Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 4 млрд. 862 млн. сомониро ташкил додааст.

Дар маълумоти пешакии Вазорати молияи ҷумҳурӣ зикр мегардад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба нақшаи пешбинишуда ба андозаи 2,9% камтар аст.

Ин маънои онро дорад, ки давоми се моҳи аввали соли 2017 ба буҷет ворид шудани 5 млрд. 7 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида, вале ба мақомоти молия ҷамъоварии 145 сомонӣ ба нафъи буҷет муяссар нагардидааст.

Тамоили камбуди буҷети давлатӣ тайи се соли ахир пайдарпай ба мушоҳида расида, аз нақшаи пешбинишуда мунтазам ба буҷет 3-4% камтар маблағ ворид мегардад.

Сарфи назар аз тавсияҳои ниҳодҳои молии байнулмилалӣ, ҳукумати ҷумҳурӣ қотеъона бозбинии нишондиҳандаҳои буҷетро рад мекард. Аммо дар моҳи охири соли 2015 ба мақомоти молия муяссар шуд, ки натанҳо ба иҷрои буҷет, балки иҷрои барзиёди он аз рӯи даромадҳо муваффақ шаванд.

Баъдан маълум шуд, ки дар ин масъала ба мақомоти Тоҷикистон Бонки осиёгии рушд ва Иттиҳоди Аврупо бо ҷудо кардани 66 млн. доллари ИМА баҳри дастгирии буҷети давлатӣ кумак кардаанд.

Соли 2016 камбуди буҷети Тоҷикистон беш аз 781 млн. сомонӣ (100 млн. доллар бо қурби аввали соли 2017)-ро ташкил дод.

Аз кадом ҳисоб зиндагӣ дорем?

Дар Вазорати молия сабабҳои онро ба коҳиши идомадоштаи муомилоти моли хориҷӣ нисбат медиҳанд, ки бар асари он маблағҳои пешбинишуда аз пардохтҳои гумрукӣ ворид намешаванд.

Дар Хадамоти гумрук ба як қатор омилҳои ин вазъ, аз ҷумла коҳиши воридоти маҳсулоте, ки истеҳсоли онҳо аллакай дар дохили худи ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст (семент, қолинҳо, масолеҳи сохтмон, маҳсулоти кишоварзӣ, орд ва ғайра), ишора мекунанд.

Ғайр аз ин, бино ба маълумоти Хадамоти гумрук, ба коҳиши ҷамъоварии маблағи боҷҳои гумрукӣ ҳамчунин фаъолияти мавсимии гузаргоҳи марзии «Қулма» дар марзи Тоҷикистону Чин низ таъсир мерасонад, ки дар мавсими зимистон кор намекунад.

Ҳамчунин ба қатори омилҳои манфии таъсиргузор дар ин самт аз қочоқи маҳсулот ба Тоҷикистон аз кишвари ҳамсояи Қирғизистон, мушкилоти марбут ба интиқоли маҳсулот ба ҷумҳурӣ тариқи қаламрави Афғонистон бар асари ноамнии вазъ дар ин кишвар ва ҳамчунин тарифҳои баланди транзитӣ (бахусус тавассути роҳи оҳан) дар Ӯзбекистон низ ном бурда мешавад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳаҷми воридоти мол ба ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 19,4% (131,7 млн. доллар) кам шуда, ҳамагӣ 545,6 млн. долларро ташкил додааст.


Харидор нест

Ба ақидаи таҳлилгарони мустақил, коҳиши мунтазами ҳаҷми воридот ва мутаносибан камшавии ҳаҷми пардохтҳои гумрукӣ ба бад шудани вазъи молиявии тоҷикистониён марбут аст.

- Вазъи некӯаҳволии мардум ба монанди қобилияти пардохтпазирии корхонаву ташкилот ва муассисаҳо тайи ду соли охир ба таври назаррас кам шуд. Мутаносибан ҳам шахсони воқеиву ҳам шахсони ҳуқуқӣ хариди ин ё он маҳсулотро, ки дар бозори мо асосан воридотианд, ба ҷуз маҳсулоти кишоварзӣ,  камтар карданд.

Метавон ҳадди ақал изҳороти сохторҳои давлатӣ дар бораи бекор кардани хароҷоти дуюмдараҷаро ба хотир овард: хароҷоти мошину таҷҳизот, сӯзишворӣ ва ғайра. Дар робита ба камшавии талабот, таҳвилдиҳандагон борро камтар ба ҷумҳурӣ ворид карданд ва ин дар навбати худ ба коҳиши даромади буҷет аз боҷи гумрукӣ боис гардид, - шарҳ дод масъаларо ба «Азия-Плюс» иқтисодчии мустақил Раҳим Каримов.

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон тӯли 2 сол аз ҳисоби коҳиши воридот қариб 1,3 млрд. доллар кам шуд. Ҳаҷми миёнаи моҳонаи воридот аз 358 млн. доллар дар соли 2014 то ба 286 млн. доллар дар соли 2015 кам шуд.

Соли гузашта Тоҷикистон дар як моҳ ба ҳисоби миёна ба маблағи аллакай 250 млн. доллар маҳсулот ворид мекард. Семоҳаи аввали соли ҷорӣ ин нишондиҳанда боз ба миқдори 69 млн. доллар - то 181 млн. доллар (воридоти миёнаи моҳона) кам шуд.

Савол ба миён меояд

Акнун тасаввур мекунем, ки ба ҷуз алюминий, семент ва хушкмева мо дар ниҳояти кор ба истеҳсоли дигар маҳсулот низ оғоз мекунем. Ба гумони ғолиб ҳаҷми воридоти боҷҳои гумрукӣ барои маҳсулоте, ки мо ҳозир ворид мекунем, кам мешавад. Дар идома мувофиқи қоидаи ҳалқа (ба ақидаи Вазорати молия) камбуди буҷет даҳшатовар хоҳад шуд.

Савол: шояд на он миқдор ҳаҷмҳои пардохтҳои гумрукӣ ба нақша гирифта шудааст? Ё ба ҳар ҳол, онҳо наметавонанд сабаби аслии камбуди афзоянда дар буҷет бошанд?

ДАР ҲАМИН ҲОЛ:

Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон ҳудуди 10,5 млрд. сомониро ташкил дод, ки бо қурби ҳозира ба зиёда аз 1,2 млрд. доллар баробар буда, нисбат ба нархҳои қиёсии нишондиҳандаҳои соли 2016 - 6,5% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар сохтори ММД бахши савдо (ба ин бахш таъмири автомобилҳо, асбобҳои маишӣ ва лавозимоти гигиенаи шахсӣ, меҳмонхона ва тарабхонаҳо шомиланд) афзалият дорад, ки 21,4%-ро ташкил медиҳад.

Ҳудуди 19,7%-и сохтори ММД бо шумули энергетика ба соҳаи саноат рост омада, соҳаи кишоварзии маъмулан афзалиятдошта дар сохтори ММД Тоҷикистон (бо шумули шикор, хоҷагии ҷангал, моҳидорӣ ва моҳипарварӣ) алҳол ба 5,4% баробар аст, зеро мавсими киштукор  ҳоло нав оғоз шуд.

Нақлиёт, алоқа, хоҷагии анбор дар сохтори ММД дар семоҳаи аввал 15,1% ва ҳиссаи андозҳо - 12,8%-ро ташкил додаанд.

Соли 2017 афзоиши ҳаҷми ММД дар ҳаҷми 58 млрд. 910 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 9,4% зиёдтар аст.

Соли 2016 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон зиёда аз 53 миллиарду 828 миллион сомониро ташкил дод.