Таҳлили сифати дороиҳои бонкҳои Тоҷикистон, ки айни замон ҷараён дорад, метавонад талаботи нав ба сармоягузориро ошкор намуда, ин буҷетро ба хароҷоти иловагӣ водор месозад.
Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки баъди аз нав сармоягузорӣ намудани ду бонк - “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” нишондиҳандаи кофӣ будани сармоя аз 6%-и моҳи сентябри соли 2016 ба охири сол босураъат то 15% боло рафт.
“Бо вуҷуди беҳбуди нишондиҳандаҳои нақдпазирӣ (ликвидность) аз ҳисоби кумаки таъҷилӣ, тақсими он дар тамоми низом бар асари вазъи номусоиди бозори байнибонкӣ нобаробар боқӣ мемонад”, - қайд мешавад дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Тоҷикистон: Афзоиши устувор бо дурнамои гуногун”.
Дар гузориш таъкид мешавад, ки аломатҳои нахустини буҳрони соли 2016 дар бахши молия ҳанӯз соли 2013 возеҳ буданд, вақте ки нишондиҳандаи қарзҳои аз пардохт канормонда аз 8%-и солҳои 2010-2012 ногаҳон қариб ду баробар - то 15,9% зиёд шуданд.
“Дар як вақт коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия бар асари буҳрони солҳои 2014-2016 ба истеъмоли хусусӣ ва ба ҳадди камтарини ниҳоӣ расидани фоида дар бозори дохилӣ боис гардида, дар натиҷа сифати дороиҳои бонкҳо босуръат манфӣ шуданд ва қарзҳои пардохташон канормонда аз 25%-и соли 2014 дар соли 2016 то 54% расиданд. Нишондиҳандаи кофӣ будани сармояи низоми бонкӣ қариб ду баробар - аз 22,1% дар соли 2013 аввали соли 2016 то ба 11,5% поин рафт”, - қайд мешавад дар гузориш.
Зикр мегардад, ки қодир набудани бонкҳо ба иҷрои уҳдадориҳои худ, Бонки миллиро ба таъини маъмурияти муваққатӣ дар “Фононбонк”, “Тоҷпромбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” водор намуд.
“Сарфи назар аз мушкилоти ҷиддӣ, муносибат ба “Агроинвестбонк” нармдилона буд, ба ин бонк маъмурияти муваққатӣ таъин нашуд”, - гуфта мешавад дар гузориш.
Хотиррасон мешавад, ки муҳлати кори маъмуриятҳои муваққатии зикршуда чандин маротиба дароз шуд, зеро охири соли 2016 ва аввали соли 2017 дар бораи дубора сармоягузорӣ ё барҳамдиҳии бонкҳо тасмим гирифта шуд.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 19 января 2025 года
Что такое хелсизм и чем он опасен? Рассказывает врач из Таджикистана
В Кыргызстане опубликовали декларацию о доходах президента. Сколько он заработал?
Высшая лига Таджикистана подешевела. Сколько стоят таджикские футбольные клубы?
В Тегеране неизвестный застрелил двух судей Верховного суда
Жители села на юге Таджикистана вынуждены использовать талую воду для своих нужд – другой у них просто нет
В угольной шахте в Таджикистане погибли трое горняков
Таджикский футболист Вахдат Ханонов вместе с «Сепаханом» завоевал Суперкубок Ирана
Кабмин Израиля одобрил сделку с ХАМАС о прекращении огня в Газе
Россия и Иран стали «всеобъемлющими стратегическими партнерами». Что это значит?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста