Бо мақсади солимгардонии вазъи кор, ба яке аз бонкҳои дучори мушкилоти Тоҷикистон - «Агроинвестбонк» лозим омад, ки 75 фоизи кормандонашро сабукдӯш кунад.
Аз департаменти таҳлил ва ҳамоҳангсозии филиалҳои ҶСК «Агроинвестбонк» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки мувофиқи санади қабулшуда барои солҳои 2017-2019 дар ин самт, талаботи коҳиши хароҷоти бонк, ки ба таъмини шабакаи филилаҳо, ҳайати кормандон ва дигар моддаҳои хароҷот марбутанд, муқаррар шудааст.
«Ҳамин тариқ, аз оғози сол фаъолияти 103 марказҳои хизматгузории бонкӣ, 5 филиал ва 1 департаменти амалиётӣ боздошта шуд, ки ба туфайли он хароҷот, аз ҷмула коммуналӣ ба таври назаррас кам шуд, - гуфт манбаъ. - Шумори ихтисори кормандони бонк дар ин давра 1520 нафарро ташкил дода, ба санаи 1 октябр ҳайати шахсии кормандони бонк 524 нафар боқӣ монд».
Ба иттилои манбаъ, кормандон музди меҳнатро саривақт гирифта, маош коҳиш наёфтааст, зеро бо назардошти хеле кам шудани ҳайати кормандон, ба ҳайати шахсии боқимонда сарбории корӣ зиёдтар шуд, вале аз соли ҷорӣ пардохти ҳама гуна иловапулиҳо ба кормандони бонк мутаваққиф шудааст.
Айни замон дар «Агроинвестбонк» оид ба мубодилаи асъор, интиқоли маблағ, нигаҳдории чизҳои арзишманд дар сейфҳо, амалиёти марбут ба пардохти қарз , амонатҳо ва ғайра амалиётҳо анҷом дода мешаванд.
«Бо мақсади коҳиши хароҷот, ҳамчунин мутобиқи тавсияҳои Ширкати байнулмилалии консалтингии «Alvarez&Marsal», аз моҳи июл пардохти фоизҳо ба амонатҳои таъҷилӣ боздошта шуда, пардохти воситаҳо ба саҳмдорон марҳила ба марҳила дар ҳудуди имконоти мавҷуда ва мувофиқи рӯйхат сурат мегирад», - қайд карданд дар бонк.
Қобили зикр аст, ки мизоҷони бонк дар як рӯз метавонанд тариқи кортҳои пластиии бонк то 500 сомонӣ маблағ гиранд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.






ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста