Соли 2016 барои риоя накардани меъёрҳои забони давлатӣ дар Тоҷикистон 69 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз шуда, ҳаҷми умумии ҷаримаҳои онҳо 45 ҳазору 660 сомониро ташкил додааст.
Ба қавли раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, соли гузашта 78 номи корхонаву муассисаҳо, нуқтаҳои фурӯш ва марказҳои хизматгузорӣ мавриди санҷиш қарор гирифта, аз рӯи натиҷаҳои санҷиш онҳо мувофиқи қонун «Дар бораи забони давлатӣ» ҷаримабандӣ ё огоҳ карда шудаанд.
«Ҳаҷми ҷарима барои шахсони воқеӣ 800 сомонӣ ва барои шахсони ҳуқуқӣ 1600 сомониро ташкил медиҳад, - гуфт ӯ дар ин робита. - Фурӯшгоҳи «ASUS», маҷмааи солимии «SPA Ҳаёт», «Рекламная газета» ва ҳатто шуъбаи маорифи ноҳияи Мурғоб миёни ҷаримашудагон ҳузур доранд».
Зимнан зикр гардид, ки дар назди Кумита комиссияи махсусе амал дорад, ки мунтазам маводи нашршуда дар ВАО-и чопӣ ва электронӣ, барномаҳои телевизиону радио дар мавриди риояи меъёрҳои забони тоҷикиро пайгирӣ мекунад ва дар сурати ошкор шудани қонуншиканӣ журналистон ҳам ҷарима мешаванд.
«Ин масъала мавриди баррасии Кумита қарор дорад ва ояндаи наздик мо доир ба он муфассалтар маълумот хоҳем дод», - посух дод Шарофзода ба савол дар бораи мисолҳои мушаххас дар ин маврид.
Раиси Кумита зикр кард, ки айни замон ҳудуди 200 нафар олимони забоншинос, ки 40 нафарашон аъзои комиссияи коршиносон оид ба забони давлатӣ мебошанд, бо Кумита ҳамкорӣ доранд ва соли гузашта Рӯйхати ягонаи номҳои миллии тоҷикиро таҳия намудаанд, ки бар асоси он ояндаи наздик «Фарҳанги тафсири номҳои миллии тоҷикӣ» (ҷудогона барои писарону духтарон) нашр мешавад.