Муҳаммад Бобозода, сардори идораи замини шаҳри Исфара бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт шудааст ва ҳоло нисбати ӯ тафтишот идома дорад.
Шарифҷон Ҷумъазода, раиси шаҳри Исфара рӯзи 2-юми феврал дар нишасти хабарӣ аз вазифа сабукдӯш шудани Муҳаммад Бобозода, сардори идораи замини ин шаҳрро тасдиқ карда, гуфт, ки “ҳоло дар ин маврид як иттилоъ аст, ки ӯ бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир шудааст”.
“Ҳоло тафтишоти пешакӣ идома дорад. То хулосаи суд содир шудан, наметавон дақиқан дар ин бора чизе гуфт”, - изҳор дошт раиси шаҳри Исфара.
Аммо дар бораи ҳаҷми пора, аз кӣ гирифтани он ва аз сӯйи кадом ниҳод боздошт шудани он тафсилот надод.

Як манбаи дигар аз ин ниҳод тасдиқ кард, ки Муҳаммад Бобозода айни ҳол дар боздоштгоҳ аст, аммо ӯ ҳам аз ироаи тафсилот худдорӣ кард.
Талошҳоли мо барои муайян кардани тафсилоти боздошти сардори идораи замини шаҳри Исфара аз ниҳодҳои тафтишотӣ бесамар анҷомид.
Ҳамчунин, назари худи муттаҳам ё пайвандони ӯ ҳам барои расонаҳо дастрас нест.
Ба гуфтаи раиси шаҳри Исфара, Муҳаммад Бобозода аз 6-уми январ аз вазифа озод шуда, ба ҷойи ӯ Маҳина Ҷӯраева иҷрокунандаи вазифаи сардори идораи замини Исфара таъин шудааст.
Бояд гуфт, боздошт ва муҷозоти масъулини идораҳои замин дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз мушкили доғ боқӣ мемонад, ки ахиран раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода низ аз он нигаронӣ кард. Ӯ дар нишасти ахири матбуотии худ гуфт, ки давоми соли 2025 дастикам 64 ҳолати қонуншиканӣ дар бахши замин аз сӯйи ниҳодҳои дахлдори кишвар ошкор шудааст.
Аз ҷумла, тобистони соли 2025 Шокирҷон Қаробоев, сардори идораи замин дар ноҳияи Шаҳристон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуда буд ва барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин (моддаи 338 КҶҶТ) айбдор шуда, бо пардохти ҷарима, аз ҷавобгарӣ озод шуд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста