Тавре қаблан хабар дода будем, дар нуқтаҳои убури марзи Русия зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷиконро, ки ҳамчунин шаҳрвандии Русияро доранд, намегузоранд аз ин кишвар хориҷ шаванд: ба онҳо гуфтаанд, ки мардони синни даъватӣ ҳаққи ба хориҷа рафтанро надоранд. Дар ин хусус, 22-юми январ Радиои Озодӣ бо такя манобеи худ иттилоъ дод.

Чанд сокини давлатҳои Осиёи Миёна ба ин расона гуфтаанд, ки сарҳадбонони рус ба наздикони онҳо иҷозаи хуруҷ надода, гуфтаанд, “онҳо ба рӯйхати сафарбаркунӣ шомил шудаанд ва ҳаққи тарки Русияро надоранд”.

Дар робита ба масъалаи мазкур, намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар ин замина ҳеҷ муроҷиате дастрас накардаанд.

“Вобаста ба масъалаи мазкур ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия ягон муроҷиат ворид нашудааст”, - гуфт намояндаи Сафорат.

Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иброз намуданд, ки вобаста ба манъи хуруҷи тоҷиконе, ки шаҳрвандии Русияро доранд ва даъвати баъзе аз мақомдорони Русия оид ба ҷалби зодагони дорои душаҳрвандии Осиёи Миёна ба ҷанги Украина, изҳори назари расмӣ хоҳанд кард.

Ҳолатҳои иҷозаи хуруҷ надодан ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамзамон шаҳрвандии Русияро доранд, аз ҷониби мудофеони ҳуқуқи муҳоҷирон низ тасдиқ карда мешавад. Аз ҷумла, Каримҷон Ёров дар суҳбат ба “Азия-Плюс” аз се ҳолати иҷозаи хуруҷ надодан ба тоҷикони дорои шаҳрвандии Русия нақл кард ва таъкид намуд, ки  ба онҳо даъватнома ба комиссариати ҳарбӣ ё шартномаи пайвастан ба артиши Русияро супориданд ва ин ғайриқонунӣ мебошад.

Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқ муҳоҷирон низ ба ин андеша аст, ки чунин амали мақомоти Русия хилофи қонунгузории ин кишвар аст ва чунин қонуне вуҷуд надорад, ки берун рафтани шахсонеро, ки қарздор нестанд, уҳдадории пардохтнашуда ва ҳомили сирри давлатӣ нестанд ё дар иҷрои вазифаҳои махсус нестанд, манъ кунад.

Дар чунин вазъ зодагони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар дуроҳа қарор мегиранд: Аз як сӯ зодгоҳаш, ки барои иштирок дар ҷанги бегона барояш муҷозот муқаррар кардааст ва аз ҷониби дигар, шаҳрвандии Русия, ки барояш имтиёз ҳангоми кору зиндагӣ дар ин кишварро медоду ҳоло вазифадор мекунад, ки ба сафи артиш пайваст шавад.

Дар ин дуроҳа муҳоҷирони соҳиби шаҳрвандӣ қарор гирифтаанд ва дақиқ намедонанд, ки чӣ кор бояд кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.