Аз оғози соли хониши имсола - 1-уми сентябр дар беш аз 100 мактаби кишвар дарсҳои иловагии зеҳни сунъи (ҳуши маснӯӣ) ба роҳ монда мешавад. Ин дарсҳо берун аз барномаи таълимӣ буда, ҳафтаи як маротиба барои синфҳои 10 ва 11 ройгон гузаронида мешавад.
Дарси нави “Асосҳои зеҳни сунъӣ” дар мактабҳо
Аз Шурои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ки ташаббускори ин иқдом аст, ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ҳадафи дарсҳо гузоштани замина барои дар барномаи таълимии мактабҳо дар оянда ҷорӣ кардани фанни нав бо номи “Асосҳои зеҳни сунъӣ” мебошад.
Ба иттилои манбаъ, дарсҳои зеҳну сунъӣ дар соли хониши нави 2025-2026 интихобан дар 100 мактаби кишвар, аз ҷумла 60 мактаби Душанбе ва 40 мактаб дар дигар манотиқи кишвар татбиқ мегардад.
Ба иттилои манбаъ, дар даври таҷрибавӣ мактабҳое интихоб шудаанд, ки нисбатан шароити хуби таълим фароҳам ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ буда, интернети босуръат ва тахтаи электронӣ таъмин аст. Инчунин сатҳи дониши хонандагон, бахусус аз фанҳои риёзӣ ба инобат гирифта мешавад.
“Соли гузашта низ дар 25 мактаби ҷумҳурӣ, аз ҷумла 18 мактаби пойтахт ва 7 макотиби Хуҷанду Конибодом, бахусус, мактабҳои типи нав давраи таҷрибавии ин лоиҳа татбиқ гардид ва натиҷаҳои хуб ҳам ба даст омад”, - гуфтанд масъулини Шӯрои зеҳни сунъӣ.
Ҳамчунин гуфтанд, мувофиқи “Стратегияи рушди зеҳни сунъии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”, ки дар кишвар қабул шудааст, бояд то соли 2028 дар барномаи таълимии тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ омӯзиши ҳуши маснӯӣ ҳамчун фанни алоҳида ҷорӣ гардад.
Дарсҳо ройгон аст
Манбаъ афзуд, ҳадафи ҷорӣ кардани машғулиятҳои таҷрибавӣ ин таҳлили пешакӣ ва омӯзиши вокуниши хонандагон, омӯзгорон, мактабҳо ва ҷомеа аст.
“Ин машғулиятҳо таҷрибавианд. Аз рӯйи натиҷаҳои аз ин мактабҳо бадастомада, барномаи таълимӣ таҳия шуда, он дар тамоми мактабҳо паҳн карда мешаванд”, - афзуд манбаъ.
Аз ин ниҳод гуфтанд, дарсҳо ройгон буда, тамоми хароҷоти дигар низ аз ҷониби шӯро пардохта мешавад.

“Аз хонандагон ва мактабҳо чизе талаб карда намешавад. Мактабҳо фақат уҳдадор мешаванд, ки барои таълими хонандагони худ як синфхона ҷудо кунанд, ки соҳиби интернети босуръат, тахтаҳои электронӣ бошад”, - афзуд намояндаи ин Шӯро.
Дарсҳо кай ва барои кӣ гузаронида мешавад?
Дарсҳои иловагӣ дар макотибе, ки интихоб мешаванд, барои хонандагони синфҳои 10-11 ва баъди дарси асосӣ гузаронида мешаванд. Дар як гурӯҳ 10-15 хонанда фаро гирифта шуда, ҳафтае як маротиба давоми як соат гузаронида мешавад.
“Агар шумораи мутахассисон зиёд шавад, дар як ҳафта ду маротиба шояд ба роҳ монда шавад. Аммо мутахассисон дар ин бахш дар шароити имрӯза ангуштшуморанд. Бояд шумораи мутахассисонро зиёд кунем”, - афзуд манбаъ.
Шӯро нақша дорад, аз ҳисоби омӯзгорони фанни информатика, ки дар мактабҳо таълим медиҳанд ва ё дигар омӯзгорон, ки бо воситаҳои техникӣ кор карда метавонанд ва дониши хуби риёзӣ доранд, мутахассис омода кунад.
Ба гуфтаи манбаъ, хонандагон пеш аз қабул шудан дар машғулиятҳо аввал аз санҷиш низ мегузаранд, вале нафароне низ, ки дар санҷиш натиҷаҳои хуб нишон намедиҳанд, вале хоҳиши зиёд доранд, метавонанд дар дарсҳои иловагӣ омӯзиш гиранд.

Аз Шӯрои зеҳни сунъӣ гуфтанд, мактабҳое, ки дар онҳо бояд дарсҳо гузаронида шавад, аз ҷониби шуъбаҳои маориф пешниҳод мешавад.
Аз Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди сарраёсати маорифи пойтахт ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки ҳанӯз ин рӯйхат ниҳоӣ нашудааст, вале меъёрҳое, ки шӯро гузоштааст, ба инобат гирифта мешавад.
Ёдрас мешавем, ки чанд сол инҷониб дар Тоҷикистон ҷорӣ намудани дарсҳои онлайнӣ баррасӣ мешавад. Ин масъала замоне доғ гардид, ки пандемияи коронавирус дар Тоҷикистон низ паҳн гардид ва “карантин” ҷорӣ шуд ва аксари кишварҳо, аз ҷумла ҳамсоядавлатҳо ба низоми дарси онлайнӣ гузаштанд.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон низ эълон кард, ки дар давраи “карантин” хонандагони тоҷик ба таълими онлайн ё дарсҳои телевизионӣ мегузаранд. Аммо ин “ваъда” дар амал татбиқ нагардид.
Мушкили дигар замоне пеш омад, ки соли 2022 бо сабаби сардии зиёди ҳаво ба хонандагон истироҳат эълон карданд ва ин замон низ масъала доғ гардид.
Вазорати маориф сабаби то ҳол ҷорӣ нашудани таълим бо низоми онлайниро ба суръати пасти интернет ва барқ рабт дода буд. Ҳамчунин барқкушӣ ва омода набудани кишвар ба ин низом низ яке аз сабабҳо гуфта мешуд.






Tarona Music Award - 2025: Скоро зажжём!
Синоптики предупреждают о сильных осадках в Таджикистане в начале следующей недели
Сироджиддин Мухриддин обсудил двусторонние отношения с министрами Финляндии и Венгрии в Вене
IM GROUP стал официальным партнёром Tarona Music Award-2025
Как таджики защищали Москву от фашистов в 1941-ом году
Александр Крестинин покинул «Худжанд»: клуб снова в поиске тренера
Tcell и ESCS объявляют о стратегическом партнерстве для запуска новой эры интерактивного гейминга в Таджикистане
Гособвинитель требует пожизненного заключения для Саифулло Азимова, обвиняемого в убийстве семьи в Рудаки
Центробанк России снимет ограничения на перевод денег за границу
Мэр Москвы посоветовал взять в руки метлу тем, кто недоволен мигрантами
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста