Бонки миллии Тоҷикистон ба комилан барқарор шудани эътимоди мардум ба низоми бонкии кишвар баъди чанд соли наздик умедвор аст.

«Давоми солҳои 2019-2020 низоми бонкӣ ба яке аз соҳаҳои эътимодноки кишвар мубаддал мегардад», - гуфт муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев зимни суханронӣ дар палатаи поёнии парлумон.

Ӯ қайд кард, ки тайи ду соли охир буҳрони молии ҷаҳонӣ ба низоми бонкии ҷумҳурӣ таъсири манфӣ расонид.

Ҳамчунин Нуралиев ба қарзҳои пардохтнашуда, ки солҳои пешин аз ҷониби бонкҳои низомсоз дода шуда буданд, ишора кард.

«Масалан, - гуфт ӯ. - 70 фоизи қарзҳои «Агроинвестбонк» замони раҳбарии пешини бонк бидуни ҳеҷ як гарави амвол дода шудааст. Агар мо саривақт назоратро тақвият медодем, шояд ба ин ҳол дучор намешудем».

Ба гуфтаи Нуралиев, тӯли 9 моҳи соли равон ҳаҷми уҳдадориҳои «Агроинвестбонк» назди мизоҷон 800 млн. сомонӣ - аз беш аз 2,4 млрд. сомонӣ то 1,6 млрд. сомонӣ кам шуд.

Ҳамчунин муовини аввали раиси БМТ дастовардҳои дигар бонки дучори мушкилот - «Тоҷиксодиротбонк»-ро, ки чун «Агроинвсетбонк» аз муфлисшавӣ дастгирии молиявии ҳукумат наҷот дод, қайд кард.

Ӯ зикр кард, ки дар 9 моҳи соли равон «Тоҷиксодиротбонк» фаъолияти худро бо фоидаи беш аз 53 млн. сомонӣ ҷамъбаст кард.

Нуралиев таъкид дошт, ки ҳаҷми уҳдадориҳои бонки мазкур назди мизоҷон дар ин давра беш аз 2,2 млрд. - аз қариб 3,9 млрд. сомонӣ то 1,6 млрд сомонӣ кам шуд.

Номбурда изҳор кард, ки кумак ба бонкҳо бо мақсади солимгардонии вазъи молиявӣ ва фаъолияти босуботи онҳо расонида шуда, ба ҳадафҳои дар соли 2017 гузошташуда ноил гардиданд ва аз соли 2018 бояд ба ҷалби сармоягузориҳои иловагӣ оғоз намоянд.

«Раҳбарияти «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» барои пурра баргардонидани маблағҳои мардум ҳамаҷониба талош доранд ва мувофиқи имкон ба ваъдаи додаашон ба Сарвари давлат вафо хоҳанд кард», - гуфт ӯ.