Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) афзоиши раванди таваррум дар семоҳаи дуюми соли равонро пешгӯӣ мекунад. Пешбинӣ мешавад, ки дар навбати аввал нархҳо ба маҳсулоти хӯроквории воридотӣ боло мераванд.
Мувофиқи таҳлилҳои мутахассисони БМТ, интизориҳои манфии мизони таваррум ба омлҳои қурбӣ вобастаанд.
Дар шарҳи моҳонаи таваррум барои моҳи марти соли 2017 қайд мешавад, ки тибқи таҳлилҳо интизорӣ меравад, ки дар семоҳаи дуюми соли равон вобаста ба омилҳои қурбию монетарӣ интизориҳои манфии таваррумии истеъмолкунандагон зиёд гардида, фишороварии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, бахусус маҳсулоти асосии воридотӣ дар давраи миёнамуҳлат ба сатҳи таваррум нисбатан зиёд мегардад.
«Бо вуҷуди ин, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо ва пешгирии фишорҳои таваррумӣ, сиёсати қатъии пулию қарзиро амалӣ намуда, тамоми имкониятҳои мавҷударо баҳри нигоҳ доштани меъёри таваррум дар давраи миёнамуҳлат дар доираи нишондиҳандаи пешбинишуда равона хоҳад намуд», - омадааст дар шарҳ.
Тайи моҳи ахир нарху тарифҳо 1,5% ва аз оғози сол - 3,2% боло рафтанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки семоҳаи аввали соли гузашта сатҳи таваррум ҳамагӣ 2,1%-ро ташкил дода буд. Мизони таварруми солона - аз моҳи марти соли 2016 то моҳи марти соли равон 7,3%-ро ташкил додаааст, ки нисбат ба ҳамин давраи пешин 1,7% зиёдтар аст.
БМТ сатҳи таваррум то охири солро дар сатҳи 7% нигоҳ доштанист. Бо ин мақсад Бонки миллӣ аз воситаҳое чун амалиёт дар бозори кушод, амалиёти болову поин бурдани меъёри бозтамвил, меъёри захираҳои ҳатмӣ, амалиёти асъорӣ дар бозорҳои байнибонкӣ ва ғайра истифода карданист.
Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2016 мизони таваррум дар Тоҷикистон 6,1% ва сатҳи миёнаи моҳонаи он - 0,5%-ро ташкил дода буд.