Имрӯз, 6-уми октябр, дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон Ҷоми ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо миёни калонсолон оғоз шуд.
Дар ин мусобиқа 563 варзишгар аз 85 давлат ширкат мекунанд. Гуфта мешавад, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 варзишгар намояндагӣ мекунанд:
Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66кг;
Беҳрӯз Хоҷазода ва Муҳаммадраҳим Сарахонов дар вазни то 73кг;
Шодмон Ризоев ва Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81кг;
Ҷаҳонгир Маҷидов ва Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90кг;
Абӯбакри Акобир дар вазни то 100кг;
Темур Раҳимов дар вазни +100кг.
Бояд гуфт, ки мусобиқаи мазкур то 13 октябр идома хоҳад кард.
Дар қувваозмоиҳои инфиродӣ барои ҷои аввал 26000 евро, барои ҷои дуюм 15000 евро ва барои ҷои сеюм 8000 евро пешбинӣ шудааст. Дар рақобати даставии омехта ба ғолиб 90000 евро, ба барандаи ҷои дуюм 60000 евро ва ба барандагони ҷои сеюм 25000 евро тақдим хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, Тошканд барои варзишкорони тоҷик макони мувофиқ ба ҳисоб меравад ва дар ин ҷо солҳои қабл ҷудокорони тоҷик чандин нишон ба даст оварда буданд. Аз ин лиҳоз, ин бор низ интизории мухлисони варзиш аз ҷудокорони тоҷик зиёд аст.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста