Кумитаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қабули дархости довталабон ба ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутиро барои соли 2018 эълон намуд. Мукофотҳо дар бахшҳои зерин тақдим карда мешавад:
- матбуоти даврӣ
- радио
- телевизион
- тадқиқот дар соҳаи ВАО.
Ба озмун танҳо аъзоёни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон роҳ дода шуда, дархостҳо бо иловаи маводҳо дар 9 нусха то соати 17:00-и 5 феврали соли 2019 қабул мешаванд.
Инчунин, ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ барои журналистони донишҷӯ бо дархости донишгоҳҳо ва факултаҳои журналистӣ қабул мешаванд.
Маросими тантанавии супурдани ҷоизаҳо дар Рӯзи матбуоти тоҷик – 11 март баргузор мегардад.
Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ соли 1968 таъсис дода шуда, ҳар сол ба журналистон барои беҳтарин матлабҳои журналистӣ ва таҳқиқотҳо дар самти ВАО тақдим мегардид.
Замони Иттиҳоди Шӯравӣ Рӯзи матбуот 5 май – санаи нашри шумораи аввали газетаи “Правда” (нашрияи расмии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ) ҷашн гирифта мешуд. Шуруъ аз соли 1994 Рӯзи матбуоти тоҷик 11 март – санаи нашри аввалин шумораи нахустин газетаи тоҷикӣ “Бухорои шариф”, таҷлил карда мешавад.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста