Дар қуръакашии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё, дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон боз рақиби дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ шуд, ки дар он Криштиану Роналду, футболбози маъруфи пуртуғолӣ бозӣ мекунад. Ҳамакнун, имкон дорад, ки ин ситораи маъруфи футбол ба Тоҷикистон биёяд.
Қуръакашӣ, имрӯз, 15-уми август, дар шаҳри Куала-Лумпури давлати Малайзия баргузор гардид. Дастаи "Истиқлол" дар гурӯҳи "D" ҳамроҳ бо дастаҳои "Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ, "Ал Завра"-и Қатар ва "Гоа"-и Ҳиндустон қарор гирифт.
Рақобатҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё рӯзи 16-уми сентябр оғоз хоҳанд шуд. Дар ин марҳила дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ду маротиба бо дастаи “Ал-Наср” – як маротиба дар майдони худ ва маротибаи дигар дар сафар бозӣ мекунад. Ҳоло ҷадвали бозиҳо маълум нашудааст.

Ёдрас мешавем, ки қаблан ҳам дастаҳои “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ва “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ дар мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар мавсими солҳои 2023/2024 рӯёрӯйи ҳам қарор гирифта, ду бозӣ баргузор карданд.
Дар бозии якум дар шаҳри Риёз “Ал-Наср” бо натиҷаи 3:1 “Истиқлол”-ро ноком кард ва рақобати дуюм дар Душанбе, ки бидуни Роналду доир гашт, бо ҳисоби 1 бар 1 мусовӣ шуд.
Он замон ҳам омадани Криштиану Роналду ба Тоҷикистон сарусадоҳои зиёдеро барпо карда буд, вале билохира ӯ ба Душанбе наомад.
Маъмурияти бошгоҳи “Ан-Наср” наомадани Роналду ба Тоҷикистонро ба ҷароҳати ӯ дар рақобат бо “Персеполис”-и Эрон рабт дода, гуфта буданд, то ба ҳол шифо наёфтааст.
“Бинобар ин сабаб, Роналдуро роҳбарияти тим истироҳат додаанд ва дар бозӣ муқобили “Истиқлол” ба Душанбе намеояд. Ҳамин тавр, бо наомадани Роналду орзуи мухлисони зиёди футболи тоҷик, ки хоҳиши аз наздик дидани бозии ӯро доштанд, ҷомаи амал напӯшид”, - навишта буд он вақт ТВ “Варзиш”.

Бояд гуфт, дар ҳайати “Ал-Наср” ба ҷуз аз Криштиану Роналду, бозигарони машҳуре ба монанди Садио Мане, Эмерик Ляпорт, Жуан Феликс, Отавио Эдмилсон ва дигарон низ ҳунарнамоӣ мекунанд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста