Як ҳафта қабл аз оғози даъват ба хидмати ҳарбии тирамоҳӣ дар Вазорати дифои кишвар масъалаҳои даъвати ғайриқонунии ҷавонон ба артиш ва пешгирии ришваситонӣ ҳангоми даъвати ҷавонон ба артишро баррасӣ кардаанд.
Тавре дафтари матбуотии Вазорати мудофиа хабар додааст, Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи кишвар барои ҷалби бештари ҷавонписарони солиму бардам ба сафи қувваҳои мусаллаҳ супориш додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, муҳимтарин масъалаҳое, ки дар ҷаласа баррасӣ шудаанд, интихобу фиристодани ҷавонони солиму бардам ба хидмат, пешгирӣ аз роҳҳои ғайриқонунии даъват, пешгирии содиршавии ҳама гуна қонуншиканиҳо, бахусус ҷиноятҳои вобаст ба фасод буд.
Гуфта мешавад, ки вазир даъвати баҳории соли равонро таҳлил карда, аз як қатор камбудиҳои баъзе аз комиссияҳои даъватӣ нигаронӣ кардааст. Аммо дар хабар гуфта нашудааст, ки вуҷуди кадом камбудиҳо боиси нигаронии вазир гардидаанд.
Танҳо қайд шудааст, ки барои рафъи мушкилоти ҷойдошта вазир супориш додааст, ки масъулин баҳри хуб ба роҳ мондани даъват бо мардум ва ҷавонони синни хидматӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқу тарғиб ба роҳ монанд.
Ҳамчунин, ӯ ба комисариятҳои ҳарбӣ дастур додааст, ки барои ҳалли мушкилоти шаҳрвандон ҳангоми муроҷиатҳои онҳо дар масъалаҳои марбут ба даъват чораҷӯйӣ кунанд.
Дар хабари вазорат гуфта шудааст, ки солҳои охир сафи ихтиёриён афзудааст ва бисёре аз шаҳру ноҳияҳои кишвар пеш аз муҳлат нақшаи даъватро иҷро мекунанд. Сабаби инро вазорат ба беҳтар шудани шароити хидмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ марбут донистааст.
Дар ҳамин ҳол мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.
Чанд соли охир дар ҷараёни маъракаи даъват аз “шева”-ҳои нав истифода мешавад. Аз “гаравгонгирии волидайн” то буридани хати барқи аҳолӣ ва бастани дари масҷидҳо. Аммо маълум нест, ки Шералӣ Мирзо дар ҷаласаи мазкур ба ин мавзуъҳо таваҷҷуҳ кардааст, ё не.
Мақомоти масъули кишвар пайваста ба набудани “облава” таъкид мекунанд. Масъулин мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Ёдрас мешавем, ки 27-уми август, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон фармони даъват барои хидмати ҳарбии тирамоҳиро имзо кард. Тибқи он ҷавонони аз 18 то 27 солаи солҳои таваллуди 1997-2006 ба ратиш ҷалб мешаванд. Маъракаи даъвати ҳарбӣ аз 1-уми октябр оғоз гардида, то охири моҳи ноябр давом мекунад.
Ҳамчунин, дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед.
Отмена виз, рост зарплат и счастливые дети. Хорошие новости 2024 года
Центральная Азия становится новой точкой бума e-commerce
Авиакомпания Qazaq Air приостановила полеты в Екатеринбург – по соображениям безопасности
Самые интересные автомобили для семейных путешествий
Может ли демонтаж пешеходных переходов повлиять на уменьшение пробок в Душанбе?
По инициативе Таджикистана. В ООН напомнили о Международном годе сохранения ледников
Вузы России: куда поступают таджикистанцы и сохранятся ли квоты?
В Таджикистане определили лучшего футболиста 2024 года
Иран стал третьим государством – наблюдателем при ЕАЭС
Успей выиграть приз от «Душанбе Сити Банк» и Visa
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста