Пулиси Хатлон ду сокини ноҳияи Ҷалолиддин Балхиро бо гумони латукӯби ҳамсару духтари бародарашон боздошт кардааст.
Раёсати ВКД дар Хатлон бо нашри ин хабар аз боздоштшудаҳо Мадаминов Нуралии 41-сола ва Зокиров Дилшоди 44-сола ном бурд. Ҳодиса кай рух додааст маълум нест.
Ба гуфтаи ин ниҳод, ин ду бародар ба хонаи бародари сеюмашон - Мадаминов Аҳтамҷон ворид гашта, ҳамсар ва духтари ӯро латукӯб ва бо корд таҳдиди куштан кардаанд.
“Дастгиршудаи дигар, Зокиров Дилшод як адад зарфи ғунҷоишаш 1 литраи пур аз оби ҷӯшидаро гирифта, қасдан ба қисмати рӯйи ҷиянаш, яъне духтари бародараш Мадаминова Раъногул пош медиҳад”, - омадааст дар хабарнома.
Ин ниҳод мегӯяд, дар натиҷа духтари 20-солаи бародарашон бо ҷароҳатҳои сӯхтаи мавзеҳои рӯй, гардан, қафаси сина ва дигар узвҳо дар беморхонаи ноҳиявӣ бистарӣ шудааст.
Мақомот шарҳи бештар надодаанд. Маълум нест, ки чаро бародарон даст ба чунин кор задаанд. Назари худи боздоштшудаҳо ва наздикони онҳо ҳам дар ин маврид дастрас нест.
Ҳоло мақомот бар зидди гумонбарон бо иттиҳоми “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” (моддаи 110 қисми 2 КҶ) парванда боз кардааст.
Бар асоси ин иттиҳом ба онҳо аз 8 то 12 сол зиндон таҳдид мекунад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2024 дар кишвар 75 ҳолати куштор ва қасди одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин рақам нисбат ба соли 2023-ум 18 ҳолат зиёд будааст.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста