Дар Тоҷикистон то кунун зиёда аз 174 номи маҳалҳои аҳолинишин, ки  “ғайримеъёрӣ” буданд, иваз шудаанд ва ҳоло беш аз 300 ҷойном дар саросари кишвар “ғайритоҷикӣ” ҳастанд, ки дар оянда иваз хоҳанд шуд. Дар ин бора Шарифҷон Ҷумъазода, раиси Кумитаи рушди маҳал имрӯз, 26-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Шарифҷон Ҷумъазода дар посух ба суоли рӯзноманигори “Азия-Плюс” гуфт, то инҷониб аз тарафи Раёсати ҳамоҳангсозии Кумитаи рушди маҳал зиёда аз 174 номи ғайримеъёрии маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иваз карда шудаанд.

“Ҳоло беш аз 300 ҷойном дар саросари Тоҷикистон ғайритоҷикӣ ё ғайримеъёрӣ ҳастанд, ки дар оянда ҳатман иваз хоҳанд шуд”, - гуфт раиси Кумитаи рушди маҳал.

Ба гуфтаи ӯ, ҷойноми “ғайримеъёрӣ”-ро Кумитаи забон ва истилоҳот муайян мекунад, ки он тоҷикӣ нест ё маънои манфӣ дорад ва ё ба маҳал мутобиқат намекунад.

 

Шарифҷон Ҷумъазода
Asia-Plus

Аз Қанғелӣ ба Зарнисор

Дар як соли охир номи деҳаҳои зерин иваз карда шудааст:

Дар шаҳри Истаравшан:

- деҳаи Бафоии деҳоти Гули Сурх ба деҳаи Вафоӣ;

- деҳаи Саричияки деҳоти Қалъачаи Калон  ба деҳаи Саричак;

Дар шаҳри Панҷакент:​​​​​​​

- деҳаи Киштудаки Поёни деҳоти Ёрӣ ба деҳаи Киштудаки Пойин;

- деҳаи Сойи Вешисти деҳоти Ёрӣ ба деҳаи Нови Вешист;

- деҳаи Уртақишлоқи деҳоти Саразм ба деҳаи Миёндеҳ;

- деҳаи Гезани поёни деҳоти Моғиён ба деҳаи Ғезани Пойин;

- деҳаи Майдони Моғиёни деҳоти Моғиён ба деҳаи Моғиёнмайдон;

- деҳаи Рашнаи поёни деҳоти Шинг ба деҳаи Рашнаи Пойин;

- деҳаи Ҳушёрии деҳоти Шинг ба деҳаи Ҳушор.

Дар  ноҳияи Ашт:​​​​​​​

- деҳаи Ашти Поёни деҳоти Ашт ба деҳаи Ашти Пойин;

- деҳаи Каттасаркамқши деҳоти Ифтихор ба деҳаи Найистон.

Дар ноҳияи Файзобод:​​​​​​​

- деҳоти Вашгирд ба деҳоти Баҳор;

- шаҳраки Файзобод ба шаҳраки Вашгирд;

- деҳаи Қанғелии деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев ба деҳаи Зарнисор;

- деҳаи Ҷавонони деҳоти Ҷавонон ба деҳаи Хуҷамард.

 

Аз Дашти Хорзор ба Садриддин Айнӣ

Ғайр аз ин, Кумитаи рушди маҳал дар мувофиқа бо ниҳодҳои марбута ҷойномҳои маҳаллаҳои аҳолинишинро, ки ба категорияи деҳа ворид мешаванд, муайян мешамояд. Ҳамин тариқ, маҳаллаҳои зерин ба категории деҳа мансуб дониста шудаанд:

- маҳалли аҳолинишини Оби Файзободи деҳоти Меҳробод ва ба деҳаи Оби Шифо;

- маҳалли аҳолинишини Дараи аловаки деҳоти Ҷавонон ба деҳаи Дӯстӣ;

- маҳалли аҳолинишини ҳудуди деҳаи Кӯлобиёни деҳоти Чашмасор ба деҳаи Истиқлол;

- маҳалли аҳолинишини ҳудуди деҳаи Тахтиалифи деҳоти Чашмасор ба деҳаи Меҳргон;

Бо пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳали аҳолинишини Дашти Хорзори деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ ва иваз намудани номи он ба деҳаи Некободи деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ, инчунин иваз намудани номи деҳаи Тошбулоқ ба деҳаи Наврӯзчашма, деҳаи Пурзабад ба деҳаи Пурзавоти деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ, деҳаи Бегари деҳоти Варзоб ба деҳаи Беғар, деҳаи Косатароши поёни деҳоти Лучоб ба деҳаи Косатароши Пойин иваз карда шуданд.

 

Дар оянда кадом ҷойномҳо иваз мешаванд?

Шарифҷон Ҷумъазода гуфт, ки ҳоло ба Кумитаи рушди маҳал барои иваз намудани 524 маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла ВМКБ 9 адад, вилоятҳои Суғд 11 адад, Хатлон 496 адад, ноҳияи Файзобод 8 адад, шаҳри Норак 1 адад ҳуҷҷатҳо ворид шудаанд.

Гуфта мешавад, дар ин робита лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Точикистон омода шудааст ва ҳоло бо роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шуда истодааст.

Ғайр аз ин, ӯ гуфт, аз тарафи гурӯҳи кории дахлдор дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 12 ҳазору 593 номи объектҳои ҷуғрофӣ ва маҳалҳои аҳолинишин баррасӣ гардида, аз ин теъдод 7 ҳазору 682 номи объектҳои ҷуғрофӣ ва 4 ҳазору 911 ададро маҳалҳои аҳолинишин ташкил медиҳад.

Ҷумъазода афзуд, ки аз шумораи болозикр 4 ҳазору 833 номҳо ивазшаванда буда, 4 ҳазору 31 ададашро объектҳои ҷуғрофӣ ва 802 ададро номҳои ғайримеъёрии маҳалҳои аҳолинишин ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 52, вилояти Суғд 170, вилояти Хатлон 342, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 238 номи деҳа дар назар дошта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.