Имрӯз, 14-уми октябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар кори ҷаласа, ки дар ҳайати маҳдуд баргузор шуд, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Токаев, Президенти Русия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммедов, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов иштирок карданд.
Гуфта мешавад дар ҷаласаи мазкур Эмомалӣ Раҳмон оид ба авзои сиёсии ҷаҳон, таъсири омилҳои беруна ба иқтисоду амнияти кишварҳо, буҳрони озуқаворию энергетикӣ, тағйирёбии иқлим ва таъсири пандемияи Ковид-19, оқибатҳои низоъҳо дар кишварҳои гуногуни олам, ки ба амнияти минтақа ва ҷаҳон метавонанд таъсиргузор бошанд, суханронӣ кард.
Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба пайомадҳои манфии ин хавфҳо пешниҳод кард, ки дар баробари корҳое, ки дар доираи Иттиҳод анҷомдодашуда, барои вокуниши муштарак ба чолишҳои рӯзафзун ва таҳдидҳо чораҳои муассиртар андешида шаванд.
“Бояд гуфт, ки сарфи назар аз натиҷаҳои дар давоми се даҳсола ба даст овардаи кишварҳо дар доираи ИДМ, то ҳол монеаҳо ва маҳдудиятҳо мавҷуданд, ки ба рушди минбаъдаи мутақобилан судманд халал мерасонанд,” – навиштааст манбаъ.
Президенти Тоҷикистон таъкид кардааст, ки то ҳол дар соҳаҳои иқтисодиёт, саноат, илму техника, нақлиёту транзит ва бахши энергетика иқтидорҳои бузурги истифоданашуда ҳанӯз зиёданд.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин оид ба пайомадҳои офатҳои бузурги табиии вобаста ба об, хисороти моддию талафоти ҷонӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар бораи ҳалли мушкилоти норасоии об, таъсири тағйрёбии иқлим ба захираҳои обӣ, обшавии пиряхҳо, болоравии талабот ба оби ошомиданӣ бинобар афзоиши аҳолии кураи замин ва рушди иқтисоди кишварҳо, суханронӣ кард.
Терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳамчун таҳдидҳои асосӣ ба амнияти кишварҳо номида шуд.
Президенти кишвар таъкид кардааст, ки Тоҷикистон аз тасдиқи Барномаи ҳамкории кишварҳои аъзои ИДМ дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои давраи солҳои 2023 - 2025 ҷонибдор аст.
Зикр мешавад, ки дар поёни кори ҷаласа сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои иштирокчии ИДМ як қатор қарорҳову санадҳои вобаста ба фаъолияти минбаъдаи Созмонро ба тасвиб расониданд.
Долгая ночь. Сегодня отмечается праздник зимнего солнцестояния Шаби Ялдо
Как прошла Tarona Music Award-2024: на сцене, за кулисами мероприятия и не только
АБИИ выделил Таджикистану первые $270 млн на строительство Рогунской ГЭС
На российском рынке труда выросло число вакансий при нехватке персонала
«Стратегический стержень» Евразии. Что может дать Ваханский коридор странам, имеющим выход к нему
Что будут показывать таджикские театры на Новый год
В сборную Таджикистана перебралась легкоатлетка из России
Как Душанбе встречает Новый год?
Лидеры e-commerce и их секреты успеха. Кто ведет Таджикистан в цифровое будущее?
Правоохранители Таджикистана задержали подозреваемых в массовых убийствах в Канибадаме
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста