и Тоҷикистон дар мусоҳибае бо Соҷидаи Мирзо гунаҳкори асосӣ муаррифӣ намуд ва бо ҳамин ба сафи мухолифини вақт пайваст;
- Як замон аз дӯстони нерӯҳои мухолиф ба ҳисоб мерафт ва баъд ба яке аз рақибони аслиашон табдил ёфт. Хоса бо нерӯҳои исломӣ;
- Чанд сол пештар аз ҳодисаҳои Бадахшон бошад, боз ҳам ба русҳо ишора карду гуфт, ки чӣ гуна мешавад, ки террористон аз фурудгоҳҳои ин кишвар бе мушкил истифода карда, ба хоки Тоҷикистон раҳ ёбанд?
- Ӯзбекҳоро дар панаҳ додани Маҳмуд Худойбердиев ва истифодааш ба муқобили Ҳукумати Тоҷикистон, амрикоиҳоро дар «невидимка» кардани Ибни Лодан ва пайдо карда натавонистанашон аз Покистон гунаҳкор медонист;
- Хабарҳое пахш шуда буданд, ки як маҳбуси фирорӣ аз зиндони №1-и Душанбе дар августи соли 2010 пас аз боздошташ гӯё гуфта будааст, ки ба онҳо маҳз Назаров барои фирор кумак намуд;
- Дар ин миён Қирғизистон дар ҳаводиси кишвари худ дар соли 2010 маҳз Абдулло Назаровро муҷрим хонд ва гуфт, бародарони президенти сарнагуншудаи қирғиз - Боқиевро маҳз ин генерали тоҷик дар хоки Бадахшон пинҳон кардааст. Хабаре, ки мақомоти тоҷик рад мекарданд. Бовуҷуд, таъини Назаровро ба сардории Раёсати амнияти Бадахшон, ки маҳз ҳамон шабу рӯз иттифоқ афтода буд, қирғизҳо аз ин нуқтаи назар тасодуф надонистанд…
Хулоса, кушта шудани ин генерали амният гӯё кори бисёриҳоро осон мекард ва дар навбати худ фарзияҳоро фаровон. Ин омил барои амалҳои ҳаммонанд хеле муҳим аст…
Агари №2: агар ҳама бадахшӣ мебуданд…
Шояд мақомоти ҳукумат умед доштанд, ки боздошту ба маҳкама супурдани чанд нафар ҷинояткор барояшон ҳич мушкил пеш намеорад. Ба ҳар сурат, тибқи даъвое, ки мақомоти ҳукумат ва бархе аз сокинон доштанд, 4 нафаре, ки номашон зикр гардид, дар ҳақиқат бедодгариҳои зиёде карда будаанду мардум низ аз онҳо безорӣ дошт. Вале ба назар мерасид, ки мақомот ҳукуматро фиреб дод, ё дар ҳақиқат маълумоти нодуруст доштаанд. Ба ҳар сурат, бархе аз манбаъҳо ҳамон вақт гуфтанд, ки мақомот дар ибтидо раҳбарияти худро мутмаин кардаанд, ки дар Хоруғ ҳамагӣ 30-40 нафар ҷинояткор ҳасту боздошту безарар гардонидани онҳо мушкил надорад. Вале баъди оғози амалиёт ба миқдори зиёди ҷангиён рӯ ба рӯ мешаванд.
Ин як иштибоҳ буд, ё чизи дигар?
Агар мақомот худро бо он сафед карданӣ шаванд, ки Толибу Ёдгору Имомназару Маҳмадбоқир дар охир тавонистанд, ки ба раги маҳаллии мардум бирасанду онҳоро ба «дифои зодгоҳи худ» даъват карда, аз ин ҳисоб сафи ҷангиёнашон афзоянд, боз ҳам хатои онҳост. Магар техникаву нерӯҳои дар Бадахшон вуҷуддошта басанда набуд, ки боз зарурати аз марказ бурдани низомиёну техникаи ҳарбӣ пеш омад?
Ё формулаи «ҷанг бо Бадахшон» барои касе аз роҳандозони амалиёти низомӣ низ зарур буд? Воқеан, агар ҷанг набуд, бархеҳо дуруст мепурсиданд, ки пас истифодаи таъбири “оташбас” чӣ зарурат дошт? Магар ин таъбири ҷангӣ нест?
Вале танҳо ин нуктаи заъфи амалиёт дар Хоруғ набуд. Аз маъракаи хабарие, ки дар атрофи ин ҳодисаҳо сурат гирифт, бояд мақомоти ҳукумат барои худ дарси ибрат бигиранд ва донанд, ки фазо сохтан чӣ маънӣ дорад. Ташкил намудани гирдиҳамоиву пикетҳо дар назди сафоратҳои Тоҷикистон, паиҳам дар расонаҳо пахш кардани хабару наворҳо…
Ин дар ҳоле, ки бахши идеологиву иттилоотии ҳукумат фазоро бо …бехабарӣ пур кардан мехост. Дар асре, ки ягон хабар аз назарҳо пинҳон намемонад, радио, ТВ ва хабаргузориҳои давлатӣ дар бораи ҳосили картошкаи набуда ва фаровонии гумном гузориш медоданд!
Гуфтан мумкин аст, замоне, ки ҳоло ҷанг дар Хоруғ шурӯъ нашуда буд, ҳукумат бо ин машинаи иттилоотиаш кайҳо ҷанги хабариро бохт!
Дуруст аст, ки мардуми Бадахшон мардуми доно ва забондон ҳастанду дар бисёрии сафоратхонаҳову созмонҳои байналмилалӣ фаъолият доранд, аммо ба Ҳукумати Тоҷикистон кӣ халал мерасонду мерасонад, ки дар атрофи худ чанд таҳлилгари воқеан огоҳ бо қолабҳои навро ҷамъ кунаду «рӯзи мабодо» (хоса дар ҷангҳои иттилоотии хориҷӣ) аз онҳо ба манфиати умумӣ истифода намояд?
Ё дар бахши идеологии ҳукумат мутмаинанд, ки бо “муборизаҳои фейкӣ”, ки шабакаҳои иҷтимоиро пур кардаасту масъулияташ номаълум ба уҳдаи кист ва ин беному беномусҳо аз гуфтани номашон метарсанду ҳич масъулияте ҳатто дар гуфтани дурӯғу туҳмат эҳсос намекунанд, чизеро тағйир додан мумкин аст?
Фаромӯш набояд кард, ки ин бемасъулиятӣ бемасъулиятӣ ба вуҷуд меораду бас! Аммо пасманзари бемасъулиятии тамом медонед, ки чист?
Агари №3: агар Чин пуштибонӣ намекард…
Як нуктаи бисёр муҳим дар он шабу рӯзҳо барои касоне, ки мавзӯро ҷиддӣ баррасӣ ва таваҷҷуҳ намуда буданд, ин ба ҳисоб мерафт, ки аз кишварҳои дигар танҳо Чин ва Афғонистон мавқеи Ҳукумати Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуд. Аз ҳамсоякишварҳои минтақа на Ӯзбекистон, на Қирғизистон, на Қазоқистон дар ин масъала ҳарфе гуфтанро салоҳ надонистанд. На таъзия баён карданд, на изҳори нигаронӣ.
Танҳо Афғонистон буд, ки ҳам президенташ ба ҳамтои тоҷики худ занг зад ва ҳам гурӯҳи вазирони низомиаш таъҷилӣ ба Душанбе омаданду ба Раҳмон ваъдаи кумак карданд.
Русия танҳо бо як изҳороти вазорати корҳои хориҷааш иктифо варзид ва он изҳорот ҳам сахт фикрзо буд. Ба ҳар сурат, ишораҳое дошт, ки давомдор будани ҳодисаҳоро бозгӯӣ мекард ва аз Ҳукумати Тоҷикистон дархост менамуд, ки аз шаҳрвандони Русия, агар дар мавзеи амалиёт касе ҳаст, ҳимоят намояд.
Каме баъдтар маълум шуд, ки дар пасманзари ин ишорат чӣ нуҳуфтааст. Зеро бархе аз зодагони Бадахшон ба Кремл муроҷиат карданд, ки хеле аз мардуми ин вилояти автономии Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро ҳам доранду Маскав бояд ба зудӣ ба ҳимояи онҳо бархезад!
Гумон мекунед, ин нафарон аз пеши худ чунин изҳорот доданд?
Оё ҳаводиси моҳи августи соли 2008 аз хотиратон рафтааст, ки як гурӯҳ аз мардуми Осетияи Шимолӣ ва Абхозистон гӯё аз Маскав хостанд ба онҳо кумак намоянд ва бо ин баҳона аскари рус ба ин минтақа ворид шуда, инак дигар намебарояд.
Моҳи апрели соли 1992 маҷлиси вакилони халқи Бадахшон қарор дар бораи таъсиси Ҷумҳурии автономии Бадахшони Кӯҳиро қабул карда буд, аммо Шӯрои Олии Тоҷикистон онро напазируфт. Ба хотиратон моҷарои Қарабоғи Кӯҳиро, ки ин шабу рӯз аз нав доғ мешавад, меорам, ки он аз як қарори парлумони маҳаллӣ дар бораи таъсиси ҷумҳурии автономӣ ва хориҷ шудан аз ҳайати Озарбойҷон сар зад…
Чин маълум буд, ки бо чӣ далел мавқеи Ҳукумати Тоҷикистонро дастгирӣ мекард. Зеро ин кишвар ҳам мушкили ҷудоиталабӣ дар дохили худро то ҳанӯз ҳал накардааст…
Агари №4: агар ин охири кор нест…
Бо ин ҳама, тавре дар таърихномаҳо омадааст, набояд фаромӯш кард, ки дар Бадахшони Тоҷикистон таи 120 соли ахири то он ҳодисаҳо ҷанг сурат нагирифта буд. Ҳатто дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Фронти Халқӣ иҷозат надоданд, ки ба ин минтақа ҳуҷум намояд (Гуфта мешавад Файзалӣ Саидов пофишорона мехост Помирро «чистка» кунаду Сангак Сафаров зид баромад). Зеро ин вилоят махсусиятҳое дорад, ки ягон минтақаи дигари Тоҷикистон онҳоро соҳиб нест. Аз ҳама муҳимаш, анқариб намояндаи ҳеч минтақаи дигари Тоҷикистон забони маҳаллии мардуми ин вилоятро намедонад. Ин дар гирудори ҳодисаҳо бисёр омили ҷиддист. Оё гуфтан мумкин аст, ки худи бадахшониҳо ба муқобили ҳаммаҳалони худ силоҳ ба даст мегиранд? Аз шинохте, ки аз ин мардум дорем, ин савол посухи мусбатро ҳосил намекунад.
Ҳамсарҳадии ин вилоят бо се кишвар як паҳлӯи масъала аст. Сухан дар бораи шароити ҷуғрофии ВМКБ низ меравад. Агар амалиёт ё ҷанг дар ин минтақа Худое накарда, тӯлонӣ давом меёфт, гумон буд, ки ба манфиати ҳукумат ва худи мардуми Бадахшон анҷом мешуд. Зеро ба шароити зимистони сарди Бадахшон на ҳар афсар тоқат карда метавонад.
Аз ҷониби дигар, ҳукумат низ шояд мехост қотилони генерали худро ҷазо диҳаду дар назди дигарон ба гунаи ҳукумати заиф ҷилва назанад, ки ҳатто як мақоми баландпояи худро ҳимоя карда натавонист. Хоса, дар соле, ки то интихоботи президентӣ як соли дигар боқӣ монда буд, «сироят»-и ин ҳодиса ҳукуматро воқеан наметавонист берун аз изтироб гузорад. Аммо, агар амалиётро идома медод, ба фишори навбатии ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ намеомад?
Хулоса, ҳукумат ба дуроҳае афтода буд, бо якравию мағрурӣ ҳалли он имкон надошт. Ахиран фаҳмида шуд, ки маҳз бо асабҳои ором ва иқдомҳои самимӣ ҳалли ҳар мушкилро бамаротиб осонтар мегардонад. Таъин намудани раҳбаре аз ҳисоби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мисоли Ёдгор Файзов, ки воқеан дар ҳама ҳолат байни мардум аст ва дар Тоҷикистон назир надорад, ташкил намудани “сайёҳат” барои “авторитетҳои” бадахшонӣ ба пойтахт, ваъдаи бо ҷои кор таъмин намудани мардуми Бадахшон дар минтақаҳои дигар ва иқдомоте мисли ин манзури мост.
Яъне масъала бармехӯрад ба ҳамон тезиси “Гуфтугӯи миллӣ”, ки вақтҳои ахир дар борааш зиёд мегӯем. Асли он равона шудааст ба бовар ба худ ва ба дигарон.
Пас чӣ далел дорем, ки ба ҳам бовар накунем?
Ин матлаб аз торнигори “Рӯзи нав” бо Раҷаб Мирзо бознашр шудааст ва дидгоҳи шахсии муаллиф аст.
Где заказать торт на Новый год в Душанбе и Худжанде?
Как ухаживать за волосами зимой? Важные советы от таджикского специалиста
Государственный бюджет Таджикистана на 2025 год. Подробно
Как проходит процедура развода и какова государственная пошлина за подачу заявления?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 22 декабря 2024 года
Долгая ночь. Сегодня отмечается праздник зимнего солнцестояния Шаби Ялдо
Как прошла Tarona Music Award-2024: на сцене, за кулисами мероприятия и не только
АБИИ выделил Таджикистану первые $270 млн на строительство Рогунской ГЭС
На российском рынке труда выросло число вакансий при нехватке персонала
«Стратегический стержень» Евразии. Что может дать Ваханский коридор странам, имеющим выход к нему
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста